Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025, № 1575

 

СОЗИШНОМАИ ИЛОВАГӢ БА СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ҲАЙАТИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «АВЕСТО ГУРӮҲ», ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМОНТАЖ» ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ ТАШКИЛОТИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРДИ «ДУШАНБЕ СИТИ» ДАР БОРАИ АМАЛӢ КАРДАНИ ЛОИҲАИ «НИЗОМИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ НАЗОРАТ ВА БАҲИСОБГИРИИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ», КИ 12 ДЕКАБРИ СОЛИ 2019 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИМЗО РАСИДААСТ

Созишномаи иловагии мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:


(1) ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори давлатӣ) ва

(2) КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН дар шахсияти пешбари Консорсиум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ» (минбаъд - Сармоягузор);

МУҚАДДИМА


- бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;

- бо ба инобат гирифтани он, ки Сармоягузор аз ҳисоби маблағҳои худ ва маблағҳои ҷалбшаванда бо мақсади коҳиш додани талафоти техникиву тиҷоратии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ ва таъмин намудани ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷорӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои ҳадафнок ноил гардидааст;

- бо дар назар доштани он, ки аз тарафи Ҳукумат маблағҳои грантӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе дарёфт шудааст;

- бинобар он, ки тибқи зербанди 3.2.3 банди 3.2 моддаи 3 созишномаи сармоягузорӣ вобаста аз оғоз ва анҷоми марҳилаи дуюм муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ метавонад бозбинӣ гардад;

- бо дарназардоштани он, ки барои мувофиқи мақсад будани оғози татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа протоколи музокирот байни Сармоягузор ва мақомотҳои дахлдори давлатӣ аз 1 июли соли 2024 (минбаъд – протоколи музокирот) ба имзо расонида шудааст;

- дар робита ба гуфтаҳои боло ва бо дарназардошти уҳдадориҳои мутақобилаи дар созишномаи сармоягузорӣ муқарраргардида, инчунин манфиати тарафайн Ҳукумат ва Сармоягузор, ки дар якҷоягӣ «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд, ба мувофиқаи зерин расиданд:

МОДДАИ 1 МАВЗУИ СОЗИШНОМА

1. Ба созишномаи сармоягузорӣ тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.1. Дар ном ва матни созишномаи сармоягузорӣ калимаҳои «Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» ба калимаҳои «Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» иваз карда шаванд;

1.2. Дар ном ва дебочаи созишномаи сармоягузорӣ калимаҳои «дар шаҳри Душанбе» ба калимаҳои «дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар марҳилаи дуюм» иваз карда шаванд;

1.3. Сархати дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- Лоиҳа - лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҳия ва ҷорӣ намудани «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар марҳилаҳои дуюм» бо мақсади:

1) дар марҳилаи якум коҳиш додани талафоти техникиву тиҷоратии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ ва таъмини ҷамъоварии самараноку боэътимоди маблағ барои ҳаҷми истифодашудаи нерӯи барқ дар доираи модели молиявӣ;

2) дар марҳилаи дуюм, ки аз ду зермарҳила иборат аст:

- дар зермарҳилаи якуми марҳилаи дуюм коҳиш додани талафоти тиҷоратии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ ва таъмини ҷамъоварии самараноку боэътимоди маблағ барои ҳаҷми истифодашудаи нерӯи барқ дар доираи модели молиявӣ;

- дар зермарҳилаи дуюми марҳилаи дуюм қоҳиш додани талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ дар доираи модели молиявӣ»;

1.4. Сархати панҷуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- Меъёри талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ барои мақсадҳои созишномаи сармоягузорӣ – фарқият байни ҳаҷми қабули нерӯи барқи аз Шабакаҳои интиқоли барқӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар доираи лоиҳа интиқолдодашуда ва ҳаҷми барқи фоиданоки ба истеъмолкунанда дастрасшуда, бо дарназардошти тамоми омилҳои бавуҷудоварандаи фарқияти мазкур, ки бо фоиз инъикос мегардад;»;

1.5. Сархати нуҳуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- Сохтори ваколатдор дар соҳаи тақсимот ва фурӯши нерӯи барқ (сохтори ваколатдор) – Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо сохторҳои дахлдори таҳти идоракунии он қарордошта ва/ё ворисони ҳуқуқӣ ва сессионарҳои он;»;

