×

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳомии пӯшидаи "Тоҷиксемент" оид ба Сохмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Тасдиқ карда шуд

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2019 № 1425

 

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳомии пӯшидаи "Тоҷиксемент" оид ба Сохмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта

Созишномаи мазкур байни Тарафҳои зерин баста шудааст:

1) ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд "Ҳукумат"), ки аз номи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори давлатӣ) баромад менамояд ва 

2) ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӯШИДАИ "ТОҶИКСЕМЕНТ", ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда таъсис ёфта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 212/5 ба қайд гирифта шудааст.

 

МУҚАДДИМА

A. Бо дар назар доштани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тодикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ва "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ";

Б. Бо эътирофи он ки низоми имтиёзҳо ва раванди мусоидаткунӣ ба сармоягузор дар Созишномаи сармоягузории мазкур пепшиҳодгардида бояд сармоягузориҳои ҳусусӣ ва рушди иқтисодиро ҳавасманд гардонида, ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ замина мегузорад;

B. Бо мақсади рушд додани соҳаи саноат, таҳкими иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои кории нави доимӣ барои шаҳрвандон аз ҷониби корхонаи сементбарорӣ;

Г. Бо дар назар доштани он, ки тибқи Созишномаи мазкур Сармоягузор уҳдадориҳоро ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи сармоягузорӣ дар давоми муҳлат ва мақсадҳои дар Созишномаи мазкур муайянгардида иҷро менамояд;

Д. Бо дар назар доштани он ки аз ҷониби Сармоягузор ҷиҳати амалишавии Лоиҳа истифода бурдани қувваи кории маҳаллии мавҷуда, ки дорои малакаи дахлдори корӣ, таҷриба ва тахассуси мувофиқ барои амалишавии Лоиҳа мебошад, роҳандозӣ гардида, барои шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд;

Е. Бо дар назар доштани он ки амалишавии Лоиҳаи сармоягузорӣ набояд ба муҳити зист ва амнияти экологии минтақа зарар расонад;

Ё.  Бо дар назар доштани уҳдадориҳои мутақобила, ки дар Созишномаи мазкур муқаррар гардидаанд, Ҳукумат ва Сармоягузор (ки дар маҷмӯъ "Тарафҳо" ва дар алоҳидагӣ "Тараф" номида мешаванд) ба мувофиқаи зайл расиданд;

МОДДАИ 1 МАФҲУМҲО

1.1. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур мафҳумҳои овардашуда маънои зеринро ифода мекунанд:

- Созишномаи сармоягузорӣ - Созишномаи байни Ҳукумат ва Сармоягузор баимзорасонидашуда оид ба амалишавии Лоиҳаи сармоягузорӣ;

- иҷозатҳои лоиҳавӣ - тамоми намудҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, иҷозатдиҳӣ, иҷозатномаҳо, иҷозатҳо барои корҳои сохтмонӣ, санадҳо, маъқулкунӣ, тасдиқномаҳо, шаҳодатномаи бақайдгирӣ, сертификатҳо, огоҳиномаҳо, имтиёзҳо, раводид, барасмиятдарорӣ, ҷудо кардани қитъаи замин ва ҳуқуқ барои убур, ки тибқи муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда талаб карда мешаванд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ - Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Лоиҳа - лоиҳаи сармоягузории сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хароҷоти воқеии лоиҳавӣ - арзиши умумии хароҷоте, ки барои татбиқи Лоиҳа зарур аст, аз ҷумла маблағҳои қарзӣ ва фоизҳои онҳо барои идоракунии ҷараёни иҷрои корҳо аз рӯи Лоиҳа харҷнамудаи Сармоягузор;

- қонунгузории татбиқшаванда - ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тағйироти қонунгузорӣ - ҳама гуна тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;

- санаи эътибор пайдо намудан - санаи қабул гардидани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур;

- қитъаи лоиҳавӣ - қитъаҳои замине, ки барои татбиқи Лоиҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба Сармоягузор ҷудо карда мешавад;

- асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ) - ҳуҷҷате, ки бояд тамоми ҷанбаҳои дорои аҳамияти муҳим барои татбиқи Лоиҳаро бо дарназардошти меъёрҳои ҳатмии қонунгузории татбиқшаванда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хӯрокворӣ ва бехатарии саноатӣ дар бар гирифта, мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тартиб дода шавад;

- созишномаи пудратӣ - ҳамаи созишномаҳое, ки Сармоягузор бо як ё якчанд Пудратчӣ барои тарҳрезӣ, сохтмони объектҳои Лоиҳа, иҷрои корҳо дар рафти амалишавии Лоиҳа бастааст ё мебандад;

- Пудратчӣ, Пудратчиён - ҳар шахси ҳуқуқӣ ё воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентие, ки Сармоягузор бо як ё якчанд Пудратчӣ барои тарҳрезӣ, омӯзиши геологӣ, истихроҷ, сохтмон, нозирот ва иҷрои корҳои дар рафти татбиқи Лоиҳа талабшаванда интихоб намудааст;

- тарафи сармоягузор - сармоягузор ва ҳама гуна тарафҳои дигар, ки тавассути воридшавӣ ба сармояи оинномавии Сармоягузор сармоягузор (ҳамсармоягузор) ё қарздиҳандаҳои Сармоягузор мешаванд;

- ҳолати рафънопазир (форс-мажор) - ҳолате, ки аз иродаи Тарафҳо вобаста намебошад, аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ, ҳолати фавқулодда, офатҳои табиӣ (заминларза, вулқон, обхезӣ, сӯхтор ва тӯфони сахт), ҷанг, исён, инқилоб, амалиёти низомӣ ва таҳдиди бевоситаи ҳуҷум, ки метавонанд ба татбиқи Лоиҳа таъсир расонанд;

- Ҳукумат - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сармоягузор - ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Тоҷиксемент", ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда таъсис ёфта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 212/5 ба қайд гирифта шудааст;

 - таҷрибаи байналмилалӣ - таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, усул, стандартҳо ва расмиёти умумиэътирофгардида ва ба андозае дар таҷрибаи байналмилалӣ истифодашаванда (аз ҷумла оид ба ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, амният, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, кор ва одоби рафтор), ки ба муқаррароти Созишномаи мазкур ё қонунгузории татбиқшаванда мухолифат надоранд;

 - Тараф, Тарафҳо - дар қисми муқаддимавӣ пешбинишуда;

- кормандони хориҷӣ - ҳайати кормандони хоридии сатҳи идоракунанда ва ҳайати техникии Сармоягузор, ки табқи эҳтиёҷот ва дар асоси муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда барои амалишавии Лоиҳа ҷалб карда мешаванд.

МОДДАИ 2 АМАЛИШАВИИ ЛОИҲА

2.1. Бо мақсади амалишавии муқаррароти Созишномаи мазкур лоиҳаи сармоягузории "Сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта"-ро бо шартҳои сохтмон, соҳибмулкӣ ва истифодабарӣ анҷом медиҳад.

2.2. Барои амалигардонии чунин мақсадҳо Сармоягузор манбаъҳои зарурии молиявӣ, технологӣ, кадрӣ ва дигар манбаъҳоро ҷудо менамояд ва Ҳукумат бо дарназардошти таҷрибаи Сармоягузор дар амалишавии чунин Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он реҷаи махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозбандӣ ва гумрукиро барои амалигардонии лоиҳаи мазкур, ки тафсири он дар Пешниҳоди Лоиҳавӣ омадааст, манзур намояд.

2.3. Марҳилаҳои асосии амалишавии Лоиҳа.

