ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масунияти Котибот, ҳайати он ва намояндагони давлатҳои иштирокдори Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масунияти Котибот, ҳайати он ва намояндагони давлатҳои иштирокдори Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 8 июни соли 2010 дар шаҳри Истанбул ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 31 январи соли 2025, № 1571
...