ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019, ки 4 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити»-ро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2025, № 1575
Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О ратификации Дополнительного соглашения к Инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью Микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года
В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан и статьёй 13 Закона Республики Таджикистан «Об инвестиционном соглашении» Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Ратифицировать Дополнительное соглашение к Инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью Микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года, подписанное 4 февраля 2025 года в городе Душанбе.
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Консорциум инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Групп», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью микродепозитная организация «Душанбе Сити» о ратификации Республикой Таджикистан настоящего Соглашения.
Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли РеспубликиТаджикистан М.Зокирзода
г. Душанбе, 26 февраля 2025 года, №1575