2.3.1. Марҳилаи 1-уми Лоиҳаи "Сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта" аз санаи оғози корҳо, аз ҷумла интихоби майдони сохтмон, таҳияи асноди сохтмонӣ, сохтмон ва васлу насби маҷмааи иншооти техникӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

2.3.2. Марҳилаи 2-юми Лоиҳа аз санаи оғози истеҳсолот cap карда, то рехтан ва бастабандии маҳсулот, фурӯш ва содироти он иборат мебошад.

2.3.3. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалишавии Лоиҳа 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи истеҳсоли семент ба 1,2 млн. тонна ва халтаҳои саноатӣ ба 80 млн. дона баробар мешавад.

2.4. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки тамоми кӯшишҳои заруриро баҳри таъмини самараноки татбиқи Лоиҳаи сармоягузории зикргардида мувофиқи шартҳо ва муҳлатҳои дар Созишномаи мазкур муайянкардашуда ба харҷ диҳанд.

2.5. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур санаи оғози корҳо санаи оғози таҳияи АТИ ҳисобида мешавад. Сармоягузор Ҳукуматро дар бораи санаи оғози таҳияи АТИ огоҳ менамояд.

2.6. Сармоягузор барои тарҳрезӣ, сохтмон, васлкунӣ, ба кор даровардан, истифода, хизматрасонии техникии иншоотҳои Лоиҳа ва амалӣ намудани ҳамаи ҷузъиёти Лоиҳа мутобиқи нақшаҳои муфассал ва таснифот, шартҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (аз ҷумла ҳамаи замимаҳо ба он), қонунгузории татбиқшаванда дар соҳаи амалишавии лоиҳаҳои кӯҳкорӣ ва сохтмонӣ масъул мебошад.

2.7. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои худ Сармоягузор метавонад ширкати лоиҳавӣ ва ё пудратчии (пудратчиҳои) маҳаллӣ ё хориҷиро интихоб намояд ва ҳамаи созишномаҳоро бо чунин ширкати лоиҳавӣ ё пудратчӣ (пудратчиён) банданд. Ҳеҷ кадом таъиноти ягон пудратчӣ тибқи Созишномаи мазкур Сармоягузорро аз масъулият, вазифа ва уҳдадории дар назди Ҳукумат доштааш, ки мувофиқи Созишномаи мазкур ба вуҷуд меояд, озод намекунад.

2.8. Сармоягузор дар майдони сохтмонӣ риояи меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда таъмин мекунад.

2.9. Ҳангоми амалишавии Лоиҳа Сармоягузор тамоми талабот оид ба ҳифзи муҳити зистро, ки бо қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд. АТИ, ҳуҷҷатҳри лоиҳавии таҳиягардида бояд фаслҳоро оид ба ҳифзи муҳити зисти дар қонунгузории татбиқшаванда пешбинишударо дар бар гирифта бошанд.

2.10. Ҳукумат ҳуқуқ дорад дар кадом вақте, ки бошад, ҷараёни татбиқи Лоиҳаро аз тарафи Сармоягузор, пудратчиён бо мақсади таъмини мувофиқати онҳо ба Созишномаи мазкур, нақшаҳои муфассалу таснифот ва қонунгузории татбиқшаванда санҷад.

2.11. Ҳаҷми сармоягузориҳои ҳарсола ба татбиқи Лоиҳа, ки бояд аз ҷониби Сармоягузор амалӣ карда шаванд ва муҳлати ворид шудани онҳо дар АТИ ва ҷадвали лоиҳавӣ муайян карда мешаванд.

2.12. Ҳаҷми маҳсулоти аз ҷониби Сармоягузор коркард ва содиршаванда дар АТИ ва созишномаҳои барои таҳвил, ки аз тарафи Сармоягузор бо шахсони сеюм ба имзо расонида мешаванд, муайян карда мешавад.

2.13. Сармоягузор ба пуррагӣ оид ба рафти сохтмонӣ Объектҳои Лоиҳа масъул мебошад. Ҳукумат ба Сармоягузор ҷиҳати пешниҳоди ҳамаи иҷозатҳои лоиҳавӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд. Баъд аз ба анҷом расонидани сохтмонӣ объектҳои Лоиҳа онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ҳамчун моликияти Сармоягузор ба расмият дароварда мешаванд ва Ҳукумат барои чунин барасмиятдарорӣ мусоидат менамояд. Тамоми хароҷоти марбут ба чунин барасмиятдарории ҳуқуқи моликият (боҷҳои зарурии давлатӣ ва сохторӣ) аз ҷониби Сармоягузор мувофиқи тарофаҳои дар санаи чунин барасмиётдарорӣ мавҷудбуда пардохт карда мешавад.

МОДДАИ 3 САРМОЯГУЗОРӢ

3.1. Тарафҳо розӣ мешаванд, ки Сармоягузор ҳуқуқи ҷалб намудани маблағҳо барои маблағгузории Лоиҳа бо истифодаи тамоми воситаҳои қонуниро дорад, аз ҷумла бе маҳдудият, ҷалби сармоя бо роҳи баровардани коғазҳои қиматнок/вомбаргҳо, ба амал баровардани сармоягузорӣ ба сармояи оинномавӣ/иштирок дар сармоя ва гирифтани қарзҳо. Инчунин Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои мақсадҳои Лоиҳа Сармоягузор ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои худӣ, ба монанди ҷалб намудани қарзи соҳибкорӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак бо шахсони сеюм ва/ё истифодаи қарзҳое, ки аз ҷониби шахсҳои сеюм тибқи қонунгузории татбиқшаванда дода мешаванд, дорад.

3.2. Иловатан ба уҳдадориҳои умумӣ оид ба пешниҳод намудани маълумоти оморӣ Сармоягузор тибқи қонунгузории ҷорӣ уҳдадор аст, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи семоҳаро оид ба амалишавии Лоиҳа, аз он ҷумла бо қайди маблағи сармоягузориҳои барои мақсади Лоиҳа воридкардашуда дар муддати 15 рӯз аз санаи анҷоми семоҳаи ҳисоботӣ пешниҳод намояд.

МОДДАИ 4 АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ

4.1. Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ бояд тамоми паҳлуҳои техникӣ (истеҳсолӣ), экологӣ, иқтисодӣ (тиҷоратӣ) ва масъалаҳои устувории татбиқи Лоиҳаро дар бар гирад. Барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ Сармоягузор метавонад мутахассисону коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд.

4.2. Дар муддати 90 рӯз пас аз эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур Сармоягузор бояд асосноккунии техникӣ-иқтисодии Лоиҳаро таҳия намуда, як нусхаи онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд.

4.3. Бо дар назар доштани сатҳи дониш ва технологияҳое, ки Сармоягузор дар соҳаи ба Лоиҳа вобастабуда доро мебошад, инчунин сатҳи ночизи хавфҳои экологӣ ва технологӣ дар доираи Лоиҳа ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, Тарафҳо розӣ мешаванд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодие, ки аз ҷониби Сармоягузор таҳия карда шудааст, барои баҳогузории эҳтимоли амалӣ гардидани Лоиҳа кифоя мебошад.

4.4. Дар сурате, ки натиҷаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ нисбати амалӣ намудани Лоиҳа манфӣ барояд ё ҳолатҳое пайдо шаванд, ки тибқи онҳо амалӣ намудани Лоиҳа ба ақидаи ҷониби таҳиякунанда/техникии Лоиҳаи сармоягузорӣ амалан ғайриимкон мегардад, дар чунин ҳолат Ҳукумат ҳуқуқ дорад, ки бо салоҳдиди худ амалӣ Созишномаи мазкурро бе уҳдадориҳо ва таҳримҳо нисбати Сармоягузор қатъ намояд.

