ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025
Мутобиқи моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳисоботи тасдиқшуда, маҷмӯаи «Фонди ягонаи давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба ҳолати 1 январи соли 2025 нашр намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 224
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
Об отчете о наличии земель, распределении их по категориям, видам и землепользователям республики по состоянию на 1 января 2025 года
В соответствии со статьей 5 Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить отчёт о наличии земель, распределении их по категориям, видам и землепользователям республики по состоянию на 1 января 2025 года (прилагается).
2. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан на основе утвержденного отчёта издать сборник «Единый государственный земельный фонд Республики Таджикистан» по состоянию на 1 января 2025 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2025 года №224