Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024,
№ 665Низомномаи Шурои мушовирон оид ба интихоби лоиҳаи озмоишӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025
№ 565)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Шурои мушовирон оид ба интихоби лоиҳаи озмоишӣ (минбаъд - Шуро) мақоми мушовара буда, барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ тибқи Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, № 367 тасдиқ гардидааст, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
- Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШУРО
- Шуро ҳуқуқ дорад:
- ҳисоботҳои таҳлилӣ ва тавсияҳоро ба мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини иқтисодии лоиҳаҳои озмоишӣ таҳия намояд;
- вобаста ба интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ пешниҳодҳоро баррасӣ ва мувофиқа кунад;
- буҷети рушди самти дахлдорро баррасӣ намуда, доир ба ташаккули он ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намояд;
- аз вазорату идораҳо ва тарафҳои дигари манфиатдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди Шуро гузошташуда маводи заруриро талаб намояд;
- роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро ба ҷаласа даъват карда, маълумоти онҳоро доир ба масъалаҳои интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ шунавад ва баррасӣ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида вобаста ба масъалаҳои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии самти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
- ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Шуро намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро ба ҳайси коршинос бе ҳуқуқи овоз ҷалб намояд.
- Вазифаҳои асосии Шуро аз инҳо иборатанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятнок;
- баррасии ҳисоботҳои солона оид ба интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ;
- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои дигари манфиатдор дар интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ;
- муайян намудани мушкилот дар ҷараёни интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ ва пешниҳоди тавсияҳои дахлдор нисбат ба гузаронидани ислоҳоти иловагие, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат мекунанд.
3. ҲАЙАТИ ШУРО ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
- Шуро аз 7 нафар иборат буда, ба он раис ва аъзои Шуро дохил мебошанд.
- Раиси Шуро:
- фаъолияти Шуроро ҳамоҳанг месозад;
- ҷаласаи Шуроро мегузаронад;
- протоколҳои ҷаласаи Шуро ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро имзо мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар мавод ва иттилооти заруриро оид ба масъалаҳое, ки ба вазифаҳои Шуро мансубанд, дархост мекунад;
- ҳисоботи котиби Шуроро мешунавад;
- ваколатҳои дигари ба фаъолияти Шуро дахлдоштаро амалӣ менамояд.
- Аъзои Шуро:
- дар ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд;
- таклифҳои мушаххасро барои ворид намудан ба нақшаи кор ва рӯзномаи ҷаласаҳои Шуро манзур менамоянд;
- лоиҳаҳои озмоишии пешниҳодшударо меомӯзанд ва вобаста ба онҳо пешниҳодҳои худро манзур менамоянд;
- бо дархости раиси Шуро иттилооти заруриро пешниҳод мекунанд.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРО
- Шакли фаъолияти Шуро ҷаласаҳои он мебошад, ки ҳангоми аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, пешниҳод шудани лоиҳаҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд. Маҳал ва вақти гузаронидани ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Шуро муайян карда мешавад (№ 565).
- Ҷаласаи Шуро вақте салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз панҷ аъзои Шуро иштирок намоянд.
- Раиси Шуро на дертар аз чордаҳ рӯзи тақвимӣ аъзои Шуроро хаттӣ хабардор сохта, ҷаласаро даъват менамояд ва уҳдадор аст ҷаласаи ғайринавбатиро дар сурати гирифтани дархости хаттӣ оид ба даъват намудани ҷаласа аз ҷониби на камтар аз панҷ аъзои шуро даъват кунад.
- Дар сурати ба вуҷуд омадани масъалаи фаврӣ, сарфи назар аз талаботи пешбининамудаи банди 10 Низомномаи мазкур, ҷаласаи ғайринавбатӣ аз ҷониби раиси Шуро бо ирсол намудани огоҳинома (барқия, мактуби электронӣ, занги телефонӣ) даъват карда мешавад.
- Раисӣ дар ҷаласаи шуро аз ҷониби раиси Шуро анҷом дода мешавад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ, дар ҳолатҳои истисноӣ (дар рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ) раисӣ аз ҷониби муовини раиси Шуро анҷом дода мешавад.
- Шахси ҳуқуқие, ки барои фарогирӣ ба реҷаи махсус тибқи тартиби муқарраргардида ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза додааст, бояд дар ҷаласаи Шуро лоиҳаи озмоишии худро дар шакли муаррифӣ бо нишон додани қисматҳои асосӣ, аз ҷумла мақсад, зарурат, асосноккунии техникӣ ва молиявию иқтисодӣ, шартҳои ҳамкорӣ ва натиҷа пешниҳод намояд.
- Дар лоиҳаи озмоишии дорои хусусияти тиҷоратидошта бояд нишондиҳандаи заминавӣ (дар санаи пешниҳоди дархост дастрасбуда) ва дар лоиҳаи озмоишии дорои хусусияти танзимӣ муқаррароти аввалия (дар ҳолати мавҷуд набудании санади танзимкунанда-муқаррароти авввалияи тахминӣ) ишора карда шавад.
- Ҳангоми аз ҷониби Шуро баррасӣ гардидани масъалаи интихоби лоиҳаи озмоишии пешниҳодгардида, роҳбари мақомоти иҷроияи марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки лоиҳаи озмоишӣ аз рӯйи соҳа ба он мансубият дорад, ба таври муваққатӣ ба ҳайати Шуро бо ҳуқуқи як овоз ворид карда мешавад.