4.5. Лоиҳа бояд тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ амалӣ гардонида шавад.

МОДДАИ 5 ҚИТЪАҲОИ ЛОИҲАВӢ

5.1. Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ мутобиқи ҳаҷм ва хусусиятҳои нақшаи Лоиҳа (минбаъд - қитъаҳои Лоиҳа) сохта мешавад.

5.2. Мақомоти ваколатдори соҳавӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва Созишномаи мазкур ба Сармоягузор ҷиҳати гирифтани сертификатҳо ва шаҳодатномаҳои зарурӣ барои қитъаҳои лоиҳавӣ мусоидат менамояд.

5.3. Мақоми дахлдори давлатӣ бояд бақайдгирии ҳуқуқҳои муҳлатнок, бемуҳлат ва озод аз тамоми маҳдудиятҳои Сармоягузорро нисбати қитъаҳои лоиҳавӣ бо роҳи дастрас намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда зарур мебошанд, аз ҷумла Шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба номи Сармоягузор, ки ҳуқуқи онро нисбати қитъаҳои лоиҳавӣ дар доираи Созишномаи мазкур тасдиқ мекунанд.

5.4. Ҳукумат ба Сармоягузор тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати дастрас намудани иҷозатҳои зарурӣ барои истифодабарии қаър (қум, санг, ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар канданиҳои фоиданок), коркардҳои карерӣ ва дигар корҳои геологие, ки ба қонунгузории татбиқшаванда дар бораи ташхиси экологӣ мухолиф намебошанд ва барои сохтмон ва ба истифода додани Лоиҳаи сармоягузорӣ зарур мебошанд, мусоидат менамояд.

5.5. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ бояд ба Сармоягузор ҷиҳати ба даст овардани тамоми иҷозатномаҳои зарурӣ барои дастрасӣ ба шабакаи барқӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат намоянд. Сармоягузор ӯҳдадор аст, ки тамоми хароҷоти зарурии техникиро барои дастрасӣ ба шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва инфрасохтори тақсимкунанда бо дар назар доштани зиёд шудани иқтидори истеъмоли барқ аз ҳисоби худ анҷом диҳад.

МОДДАИ 6 ИҶОЗАТНОМАҲО

6.1. Ҳукумат ба воситаи Мақомоти давлатии ваколатдор амал намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ тамоми иҷозатномаҳои барои татбиқи Лоиҳа заруриро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшаванда ба Сармоягузор пешниҳод намояд. Ҳукумат бояд азнавбақайдгирӣ, иваз ё тамдид намудани муҳлати амали тамоми иҷозатномаҳои барои татбиқи самараноки лоиҳаҳо заруриро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшаванда анҷом диҳад, аз ҷумла бе маҳдудият:

- шаҳодатномаи бақайдгирии қитъаҳои лоиҳавӣ, шартномаҳо дар бораи иҷораи муҳлатноки истифодаи қитъаи замин, корхонаҳои сохташаванда ва иншоотҳои бо онҳо алоқаманд, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, коммуникатсияҳо, ҳама намуди ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ба монанди ҳуқуқи сервитут, ҳуқуқи истифодаи хати ҷудошуда ва ғайраҳо, ки ба Лоиҳа алоқаманд ва зарур мебошанд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқҳоро бе истисно ба қитъаҳои лоиҳавӣ, корхона ва/ё Лоиҳа тасдиқ мекунанд;

 - иҷозатномаҳои зарурӣ барои сохтмони корхона ва иншооти ба он алоқаманд, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, гиреҳҳо, гузаронидани коммуникатсияҳои алоқаманд, инчунин гирифтани ҳамаи иҷозатҳо, ташхисҳо ва мувофиқаҳои мақомоти давлатӣ вобаста ба Лоиҳа ва лоиҳакашии корхона;

 - иҷозатномаҳо барои истеҳсол, фурӯш ва содироти маҳсулот;

 - иҷозатнома барои насб, танзим ва таъмини таҷҳизот;

 - иҷозатнома барои истифодаи маводи тарканда дар марҳилаи сохтмон аз рӯи Лоиҳа;

- иҷозатнома барои корфармоии кормандони хориҷӣ, рухсатии корӣ, раводидҳои корӣ, квотаҳои зарурӣ барои корфармоии шаҳрвандони хориҷӣ;

- иҷозат барои воридоти таҷҳизот, маҳсулот ва дигар молу мулк, ки барои Лоиҳа ва иншоотҳои ба он алоқаманд зарур мебошанд;

- иҷозат барои дастрасӣ ба шабакаҳои обтаъминкунӣ, обтақсимкунӣ ва пайвастшавӣ ба хатҳои барқ, барои кандани чоҳҳои чуқур, насб намудани таҷҳизоти иловагии барқӣ, аз ҷумла трансформаторҳо ва кабелҳои барқӣ, сохтмони истгоҳҳои обтозакунӣ, гузаронидани қубурҳо ва кандани нақбҳо ва иҷозат барои сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои фурӯши маҳсулот;

 - мувофиқаҳо ва хулосаҳои мақомотҳои зидди сӯхтор ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ, хулосаҳои ташхиси экологӣ;

- иҷозат ва хулосаҳои мақомотҳои давлатӣ нисбати асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва дигар хуҷҷатгузории хусусияти лоиҳавӣ-теникӣ дошта;

- иҷозат барои таъсис додани амбори гумрукӣ дар қитъаҳои лоиҳавӣ;

- бақайдгирии тамғаҳои молӣ, ҳуқуқҳои эҷодӣ, намунаҳои саноатӣ ва дигар ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии Сармоягузор оид ба амалӣ намудани Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷозат барои интиқоли техникаи вазнин ба қитъаҳои лоиҳавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷозат барои истифодаи низоми алоқаи каӣҳонӣ, телефонҳо, низоми моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS), технологияҳои тадқиқи фосилавӣ тибқи талаботҳои Лоиҳа;

- дигар намуди иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

6.2. Ҳукумат тамоми иҷозатномаҳои дар боло зикргардида ва заруриро тибқи қонунгузории татбиқшаванда дар муддати 60 (шаст) рӯз аз санаи пешниҳод намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ медиҳад ва дар ҳолати дархост шудан аз ҷониби Сармоягузор иваз, азнавтасдиқкунӣ ва тамдиди ҳамаи рухсатномаҳо, иҷозатномаҳо, мувофиқаҳо, шартҳои техникӣ, ташхисҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки барои сохтан ва ба истифода додани корхона, истеҳсол, фурӯш ва содироти маҳсулот зарур мебошанд, анҷом медиҳад.

6.3. Барои татбиқи саривақтӣ ва фаъолияти самараноки Лоиҳа тибқи қонунгузории татбиқшаванда ба Сармоягузор ҳудуди истифодабарии кони оҳан ва дигар канданиҳои фоиданок ва минералҳои лозима барои истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

6.4. Сармоягузор дар доираи Созишномаи мазкур ҳуқуқи истифодаи қитъаи лоиҳавӣ ва иҷрои лоиҳаро бо шартҳои сохтмон, соҳибмулкӣ ва истифода намудан дорад.

6.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба Сармоягузор барои дастрас намудани иҷозатномаҳо ва рухсатномаҳои лозима аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат менамояд.

