Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1313
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта бо роҳи гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ
100.200.090.
Мутобиқи қисми 5 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАД:
1.Тартиби назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта бо роҳи гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3.Идораи назорати суғуртавӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4.Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, идораи назорати суғуртавӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом вогузор карда шавад.
Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад
ш. Душанбе, аз 29 октябри соли 2024-ум, №78
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 5 декабря 2024 года,
регистрационный номер 1313
ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке контроля соблюдения законодательства в сфере страхования путем проведения проверки субъектов страховой деятельности
100.200.090.
В соответствии с части 5 статьи 34 Закона Республики Таджикистан «О страховой деятельности» Правление Национального банка Таджикистана постановляет:
1. Утвердить Порядок контроля соблюдения законодательства в сфере страхования путем проведения проверки субъектов страховой деятельности (прилагаются).
2. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить управление страхового надзора при государственной регистрации настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости вносить в его текст приложения, изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержание.
4. Возложить исполнение пункта 2 настоящего постановления на секретаря Правления, управление страхового надзора, юридическое управление и отдел прессы.
5. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на заместителя председателя Национального банка Таджикистана Икроми Сироджиддина Салома.
Председатель Правления
Национального банка
Таджикистана Толибзода Фирдавс Назримад
г. Душанбе, от 29 октября 2024 года №78