- Агар лоиҳаи озмоишии пешниҳодгардида аз рӯйи мансубияти соҳавӣ ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки роҳбари он узви доимии Шуро мебошад, тааллуқ дошта бошад, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бояд иштироки муовини якуми роҳбарро ҳамчун узви муваққатии Шуро дар ҷаласаи Шуро таъмин намояд.
- Қарори Шуро оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдошта қабул ва дар шакли протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, шахси дар ҷаласа раисикунанда овози ҳалкунанда дорад.
- Протоколи ҷаласаи Шуро аз ҷониби котиби Шуро тартиб дода мешавад, ки онро раис ва аъзои Шуро имзо менамоянд.
- Қарорҳои Шуро, ки бо протокол ба расмият дароварда шудаанд, барои танзимоти минбаъда ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
- Протоколҳои ҷаласаҳои Шуро дар раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз дошта мешаванд.
- Дар ҳолати зарурӣ Шуро метавонад шахсоне (роҳбари шахси ҳуқуқӣ, коршиносон ва ғайра)-ро, ки ҳузури онҳоро Шуро барои иштирок кардан ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ба баррасии ҷаласа пешниҳодшуда лозим медонад, бе ҳуқуқи овоз даъват намояд.
- Агар масъалаҳои дар ҷаласаи Шуро баррасишаванда бевосита ё ғайримустақиман ба манфиатҳои аъзои Шуро ё шахсони дар ҷаласа иштироккунанда дахл дошта бошанд, пас онҳо уҳдадоранд, ки қабл аз оғози ҷаласа ин ҳолатро ошкор намоянд. Шахсони мазкур набояд дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур ё дар овоздиҳӣ аз рӯйи ҳама масъалаҳое, ки ба муҳтавои муҳокимаи мазкур дахл доранд, иштирок намоянд.
- Мутобиқи банди 22 Низомномаи мазкур, агар манфиатдорӣ изҳор карда шуда бошад, ба протоколи ҷаласае, ки дар он манфиатдорӣ изҳор гардид, қайд карда мешавад.
- Шуро фаъолияташро мутобиқи нақшаи кори тасдиқшудаи Шуро, ки бояд дар ҷаласаи якуми Шуро тасдиқ гардад, ба роҳ мемонад.
- Дар ҳама ҷаласаҳои Шуро котиби Шуро иштирок менамояд. Дар сурати ҳузур надоштани ӯ иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳуқуқи овоз ӯро иваз мекунад.
- Шуро ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Таъминоти ташкилию методӣ ва техникии фаъолияти Шуро аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024, № 665
Ҳайати Шурои мушовирон барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шуро
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шуро
Аъзои Шуро:
Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбари мақомоти иҷроияи марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки лоиҳаи озмоишӣ аз рӯйи соҳа ба он мансубият дорад (узви муваққатӣ)
Сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Шуро.
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024,
№ 665Низомномаи Шурои мушовирон оид ба интихоби лоиҳаи озмоишӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Шурои мушовирон оид ба интихоби лоиҳаи озмоишӣ (минбаъд - Шуро) мақоми мушовара буда, барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ тибқи Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, № 367 тасдиқ гардидааст, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
- Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШУРО
- Шуро ҳуқуқ дорад:
- ҳисоботҳои таҳлилӣ ва тавсияҳоро ба мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини иқтисодии лоиҳаҳои озмоишӣ таҳия намояд;
- вобаста ба интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ пешниҳодҳоро баррасӣ ва мувофиқа кунад;
- буҷети рушди самти дахлдорро баррасӣ намуда, доир ба ташаккули он ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намояд;
- аз вазорату идораҳо ва тарафҳои дигари манфиатдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди Шуро гузошташуда маводи заруриро талаб намояд;
- роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро ба ҷаласа даъват карда, маълумоти онҳоро доир ба масъалаҳои интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ шунавад ва баррасӣ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида вобаста ба масъалаҳои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии самти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
- ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Шуро намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро ба ҳайси коршинос бе ҳуқуқи овоз ҷалб намояд.
- Вазифаҳои асосии Шуро аз инҳо иборатанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятнок;
- баррасии ҳисоботҳои солона оид ба интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ;
- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои дигари манфиатдор дар интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ;
- муайян намудани мушкилот дар ҷараёни интихоби лоиҳаҳои озмоишӣ ва пешниҳоди тавсияҳои дахлдор нисбат ба гузаронидани ислоҳоти иловагие, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат мекунанд.
3. ҲАЙАТИ ШУРО ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
- Шуро аз 7 нафар иборат буда, ба он раис ва аъзои Шуро дохил мебошанд.
- Раиси Шуро:
- фаъолияти Шуроро ҳамоҳанг месозад;
- ҷаласаи Шуроро мегузаронад;
- протоколҳои ҷаласаи Шуро ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро имзо мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар мавод ва иттилооти заруриро оид ба масъалаҳое, ки ба вазифаҳои Шуро мансубанд, дархост мекунад;
- ҳисоботи котиби Шуроро мешунавад;
- ваколатҳои дигари ба фаъолияти Шуро дахлдоштаро амалӣ менамояд.
- Аъзои Шуро:
- дар ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд;
- таклифҳои мушаххасро барои ворид намудан ба нақшаи кор ва рӯзномаи ҷаласаҳои Шуро манзур менамоянд;
- лоиҳаҳои озмоишии пешниҳодшударо меомӯзанд ва вобаста ба онҳо пешниҳодҳои худро манзур менамоянд;
- бо дархости раиси Шуро иттилооти заруриро пешниҳод мекунанд.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРО
- Шакли фаъолияти Шуро ҷаласаҳои он мебошад, ки тибқи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Маҳал ва вақти гузаронидани ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Шуро муайян карда мешавад.