МОДДАИ 7 МУБОДИЛАИ АСЪОР ВА АМАЛИЁТҲОИ БОНКӢ

7.1. Дар робита ба амалишавии Лоиҳа Сармоягузор ҳуқуқ дорад, пардохтҳоро ба Пудратниёну шарикони хориҷӣ ва ё қарздиҳандагон бо асъори хориҷӣ анҷом диҳад, даромади Сармоягузорро бо асъори хориҷӣ ба хориҷи кишвар аныом диҳад, дар робита ба амалишавии Лоиҳа озодона асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар асъор тавассути бонк мубодила намояд ва дар асоси гуфтаҳои боло Ҳукумат бояд ба Сармоягузор тамоми кӯмакҳои одилонаеро, ки аз ҷониби Сармоягузор ҷиҳати гирифтани иҷозатномаҳои ба Лоиҳа алоқаманди вобаста ба асъор ва мубодилаи он дархост карда мешавад, аз мақомоти дахлдори давлатӣ, аз он ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Тоҷикистон расонад.

7.2. Бо шарти риоя шудани муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда, Сармоягузор ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои бонкиро дар бонкҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва барои маблағгузории Лоиҳа аз ҷониби шахсони сеюм зарур мебошанд, ба номи худ ё ба номи дигар ширкатро дорад.

 7.3. Сармоягузор ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи худ дорад ва тамоми хароҷоти маҳаллиро ба воситаи чунин суратҳисобҳо анҷом медиҳад.

МОДДАИ 8 АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО

8.1. Сармоягузор дар давраи амали Созишномаи мазкур аз пардохтҳои гумрукӣ, бод ва пардохтҳои андозҳои зерин озод карда мешавад:

1) андоз аз арзиши иловашуда ва бодҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти молу ашёи хом бевосита ба коркард ё дигар эҳтиёҷоти амалшнавии Созишномаи мазкур, воридоти техникаю таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ёрирасон, воситаҳои нақлиёти боркаш ва махсус, маснуоти такмилӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, масолеҳи сохтмон ва дигар молҳое, ки бо мақсади амалишавии Лоиҳаи мазкур ворид карда мешаванд, инчунин молу мулки шахсии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаи кормандони хориҷии Сармоягузор. Номгӯй ва миқдори молҳои воридшаванда тибқи номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хоридӣ дар давоми 60 (шаст) рӯз аз лаҳзаи ба Ҳукумат муроҷиат кардани Сармоягузор аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда мешавад;

2) андоз аз фоида;

3) андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ - ғайрирезидент.

8.2. Сармоягузор ва иштирокчиёни дигари Лоиҳа тамоми муқаррароти қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя мекунанд ва тамоми андозҳо ва пардохтҳои гумрукиро тибқи қонунгузории татбиқшавандаи дар лаҳзаи имзои Созишномаи мазкур амалкунанда, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Созишномаи мазкур пардохт менамоянд.

8.3. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои Созишномаи мазкур қабул гардида, шароити амалишавии Лоиҳаи сармоягузориро вазнин мекунанд, дар муҳлати амали Созишномаи мазкур 6а Сармоягузор ва иштирокчиёни лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ намешаванд.

8.4. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки баъди ба охир расидани муҳлат ва ё қатъ гардидани Созишнома мутобиқи шартҳои дар он дарҷёфта, нисбати Сармоягузор ва пудратчиёну пудратчиёни ғайриасосӣ талаб карда намешавад, ки андозу боҷҳоеро, ки аз пардохтҳои гумрукӣ онҳо мутобиқи шартҳои қонунгузории татбиқшаванда дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур озод карда шуда буданд, пардохт намоянд.

8.5. Дар сурати аз ҷониби Сармоягузор пардохт гардидани маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташуда нисбат ба маблағи андози барои давраи ҳисоботӣ ҳисобшуда, ба ҳисоби уҳдадориҳои оид ба андоз барои давраҳои пешина, инчунин ба ҳисоби пардохт аз рӯи дигар андозҳо гузаронида мешаванд.

МОДДАИ 9 НАРХҲО ВА ТАНЗИМИ ОНҲО

9.1. Бо дар назар доштани он ки нархи маҳсулот дар асоси талаботи бозорӣ ва иқтидори харидории истеъмолкунандагон муқаррар карда мешавад, Сармоягузор пурра аз меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда, ки нархҳо ва тарифҳоро ба маҳсулот муқаррар мекунад ва ҳар санадҳои дигар мақомоти давлатӣ озод карда мешаванд, ба истиснои қонунгузории андоз ва зиддиинҳисорӣ.

9.2. Ҳангоми ба даст даровардани мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор дар ҳамаи марҳилаҳои амалисозии Лоиҳа барои Сармоягузор риояи талаботи меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла мувофиқакунӣ ва танзимкунии нархҳо ба маҳсулот, инчунин гирифтани розигии пешакӣ ҷиҳати ташкилкунӣ, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва инчунин ҳангоми хариди саҳмия (ҳиссаи ширкат) дар сармояи оинномавии субъектони хоҷагидор, ки дар доираи амалисозии Лоиҳа фаъолият мекунанд, бастани созишномаҳо ва ё аҳдҳои маҳдудкунандаи рақобат, ҳамчунин дар мавриди хариди дороиҳо ва/ё ҳуқуқҳои дигар субъектони хоҷагидор ҳатмӣ мебошад.

МОДДАИ 10 КИРОЯИ КОРМАНДОН

10.1. Барои сохтмони объектҳои Лоиҳа ва таъмин намудани фаъолияти корхона Сармоягузор хизматрасонии Пудратчиён ва коргарони дорои малакаи дахлдор, баландихтисос ва соҳибтаҷрибаро истифода мебарад. Дар ҳар вақт дар давоми муҳлати амали Созишномаи мазкур на камтар аз 90 фоизи ҳисоби умумии кормандоне, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва амалишавии Лоиҳаро анҷом медиҳанд (новобаста аз он ки чунин коргарон корманди ҳайати Сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

10.2. Ҳангоми зарурат Сармоягузор барои иҷрои кор дар доираи Созишнома, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон ё амалишавии Лоиҳа ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ киро кунад.

10.3. Ба Сармоягузор квотаи муҳоҷират ва ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонунгузории татбиқшаванда муқаррар намудааст, дахолат намекунад.

10.4. Сармоягузор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи тахассусии кормандони маҳаллиро бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равона кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару давраҳои омӯзишию таълимӣ ҳам дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он такмил диҳад.

10.5. Сармоягузор уҳдадор мебошад, ки қонунгузории татбиқшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртакунӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони дар доираи Лоиҳа ҷалбгардида, ки дар санаи ба миён омадани уҳдадориҳо амал мекунад, риоя намояд.

МОДДАИ 11 ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ БА МОЛУ МУЛК, 3АХИРАҲО ВА ҲУҚУҚҲО

11.1. Сармоягузор нисбати корхона, таҷҳизот, техника, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулки вориднамудаи худ ва ё дар рафти амалишавии Лоиҳа ташкилдода, инчунин маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, ҳуқуқи пурраи соҳибмулкиро дорад. Истисно хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизоти барқӣ, ки дар доираи Лоиҳа ва аз ҳисоби маблағҳои лоиҳавӣ бунёд карда мешаванд ва дар ҳудуди марзии иншооти лоиҳавӣ ҷойгир намебошад, ба моликияти сохтори ваколатдори соҳавӣ интиқол дода мешавад.

11.2. Сармоягузор ҳуқуқи озодона итиёрдорӣ намудани тамоми молу мулки дар амалишавии лоиҳа ба даст омадаро дорад.

11.3. Сармоягузор бояд ҳимояи махсуси ҳуқуқҳоро ба қитъаҳои лоиҳавӣ, аз он ҷумла бе маҳудият ва бе монеа амалисозии ҳуқуқи мустақилона истифодабарии онҳоро дошта бошад.

