ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 220
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ОБЪЕКТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК»
Моддаи 1. Моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897; с. 2020, №1 мод. 28) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ
Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан «О промышленной безопасности опасных производственных объектов»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан «О промышленной безопасности опасных производственных объектов» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2025 года №220
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ПРОМЫШЛЕННОЙ БЕЗОПАСНОСТИ ОПАСНЫХ ПРОИЗВОДСТВЕННЫХ ОБЪЕКТОВ»
Статья 1. Статью 8 Закона Республики Таджикистан «О промышленной безопасности опасных производственных объектов» от 28 февраля 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 46; 2005 г., №12, ст. 648; 2007 г., №6, ст. 438; 2008 г., №6, ст. 456, №10, ст. 815; 2013 г., №12, ст. 897; 2020 г., №1, ст. 28) изложить в следующей редакции:
«Статья 8. Разрешительные документы в области промышленной безопасности
Выдача разрешительных документов в области промышленной безопасности осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан