ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд
Мутобиқи қисми 4 моддаи 328 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии андози иҷтимоии ихтиёран аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ пардохтшуда ва нафақаи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшавандаро тибқи тартиби муқарраргардида ба амал бароранд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 118
...