11.4. Сармоягузор метавонад молу мулки худро, аз он ҷумла бо мақсади ҷалб кардани сармоягузориҳо барои Лоиҳа дар шакли қарзҳои аз ҷониби тарафҳои сеюм додашаванда ба гарав гузорад ва ё ба тариқи дигар иваз кунад.

11.5. Сармоягузор хуқуқи пурра ва номаҳдудро ба маҳсулоте, ки дар рафти амалисозии Лоиҳа ба даст оварда шудааст, дорад. Сармоягузор метавонад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даромади дар рафти амали Лоиҳаҳо бадастомадаро ба шахсони сеюм интиқол диҳад.

11.6. Сармоягузор ҳуқуқи пурра ва номаҳдудро ба ахбор ва маъяумотҳое, ки дар рафти амалишавии Лоиҳа ба даст омадаанд, дорад. Ҳукумат дар тамоми маврид эътироф ва ҳимояи тамғаи молӣ, ҳуқуқҳои муаллифӣ, намунаҳои саноатӣ ва дигар ҳуқуқҳои зеҳнии Сармоягузор, инчунин ҳуҳуқи Сармоягузорро ба савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ, намунаҳои саноатӣ ва дигар ҳуқуқҳои зеҳнӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, агар ҳуқуқҳои зеҳнии дахлдор тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба қайд гирифта шуда бошад.

МОДДАИ 12 СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ, ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА САЛОМАТӢ

12.1. Сармоягузор уҳдадор аст, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолшавандаро бо сертификати пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ба ин навъи маҳсулот таъмин намояд. Ҳукумат тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷиҳати саривақт гирифтани сертификат барои маҳсулот аз тарафи мақоми дахлдори давлатӣ мусоидат мекунад.

 12.2. Сармоягузор кафолат медиҳад, ки пудратчиёни асосӣ меъёрҳои қонунгузории татбиқшавандаро вобаста ба ҳифзи муҳити зист риоя мекунанд ва Лоиҳаро тавре амалӣ месозанд, ки:

- эҳтимолияти расонидани зарари экологӣ ба муҳити зист ҳарчи камтар гардад;

 - партовҳои истеҳсолӣ бехатар ва босамар дар корхона нест карда шаванд.

12.3. Мақоми дахлдори давлатӣ бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин (дар давоми асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ) ба Сармоягузор оид ба ҳар ҷиҳатҳои экологӣ ё масъалаҳои муҳити зист, ки метавонанд ба Лоиҳа таъсири худро расонанд, барои аз тарафи Сармоягузор муқаррар намудани имконияти амалисозии Лоиҳаҳо пешниҳод кунад.

12.4. Сармоягузор уҳдадор аст, ки пудратчиёни асосӣ ва пудратчиёни ғайриасосӣ меъёрҳоро оид ба ҳифзи саломатӣ, ки бо қонунгузории татбиқшаванда муқаррар гардидаанд, ҳангоми гузарондани тамоми корҳои вобаста ба сохтмон ва ҳамчунин истифодабарии корхона риоя намоянд. Сармоягузор ҳамчунин уҳдадор аст аз ҷониби пудратчиёни асосӣ ва пудартчиёни ғайриасосӣ риоя гардидани қонунгузории татбиқшавандаро оид ба меҳнат, саломатӣ ва бехатарӣ кафолат диҳад.

МОДДАИ 13 СУҒУРТА

13.1. Сармоягузор ҳуқуқ дорад ҳама гуна навъи суғуртаро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ шудааст, дар ширкатҳои суғуртавии маҳаллӣ ё хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок ба расмият дарорад.

МОДДАИ 14 ҲИСОБОТДИҲӢ ВА МУҲОСИБОТ

14.1. Сармоягузор бояд пешбурди пурра ва дурусти ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва маълумот оид ба Лоиҳаро кафолат диҳад ва нигоҳдошти муносиби онҳоро дар идораи бақайдгирифташудаи худ ба роҳ монад.

14.2. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки ба мақоми салоҳиятдори давлатӣ оид ба масъалаҳои идоракунии маъмурӣ ва молиявӣ ҳар семоҳа дар муҳлати 15 рӯз баъд аз итмоми семоҳаи ҳисоботӣ ҳисобот пешниҳод намояд. Ин гуна ҳисобот бояд ҳисоботи молиявӣ барои семоҳа, -тавсифот оид ба асосноккунии техникӣ - иқтисодии татбиқшаванда, ҳамчунин дигар маълумоти дорои хусусияти молиявӣ ва амалиётиро дар бар гирад.

14.3. Уҳдадориҳои Сармоягузор оид ба пешниҳод намудани ҳисоботҳо дар чаҳорчӯбаи Созишномаи мазкур замима ба дигар уҳдадориҳо оид ба пешниҳод кардани ҳисобҳо, ки бо қонунгурзории татбиқшаванда пешбинӣ шудааст, мебошад.

МОДДАИ 15 УҲДАДОРИҲОИ УМУМИИ САРМОЯГУЗОР

15.1. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки: - лоиҳаро бо дарназардошти асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, мутобиқи таҷрибаи пешқадаме, ки Сармоягузор онро дорад, ҳамчунин бо риояи меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда, аз он ҷумла қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист амалӣ намояд;

- мутобиқи Созишномаи мазкур барои амалишавии самарабахши Лоиҳа масъул бошад, аз он ҷумла барои таъмини маблағгузорӣ, воридоти техника, таҷҳизот, технологияи муосир ва ҷалби кормандони соҳибтахассус, ки барои амалишавии саривақтӣ ва бомуваффақи он заруранд;

- дар давраи амалисозии лоиҳа қонунгузории татбиқшавандаро нисбати ҳамаи кормандон ва машваратчиёни худ, ки дар доираи Лоиҳа ҷалб гардидаанд, риоя намояд, ҳамчунин аз имтиёзҳои бо Созишномаи мазкур пешбинишуда танҳо барои мақсадҳои Лоиҳа ва ҳамчунин намудҳои фаъолияти бо Лоиҳа алоқамандбуда истифода барад.

15.2. Тарафҳо розӣ мешаванд, ки уҳдадориҳои дар боло зикргардида ва дигар уҳдадориҳое, ки дар қисматҳои дигари Созишномаи мазкур зикр гардидаанд, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва муқаррароти Созишномаи мазкур илова ба уҳдадориҳои умумии Сармоягузор мебошанд.

МОДДАИ 16 КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ НИСБАТИ САРМОЯГУЗОР

16.1. Бо мақсади сари вақт ва самаранок татбиқ гардидани лоиҳа, Ҳукумат мустақилона ё тавассути мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолият намуда, ба равандҳои зерин мусоидат менамояд:

 - риояи пурра ва иҷрои саривақтии муқаррароти Созишномаи мазкур аз ҷониби тамоми мақомоти масъули давлатӣ барои амалисозии Лоиҳа;

 - воқифсозии мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур.

