бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2025,
№ 1571 тасдиқ шудааст
Тарҷумаи ғайрирасмӣ
КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ ИМТИЁЗҲО ВА МАСУНИЯТИ КОТИБОТ, ҲАЙАТИ ОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ МАШВАРАТҲОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ
Давлатҳои иштирокдори Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки Конвенсияи мазкурро ба имзо расониданд, бо риояи принсипҳо ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Санади Алматоӣ аз 4 июни соли 2002, бо мақсади татбиқи муқаррароти банди 2 моддаи 5 Созишнома дар бораи Котиботи Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз 17 июни соли 2006, ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддам 1. Мафҳумҳо
Барои ҳадафҳои ин Конвенсия мафҳумҳои зерин чунин истифода мешаванд:
a) «МҲТБО» - Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё;
b) «Котибот» - Котиботи МҲТБО;
c) «Тарафҳо» - давлатҳои иштирокдори МҲТБО, ки ин Конвенсияро тасвиб, қабул ё тасдиқ намудаанд ё ба он ҳамроҳ шудаанд;
d) «Директори иҷроия» - шахси асосии роҳбарикунандаи Котибот;
...