Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз «26» декабри соли 2024, №660

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» декабри соли 2024, № 660

  

Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Марказ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад. Марказ дар тобеияти идоравии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Донишгоҳ) қарор дорад.

3. Марказ ба Донишгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

5. Марказ муассисаи такмил ва баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаву маҳорат ва салоҳиятҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии соҳаи сайёҳӣ, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхона, тарабхона ва соҳаи хизматрасонӣ буда, онҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибӣ ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад ва барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб дар мувофиқа бо Донишгоҳ истифода менамояд.

7. Марказ дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» декабря 2024 года, №660


Устав Государственного учреждения «Республиканский центр повышения квалификации работников сфер туризма и услуг» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

 

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Устав Государственного учреждения «Республиканский центр повышения квалификации работников сфер туризма и услуг» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее – Устав) разработан на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан «О дополнительном образовании» и других нормативных правовых актов.

2. Учредителем Государственного учреждения «Республиканский центр повышения квалификации работников сфер туризма и услуг» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее – Центр) является Правительство Республики Таджикистан (далее – Учредитель). Центр находится в ведомственном управлении Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее – Университет).

3. Центр подчиняется и подотчётен Университету.

4. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Трудовым кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан «Об образовании», Законом Республики Таджикистан «О высшем и послевузовском профессиональном образовании», Законом Республики Таджикистан «О дополнительном образовании», международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также распоряжениями и указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, Уставом Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана», настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.

5. Центр является учреждением по совершенствованию и повышению уровня знаний, навыков, умений и профессиональных компетенций преподавателей начальных, средних и высших учебных заведений в сфере туризма, сотрудников туристических компаний, гостиниц, ресторанов и сферы услуг и реализует их внутри и за пределами страны.

6. Центр является юридическим лицом и имеет самостоятельный бухгалтерский баланс и расчетный счет в национальной валюте в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и коммерческих банках, и использует этот счет для осуществления расчетно-кредитных операций.

7. Центр на основе права оперативного управления владеет имуществом, принимает и исполняет обязательства от своего имени, выступает истцом и ответчиком в суде. 

...