16.2. Ҳукумат иловатан ба Сармоягузор кафолат медиҳад:

 - ҳимоя аз амалҳои Ҳукумат ё дилхоҳ мақомоти дахлдори давлатӣ, аз пасткунии арзиши маблағгузории Сармоягузор дар рафти амалисозии Лоиҳа;

- ягон навъи экспроприатсия, реквизитсия ё милликунонии моликияти Сармоягузор гузаронда намешавад. Муқаррароти мазкур бидуни истисно ба қитъаҳои лоиҳавӣ, Лоиҳа, корхона ва дигар дороиҳои Сармоягузор паҳн мегардад;

- ҳуқуқи амалисозии фаъолияти тиҷоратӣ дар асоси шартномавӣ, озодии интихоби контрагентҳо аз рӯи шартномаҳо ва объектҳои шартнома, озодии интихоби қонунгузории танзимкунанда аз рӯи шартнома, юрисдиксия ё мақомоти ҳакамӣ ё дигар тарзҳои ҳалли баҳсҳо, озодии муайянкунии уҳдадориҳо ва дилхоҳ шартҳои дигари шартнома;

- ҳуқуқи машғул шудан ба дилхоҳ навъи фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки метавонад барои ноил шудан ба мақсадҳои Лоиҳа зарур бошад, ҳуқуқи амалисозии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, амалиётҳои содиротӣ ва воридотӣ;

- ҳукуқи сармоягузорӣ ва такроран сармоягузорӣ намудани даромаде, ки аз Лоиҳа ба даст оварда шудааст.

16.3. Ҳукумат иловатан тасдиқ мекунад ва кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳукуқ дорад натиҷаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла сармоягузории такрорӣ ва амалиёти тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намуда, даромади худро дар дилхоҳ шакл, тибқи талаботи қонунгузории татбиқшаванда маҳсулот, мол ва/ё хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардидааст, ба хориди кишвар бароранд.

16.4. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳуқуқ дорад фоидаи худро ба дилхоҳ асъори хоридӣ табдил диҳад, аз он ҷумла:

- фоидае, ки дар натиҷаи фурӯши пурра ё қисми ҳиссаи иштироки он дар Корхона дар давоми амалисозии Лоиҳа ё баъди ба итмом расидани он ё баъди қатъ гардидани он ба даст оварда шудааст;

- фоидае, ки дар натиҷаи бегонакунии моликият ё ҳуқуқҳои Самоягузор, ки дар раванди амалисозии Лоиҳа ташкил ёфтаанд.

16.5. Ҳукумат ба ҳама гуна мутахассисон ва кормандон шаҳрвандони хориҷие, ки дар амалишавии Лоиҳа иштирок мекунанд, аз ҷумла пудратчиён, муҳандисони лоиҳа, муҳандисони мустақил ва ба ҳама гуна тибқи қонунгузории татбиқшаванда раводиди дахлдор медиҳад.

16.6. Ҳукумат бояд ба Сармоягузор шароити на бадтар аз шароитҳоеро, ки ба дигар сармоягузорон дар вазъияти шабеҳ нисбат ба ташкилдиҳӣ, бадасторӣ, васеъкунӣ, идоракунӣ, амалисозии фаъолият, истифодабарӣ ва фурӯш, содирот ва дигар навъи тақсимкунии сармояҳо дар ҳудуди худ додааст, фароҳам оварад, аз он ҷумла муносибати боадолатона, баробар, ҳимояи пурра ва бехатарии сармоягузориҳоро таъмин кунад.

МОДДАИ 17 ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ҲУКУМАТ

17.1. Иловатан ба ҳуқуқҳое, ки дар қисматҳои дигари Созишномаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- иттилоот дар бораи рафти амалишавии Лоиҳаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои барои санҷиши риояи шарту муқаррароти Созишномаи мазкур заруриро талаб намояд;

- ба Сармоягузор тавсия ва пешниҳодотро, ки ба баланд бардоштани самаранокии Лоиҳа равона карда шудааст, манзур намояд;

- дар ҳолати риоя нагаштани шартҳои Созишномаи мазкур ва сари вақт иҷро нагардидани уҳдадориҳои тибқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Сармоягузор гирифташуда, пас аз огоҳӣ муваққатан фаъолияти Сармоягузорро маҳдуд созад ё амали Созишномаро қатъ намояд.

17.2. Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, дар давоми амалишавии Лоиҳа мақомоти дахлдори давлатӣ берун аз талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба фаъолияти хоҷагидории Сармоягузор дахолат намекунанд.

МОДДАИ 18 УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФАЙН

18.1. Тарафҳо бояд мубодилаи маълумоти ба Лоиҳа дахлдорро бо дар назар доштани муқаррарот дар бораи маълумоти махфӣ ба амал бароранд. Лунин маълумот метавонад аз маълумотҳои ба ҳама дастраси оморӣ, таҳлилҳо, натиҷаи тадқиқотҳои маркетингӣ, инчунин маълумот дар бораи қонун ё санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати Лоиҳа татбиқ карда мешаванд, иборат бошад.

18.2. Тарафҳо пурра дар доираи Лоиҳа ҳамкорӣ мекунанд ва барои ин мақсад тамоми манбаъҳои доштаро истифода мекунанд ва барои асос Созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшавандаро истифода мекунанд. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳо ва манфиатҳои умумӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро саривақт иҷро намоянд.

МОДДАИ 19 МАЪЛУМОТИ МАХФӢ

19.1. Дар доираи Созишномаи мазкур "Маълумоти махфӣ" маънои маълумотеро дорад, ки аз ҷониби Сармоягузор дар шакли хаттӣ ҳамчун махфӣ ё ин ки аз рӯи хусусияти худ ҳамчун сирри тиҷоратӣ (новобаста аз тарзи додан ё ҳифзи чунин маълумот) қайд карда шудааст, аз ҷумла бе маҳдудият:

- ҳамаи маълумоти вобаста ба таҳия, сохтмон, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ, фаъолияти техникӣ ва дигар намуди фаъолияти Сармоягузор, ки ба Ҳукумат пешниҳод карда мешавад, аз ҷумла асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, асосноккунии техникӣ-иқтисодии пешакӣ новобаста аз тасдиқ шудани онҳо, навгониҳо ва тағйиру иловаҳое, ки дар лаҳзаи дахлдор қувва доранд;

- маълумот оид ба алоқаҳои тиҷоратӣ, молу мулк, дороиҳо, таҷрибаи тиҷоратӣ, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ноухау, маълумот оид ба кормандон, муштариён, пудратчиён ва таҳвилгарони Сармоягузор ва дигар маълумотҳои махфии тиҷоратӣ ва шахсии Сармоягузор.

19.2. Ҳукумат набояд Маълумоти махфии тиҷоратиро бе розигии пешакии хатии Сармоягузор ба истиснои ҳолатҳои дар Созишномаи мазкур пешбинишуда ва диҳати ҳалли баҳсҳо, ба шахсони сеюм бидиҳад ё ифшо намояд.

МОДДАИ 20 ТАЛАФОТ ВА ҶУБРОН

20.1. Ҷуброни зарар аз ҷониби Сармоягузор.

20.1.1. Илова ба воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҳукумат, ки бо Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд (ба он дарадае, ки онҳо ҳамчун воситаи ягонаи ҳифзи ҳуқуқҳои Ҳукумат пешбинӣ нашуда бошанд), аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур ва дар давоми муҳлати амали он Сармоягузор барои ҳамагуна уҳдадориҳо, зарар, хароҷот ё хароҷоти тибқи Созишномаи мазкур сарфкарда ё ба уҳдагирифтаи Ҳукумат, аз ҷумла онҳое, ки боиси марг ё ҷароҳат бардоштани шахсон, инчунин расонидани зарар ба молу мулк гардида, дар натиҷаҳои амалҳои зерин ба вуҷуд омадаанд, масъул мебошанд:

- зоҳир намудани беэҳтиётии дағалона ё рафтори ношоями барқасдона аз ҷониби Сармоягузор;

- дар робита ба ҳар вайронкунии кафолат, таҳрифи далелҳо ё риоя накардани ягон муҳлат, шарт, уҳдадорӣ ё вазифа, ки тибқи Созишномаи мазкур бояд аз ҷониби Сармоягузор иҷро шаванд;

- амалӣ намудани Лоиҳаи сохтмон ё истифодаи объектҳои Лоиҳа аз ҷониби Сармоягузор дар давоми муҳлати амали Созишномаи мазкур, аз ҷумла ҳар гуна масъулияти экологӣ ё риоя накардани қонуни экологӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи банди 20.2.1.

