ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва Сохтори Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо теъдоди 74 воҳиди корӣ бо дарназардошти ҳайати хизматрасони техникӣ муқаррар карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» масъалаҳои молиявии Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»-ро ҳал намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 661
...