ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 дар солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷаи онҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 222
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Среднесрочной программе развития таможенных органов Республики Таджикистан на 2025-2029 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Среднесрочную программу развития таможенных органов Республики Таджикистан на 2025-2029 годы и План действий Среднесрочной программы развития таможенных органов Республики Таджикистан на 2025-2029 годы в 2025-2027 годах (приложения 1 и 2).
2. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и об их результатах ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпyблики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2025 года №222