20.1.2. Сармоягузор зарари ба Ҳукумат расондашударо пурра ҷуброн менамояд ва вобаста ба уҳдадориҳо, зарар ва хароҷоте, ки дар натиҷаи ягон амал ё беамалии банди 20.1.1. зикргардида ба миён меоянд, роҳ намедиҳад. Лекин ҷуброни зарар аз ҷониби Сармоягузор нисбат ба ягон намуди уҳдадориҳо, зарар, даъво ва хароҷот (ё агар ҳар гуна талабот нисбат ба онҳо) агар онҳо бо амал ё беамалии Ҳукумат ё аз ҷониби Ҳукумат наандешидани чораҳо барои коҳиш додани чунин зарар ва хароҷот вобаста бошанд, паҳн намегардад. Новобаста ба ҳар муқаррароти хилофи ин, ки дар банди 21.1. (ҳолати рафънопазир) зикр шудааст, ҷуброни зарар аз ҷониби Сармоягузор нисбат ба ҳар гуна талаботи вобаста ба зарар, зиён, фавт, ҷароҳати ҷисмонӣ, уҳдадориҳо ё хароҷот тибқи қонунгузории амалшаванда амалӣ мегардад.

20.2. Ҷуброни зарар аз ҷониби Ҳукумат.

20.2.1. Илова ба воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи Сармоягузор, ки дар Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд (ба он дараҷае, ки онҳо ҳамчун воситаи ягонаи ҳифзи ҳуқуқҳои Сармоягузор пешбинӣ нашуда бошанд), аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур дар давоми муҳлати амали он Ҳукумат барои тамоми ва ҳама гуна уҳдадориҳо, зарар, хароҷот ё хароҷоти тибқи Созишномаи мазкур ба уҳда гирифта ё сарфкардаи Сармоягузор, аз ҷумла онҳое, ки боиси марг ё ҷароҳат бардоштани одамон, инчунин расонидани зарар ба молу мулк гардида, дар натиҷаи амалҳои зерин ба вудуд омадаанд, масъул мебошад:

 - бо сабаб, дар натиҷа ва дар робита бо ҳар вайронкунии кафолат, таҳрифи далелҳо ё риоя накардани ягон муҳлат, шарт, уҳдадорӣ ё вазифа, ки тибқи Созишномаи мазкур бояд аз ҷониби Ҳукумат иҷро шаванд.

20.2.2. Ҷуброни зарар аз ҷониби Ҳукумат нисбат ба ягон намуди уҳдадориҳо, зарар ва хароҷот (ё ҳар гуна талабот нисбат ба онҳо), агар онҳо бо амал ё беамалии Сармоягузор ё аз ҷониби Сармоягузор наандешидани чораҳо барои коҳиш додани чунин зарар ва хароҷот вобаста бошанд, паҳн намегардад. Новобаста ба ҳар муқаррароти хилофи ин, ки дар банди 20.1. зикр шудааст, нисбат ба ҳар гуна талаботи вобаста ба зарар, зиён, фавт, ҷароҳати ҷисмонӣ, уҳдадориҳо ё хароҷот, агар Сармоягузор нисбат ба ин масъала мутобиқи шартҳои ҳар Созишномаи дигар, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро дар бар мегирад, ҷуброн гирад, ҷуброни зарар аз ҷониби Ҳукумат ба амал бароварда намешавад.

20.2.3. Уҳдадориҳои ниҳоии умумии Сармоягузор ва Ҳукумат тибқи бандҳои 20.1. ва 20.2. аз хароҷоти лоиҳавии арзёбӣ зиёд нестанд.

МОДДАИ 21 ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (форс-мажор)

21.1. Тарафҳо аз масъулият барои иҷро накардан ё боздоштани иҷрои ҳамагуна уҳдадорӣ дар доираи ҳамин Созишнома озод карда мешаванд, агар чунин иҷро накардан ё боздоштан ба ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) алоқаманд бошанд. Давраи чунин иҷро накардан ё боздоштан ва даврае, ки барои рафъи зиёни дар ҳолати мазкур расонидашуда зарур аст, ба муҳлати барои иҷрои уҳдадорӣ зарурӣ ва ба давраи муқаррар ва пешбининамудаи Созишномаи мазкур ҷиҳати иҷрои ҳамагуна уҳдадориҳо ё татбиқи ҳама гуна ҳуқуқе, ки ба чунин уҳдадориҳо вобаста мебошанд, илова карда мешавад.

21.2. Тарафе, ки боздоштани уҳдадории худро дар доираи Созишномаи мазкур вобаста ба ҳолатҳои форс-мажор тақозо менамояд, бояд:

- бетаъхир ва агар имконпазир бошад, дар давоми 3 (се) рӯз Тарафи дигарро оид ба рух додани ҳодиса ва ё ҳолати дахлдор ва ҳаҷми иҷро накардан ё боздоштан фавран огоҳ созад ва сипас тасдиқи хаттии чунин огоҳсозиро ирсол намояд;

- барои ислоҳи вазъ ва рафъи сабабҳои ҳолати рафънопазир тамоми тадбирҳои оқилона ва қонуниро анҷом диҳад;

- пас аз бартараф гардидани ҳолати рафънопазир ё ба охир расидани он фавран Тарафи дигарро огоҳ намуда, барои оғози иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи мазкур, дар муҳлатҳои имконпазири кутоҳтарини баъди рафъи чунин ҳолат ё ба охир расидани ҳолатҳои рафънопазир чораҳои қобили қабул андешад.

21.3. Дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои рафънопазир, ки ба яке аз Тарафҳо имконияти пурра ё қисман иҷро кардани уҳдадориҳои худро намедиҳад, муҳлати иҷрои уҳдадориҳо бояд то санаи дигари бо ризоияти Тарафҳо дар шакли илова ба Созишномаи мазкур муайянкардашуда дароз карда шавад, ба шарте, ки Тарафи дигар дар ин бора дар муҳлати кутоҳтарин огоҳ карда шавад.

21.4. Дар сурати қатъ шудани амалишавии Лоиҳа бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир дар тӯли на зиёда аз 3 моҳ, муҳлати идомаи Лоиҳа бояд ба ҳамин муддат дароз карда шавад. Агар ҳолатҳои рафънопазир дар тӯли зиёда аз 3 моҳ идома ёбад, Тарафҳо бояд муҳлати мавқуфро тамдид кунанд ё ин ки Созишномаро бо ризоияти Тарафҳо қатъ намоянд.

21.5. Агар бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир, ба ақидаи Сармоягузор амалишавии минбаъдаи Лоиҳа ғайриимкон гардад ва Сармоягузор аз уҳдаи амалишавии минбаъдаи Лоиҳа набароянд ё иҷро намудани уҳдадориҳо аз ҷониби Сармоягузор тибқи Созишномаи мазкур ғайриимкон шавад, Сармоягузор метавонад аз пешбурди минбаъдаи Лоиҳа бе ягон ҷавобгарӣ даст кашад. Дар чунин ҳолат Сармоягузор тибқи қонунгузории татбиқшаванда бо мақсади ҷуброн намудани талафоти худ ҳуқуқи гирифтан, иҷора намудан, содирот ва фурӯши ҳама намуд дороиҳои худро ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорад. Дар чунин ҳолат Ҳукумат бояд ба Сармоягузор мусоидати зарурии худро расонад.