1.6. Банди 2.2. моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Мутобиқи созишномаи сармоягузорӣ Сармоягузор лоиҳаро дар давоми муҳлати амали он амалӣ менамояд ва Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд. Бозпас гирифтани сармоягузорӣ барои ҳар як марҳилаи лоиҳа дар доираи моделҳои молиявии марҳилаҳои дахлдор алоҳида амалӣ карда мешавад. Дар сурати ба миён омадани шароити мусоиде, ки пеш аз муҳлат баргардонидани сармоягузориро бо дарназардошти фоизи даромаднок имкон медиҳад, сарфи назар аз муҳлатҳои баргардонидани дар моделҳои молиявии марҳилаҳои лоиҳа муқарраршуда, Сармоягузор ҳуқуқ дорад аз ин имконият истифода барад. Ғайр аз он, агар бозпас гирифтани сармоягузориҳо бо фоизи даромадноки он пеш аз муҳлат анҷом дода шавад ё баръакс дар давоми муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ баргардонидани сармоягузориҳо бо фоизи даромданоки он пурра анҷом дода нашавад, муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ метавонад мутаносибан кам ё дароз карда шавад».

1.7. Банди 2.5. моддаи 2 ҳамчун банди 2.6. моддаи 2 ҳисобида шавад;

1.8. Ба моддаи 2 банди 2.5. бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«2.5. Сохтори ваколатдор барои амалисозии самараноки лоиҳа ба Сармоягузор мусоидат менамояд. Амалҳо ё беамалии сохтори ваколатдор, ки боиси дар муҳлати муайяншуда пурра татбиқ нашудани лоиҳа мегардад, асос барои тамдид намудани муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ мегарданд.»;

1.9. Дар банди 3.1. моддаи 3 ҷумлаҳои нав дар таҳрири зерин илова карда шаванд:

«Сармоягузор дорои захираҳои зарурии молиявӣ, технологӣ ва касбӣ барои татбиқи лоиҳа мебошад. Бо қарори муштараки Тарафҳо барои татбиқи зермарҳилаи дуюми марҳилаи дуюми лоиҳа сохтори ваколатдор метавонад имконияти ҷалби маблағгузории берунаро (дар шакли қарз ва/ё грант) баррасӣ намояд. Дар сурати ҷалби чунин маблағгузорӣ, ҳисоб ва муҳлати баргардонидани сармоягузории Сармоягузор дар доираи модели молиявии ин зермарҳила мувофиқа карда мешавад.».

1.10. Банди 3.2. моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳа дар марҳилаи якум 51 000 000 (панҷоҳу як миллион) доллари ИМА ва дар зермарҳилаи якуми марҳилаи дуюм 110 000 000 (яксаду даҳ миллион) доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ҳаҷми маблағгузории зермарҳилаи дуюми марҳилаи дуюми лоиҳа баъд аз татбиқи зермарҳилаи якуми марҳилаи дуюми лоиҳа дар асоси созиши Тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ муайян карда мешавад.»;

1.11. Зербандҳои 3.2.1., 3.2.2 ва 3.2.3. банди 3.2. моддаи 3 хориҷ карда шаванд;

1.12. Зербанди 3.2.4. банди 3.2. моддаи 3 зербанди 3.2.1. банди 3.2. моддаи 3 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3.2.1. Сармоягузор дар марҳилаи якум вазифадор аст, ки таъминоти барномавии низоми биллингиро бо дарназардошти шумораи умумии мизоҷон дар шаҳри Душанбе коркард ва ҷорӣ намояд. Дар марҳилаи дуюм Сармоягузор вазифадор аст, ки таъминоти барномавии низоми биллингиро тибқи шартҳои техникии таҳиякардаи сохтори ваколатдор, ки дорои талаботи қобили қабул ва мутаносиб мебошанд ва эҳтиёҷоти воқеии сохтори ваколатдор ва муштариёнро ба инобат мегиранд, коркард ва ҷорӣ намояд. Дар сурати иҷро нашудани талаботи чунин шартҳои техникӣ, сохтори ваколатдор ва Сармоягузор якҷоя дар бораи зарурати татбиқи таъминоти барномавии алтернативӣ тибқи тартиби дар доираи шартномаи байни Сармоягузор ва сохтори ваколатдор муайянгардида қарор қабул мекунанд.».

1.13. Дар бандҳои 3.4., 3.8., 3.11. моддаи 3 ва 11.5 моддаи 11 калимаҳои «шаҳри Душанбе» ба калимаҳои «ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар марҳилаи дуюм» иваз карда шаванд;

1.14. Сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми банди 3.8. моддаи 3 сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 3.9. моддаи 3 ҳисобида шаванд;

1.15. Банди 3.10. моддаи 3 банди 3.11. моддаи 3 ҳисобида шавад;

1.16. Банди 3.10 моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3.10. Тарифҳои нерӯи барқ, ки дар модели молиявии лоиҳа муайян шудаанд, аз тарафи сохтори ваколатдор пешниҳод шуда, ҳамчун тарифҳои заминавӣ барои ҳисобӣ намудани арзиши нерӯи барқ дар доираи лоиҳа истифода бурда мешаванд. Ҳаҷми маблағҳо барои бозпас гирифтани сармоягузорӣ дар асоси тарифҳои модели молиявӣ ташаккул меёбанд.

