Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2025, №56 "Дар бораи Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсияи муҳосиби касбӣ ва барномаи электронии баҳисобгирии муҳосибӣ"

Санаи амалкуни: 04.09.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 июли соли 2025, №1349 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсияи муҳосиби касбӣ ва барномаи электронии баҳисобгирии муҳосибӣ
070.010.000.


Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 тасдиқ гардидааст,


ФАРМОИШ  МЕДИҲАМ:


1.Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсияи муҳосиби касбӣ ва барномаи электронии баҳисобгирии муҳосибӣ, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3.Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2012, №36 «Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсиякунонии муҳосибони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2012, № 652 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст аз эътибор соқит дониста шавад.

4.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири молия - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор


ш. Душанбе, аз 9 июни соли 2025, №56 

 


Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 9 июля 2025 года, №1349

МИНИСТЕРСТВО ФИНАНСОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке выдачи сертификата и условий сертификации профессионального бухгалтера и электронной программы бухгалтерского учёта
070.010.000.

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан «О бухгалтерском учёте и финансовой отчётности», статьи 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» и пунктом 12 “Положения Министерства финансов Республики Таджикистан”, утвержденного Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2015 года №187,

РАСПОРЯЖАЮ:

1.Утвердить Порядок выдачи сертификатов и условий сертификации профессионального бухгалтера и электронной программы бухгалтерского учёта (прилагается).

2.Настоящее распоряжение предоставить в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести его в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Признать утратившим силу распоряжение Министра финансов Республики Таджикистан от 29 мая 2012 года за №36 «Порядок выдачи сертификата и условий сертификации профессиональных бухгалтеров Республики Таджикистан», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 28 августа 2012 года за № 652.

4. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра финансов - отраслевого куратора.

Министр финансов Республики Таджикистан Каххорзода Файзиддин Саттор


г. Душанбе от 9 июня 2025 года, №56