21.6. Тарафҳо розӣ мешаванд, ки дар ҳар вақт, ҳолати рафънопазир барои талаб намудани ҷуброн асос нахоҳад гардид.

МОДДАИ 22 УСТУВОРИИ МУҚАРРАРОТИ СОЗИШНОМА

22.1. Ҳукумат ба Сармоягузор кафолат медиҳад, ки дар давраи муҳлати амали Созишномаи мазкур устувории муқаррароти ҳуқуқӣ, андозӣ ва иқтисодиро, ки Созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ намудаанд ва аз санаи эътибор пайдо кардани Созишнома амал мекунанд, таъмин хоҳад кард. Сармоягузор Созишномаи мазкурро бо дарназардошти чунин низоми ҳуқуқӣ, андозӣ ва иқтисодӣ ба имзо расонидааст, ки аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур амал мекунад.

22.2. Тарафҳо розӣ мешаванд, ки Сармоягузор, пудратчиён ва пудратчиёни ғайриасосӣ қонунгузории татбиқшавандаро бо дар назар доштани тағйироту иловаҳои ба он воридашаванда дар вақти амалӣ намудани лоиҳа риоя менамояд.

22.3. Ба муқаррароти зикршуда нигоҳ накарда, иловаҳои ба қонунгузории татбиқшаванда, ки пас аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур ворид карда мешаванд, ба имтиёзҳои дар доираи Созишномаи мазкур додашаванда таъсир намерасонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин иловаҳо ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои иловагӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андозиро пешбинӣ намоянд.

22.4. Ҳукумат бо шарти риояи муқаррароти Созишномаи мазкур тасдиқ менамояд, ки ҳамагуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳама гуна мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки бо ин ё он усул ҳуқуқ ва манфиатҳои тибқи Созишномаи мазкур ба Сармоягузор фароҳамоварда ё ба таври дигари қонунӣ аз ҷониби Сармоягузор тибқи Созишномаи мазкур бадастовардаро вайрон мекунанд ё маҳдуд месозанд, нисбат ба Сармоягузор ҷиҳати иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи мазкур татбиқ намегарданд.

МОДДАИ 23 ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО

23.1. Ҳеҷ гуна тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур эътибор надоранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо ба тариқи хаттӣ мувофиқа шуда, аз ҷониби Тарафҳо ё аз номи ҳар як тарафи Созишномаи мазкур имзо гардидаанд ва мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда тасдиқ карда шудаанд.

МОДДАИ 24 ҚАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМА

24.1. Бе расонидани зарар ба дигар муқаррарот вобаста ба бекор кардани Созишномаи мазкур, Созишномаи мазкур метавонад бо розигии Тарафайн дар шакли хаттӣ бекор карда шавад.

24.2. Созишномаи мазкур фақат дар ҳолатҳои зерин яктарафа бекор карда шавад:

1) Бо ташаббуси Ҳукумат дар ҳолате, ки агар Сармоягузор ба таври дахлдор яке аз шартҳои Созишномаи мазкурро алалхусус шартҳоро вобаста ба муҳлат ва андозаи сармоягузориҳо бо сабаби вобаста аз Сармоягузор иҷро накунад;

2) Бо ташаббуси Сармоягузор:

- агар Ҳукумат ё мақомоти давлатии дигар ба амалишавии Лоиҳа монеа ва мушкилот эҷод намоянд;

- агар Ҳукумат ё мақомоти давлатии дигар уҳдадориҳои дар доираи Созишномаи мазкур қабулнамудаи худро иҷро накунанд;

- агар тибқи ҳисоботи Сармоягузор пас аз 1 (як) соли имзои Созишномаи мазкур аён гардад, ки Лоиҳа бо сабабҳои вобаста аз Ҳукумат ё мақомоти давлатии дигар ба амал бароварда намешавад.

24.4. Бо мақсади пешгирӣ намудани тафсири нодуруст дар вақте, ки сармоягузориҳои анҷомдодашуда ба нишондиҳандаҳои ҳисобӣ наздик мешаванд, он барои қатъи амали Созишнома сабаб шуда наметавонад.

24.5. Амали Созишномаи мазкур пас аз ба анҷом расидани муҳлати амали он дата мегардад.

24.6. Амали Созишномаи мазкур метавонад бо мувофиқаи Тарафҳо, инчунин бо асосҳои дигари пешбининамудаи Созишномаи мазкур пеш аз муҳлат қать карда шавад.

МОДДАИ 25 ҚОНУНГУЗОРИИ ТАНЗИМШАВАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО

25.1. Созишномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ ва тафсир карда мешавад.

25.2. Доир ба ҳар баҳсҳое, ки байни Тарафҳо бар асос ё вобаста ба Созишномаи мазкур ба миён меоянд, бояд огоҳиномаи хаттӣ ирсол карда шуда, ба он иттилооти муфассал ворид гардад. Тарафҳо то қадри имкон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки чунин баҳсҳоро бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароранд.

25.3. Агар баҳс бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар муддати 6 (шаш) моҳ аз санаи ирсоли огоҳиномаи хаттии дар банди 26.2 зикргардида ҳаллу фасл нагардад, он гоҳ баҳс барои баррасӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Тарафҳо инчунин метавонад ба яке аз арбитражҳои хориҷӣ муроҷиат намоянд.

25.4. Арбитраж инҳоро ба асос мегирад:

- Созишномаи мазкур;

- қонунгузории татбиқшаванда;

- қоидаҳо ва шартҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба сармоягузорӣ.

25.5. Ҳалномаи арбитраж қатъӣ ва иҷрои он аз ҷониби ҳарду Тараф ҳатмӣ мебошад. Ҳар Тараф уҳдадор мешавад, ки ҳалномаи арбитражро қабул ва иҷро намоянд ва дар ин асос аз ҳамагуна воситаҳои ҳимоя дар асоси масунияти соҳибихтиёрӣ нисбати молу мулки мазкур ва/ё иҷрои маҷбурӣ даст кашанд.

МОДДАИ 26 ОГОҲНОМА ВА МУРОСИЛОТ

26.1. Ҳама гуна огоҳнома ё дигар иттилооте, ки дар доираи Созишномаи мазкур ба Ҳукумат ё Сармоягузор пешниҳод мегардад, бояд дар шакли хаттӣ сурат гирад. Агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, чунин огоҳинома ё дигар иттилоот ба таври дахлдор пешниҳодгардида ба ҳисоб меравад, агар он бевосита ё тавассути почта ё иттилооти факсимилӣ ба суроғаи ҳуқуқии Тарафи дахлдор фиристода бошад.

МОДДАИ 27 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

27.1. Барои додани қувваи қонунӣ ба кафолату ҳуқуқҳои Сармоягузор ва Лоиҳа додашаванда, инчунин амалӣ намудани муқаррарот оид ба устуворӣ Созишномаи сармоягузории мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

27.2. Созишномаи сармоягузории мазкур аз санаи нашр шудани қарор дар бораи тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

27.3. Муҳлати амали Созишномаи мазкур 5 (панҷ) солро аз санаи эътибор пайдо кардани он ташкил медиҳад.

27.4. Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе "10" июни соли 2019 дар 2 (ду) нусхаи асл ба забони давлатӣ ба имзо расонида шуд.

АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 АЗ НОМИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӯШИДАИ "ТОҶИКИСТОН"