Дар ҳолати мутобиқат накардани тарифҳои амалкунанда бо тарифҳои дар модели молиявӣ муайянгардида, Сармоягузор ва сохтори ваколатдор фарқияти онро муайян намуда, ин фарқият аз ҳисоби сохтори ваколатдор ба Консорсиуми сармоягузорон дар қисмати бозпас гирифтани сармоягузорӣ пардохт карда мешаванд.»;

1.17. Банди 3.11. моддаи 3 банди 3.12. моддаи 3 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Сармоягузор бо мақсади сари вақт татбиқ намудани лоиҳа мустақилона таҳвилгарони мол, кор ва хизматрасониро интихоб менамояд.»;

1.18. Рақамгузории бандҳои моддаи 3 матни созишномаи сармоягузорӣ бо забони русӣ ба рақамгузории бандҳои моддаи 3 матни созишномаи сармоягузорӣ бо забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад;

1.19. Банди 6.5. моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ҳукумат бо он розӣ мешавад, ки сертификатҳои андозагирӣ ва санҷиши эътимодноки ибтидоии нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқӣ ва асбобҳои дигари ченкунандаи истеҳсолкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, ҳар андозагирӣ ва санҷиши эътимодноки минбаъдаи ҳисобкунакҳои барқӣ ва асбобҳои дигари ченкунандаи истеҳсолкунанда тибқи тавсияҳои истеҳсолкунанда гузаронида мешаванд.».

1.20. Банди 6.17. моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мувофиқи шартномаи амалкунанда байни Сармоягузор ва сохтори ваколатдор ё бо роҳи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он бо мақсади амалисозии лоиҳа ҷиҳати ноил гардидан ба ҷамъоварии ҳаҷми назарраси маблағҳо аз истифодаи нерӯи барқ ва кам кардани талафоти техникию тиҷоратии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар зермарҳилаи якуми марҳилаи дуюм, Сармоягузор дар асоси лоиҳаи таҳияшуда ҳисобкунакҳои барқӣ ва инфрасохтори дигари дахлдорро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ тибқи Замимаи 1 дар марҳилаи дуюм таҷдид ё пурра аз нав менамояд.»;

1.21. Дар банди 6.18 моддаи 6 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳамчунин дар шартномаи мазкур меъёри дохилии даромад (IRR) барои марҳилаи дуюми лоиҳа ва масъалаҳои дигари дар протоколи музокирот пешбинишуда мавриди танзим қарор мегиранд».

1.22. Дар банди 8.1 моддаи 8 рақам ва калимаи «5 (панҷ)» ба рақам ва калимаи «15 (понздаҳ)» иваз карда шаванд;

1.23. Рақамгузории бандҳои моддаи 9 матни созишномаи сармоягузорӣ бо забони русӣ ба рақамгузории бандҳои моддаи 9 матни созишномаи сармоягузорӣ бо забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад;

1.24. Дар банди 14.2. моддаи 14 баъд аз калима ва аломати «иқтисодӣ,» калима ва аломати «эпидемия,» илова карда шаванд;

1.25. Банди 18.2 моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«18.2 Муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ аз санаи аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани созишномаи иловагии мазкур ба созишномаи сармоягузорӣ 15 (понздаҳ) солро ташкил медиҳад.».

1.26. Моделҳои молиявии лоиҳа тасдиқ карда шаванд (Замимаи 2).

МОДДАИ 2 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

2.1. Созишнома иловагии мазкур аз санаи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

2.2. Созишномаи иловагии мазкур дар шаҳри Душанбе 4 феврали соли 2025 дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофи назар вобаста ба шарҳи муқаррароти Созишномаи иловагии мазкур, матн бо забони тоҷикӣ афзалият хоҳад дошт.



АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


_________ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур

АЗ НОМИ КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН


Директори генералии

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди

«Авесто Гурӯҳ»


 ____________ Мирзо Муҳамад Файзуллозода




Утвержден
постановлением Маджлиси
намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2025 года №1575


Дополнительное соглашение к Инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью Микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года


Прилагается на тадж.яз