Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 660 "Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва Сохтори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомузӣ гузаронидани кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои ташкилоту муассисаҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон вогузор карда шавад.

4. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо теъдоди 54 воҳиди корӣ бо дар назар доштани ҳайати хизматрасон муқаррар карда шавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» масъалаҳои молиявии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»-ро ҳал намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 660
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Государственном учреждении «Республиканский центр повышения квалификации работников сфер туризма и услуг» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:


Председатель
Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

  

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №660

 


...