Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 аз 3 январи соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025, № 1574
тасдиқ шудааст

Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019

Созишномаи иловагии мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:


(1) ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва

(2) ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ТОҶИКСЕМЕНТ» (минбаъд - Сармоягузор), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад;

МУҚАДДИМА

-бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;

-бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои дар созишномаи сармоягузории иловагии мазкур пешниҳодгардида сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодро ҳавасманд гардонида, татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақа мусоидат менамояд;

-бо дар назар доштани он, ки амали созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта, ки 10 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ), тибқи моддаи 27 бинобар гузаштани муҳлати амали он қатъ мегардад;

-вобаста бо гуфтаҳои боло ва бо дар назар доштани уҳдадориҳои мутақобила, ки дар созишномаи иловагии мазкур муқаррар гардидаанд, ҳамчунин манфиати мутақобила аз он, Ҳукумат ва Сармоягузор (ки дар маҷмӯъ «Тарафҳо» ва дар алоҳида «Тараф» номида мешаванд) ба мувофиқаи зерин расиданд:

1.Ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 тағйироти зерин ворид карда шаванд:

-дар банди 2.3.3. моддаи 2 рақами «100» ба рақами «180» иваз карда шавад;

-дар банди 27.3. моддаи 27 рақам ва калимаи «5 (панҷ)» ба рақам ва калимаи «10 (даҳ)» иваз карда шаванд.

2.Созишнома иловагии мазкур аз санаи нашр шудани қарор дар бораи тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

Созишномаи иловагии мазкур дар шаҳри Душанбе санаи 3-юми январи соли 2025 дар 2 (ду) нусхаи асл ба забони давлатӣ ба имзо расонида шуд.



АЗ НОМИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Раиси Кумитаи давлатии

сармоягузорй ва идораи амволи

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур

АЗ НОМИ

ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ТОҶИКСЕМЕНТ»


Директори генералии

Ҷамъияти саҳомии кушодаи

«Тоҷиксемент»


Ибодуллозода Олим



Утвержден
постановлением Маджлиси
намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2025 года №1574


Дополнительное соглашение к Инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Закрытым акционерным обществом «Таджикцемент» о строительстве и введении в эксплуатацию заводов по производству цемента, строительно-бетонных материалов и мешков от 10 июня 2019 года


Прилагается на тадж.яз