×

Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз «26» декабри соли 2024, № 659

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» декабри соли 2024, № 659 

Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Донишкада) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Донишкада муассисаи давлатии дорои мақоми байналмилалӣ буда, ба Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд - Донишгоҳ) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Донишкада фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Муассис, Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Оинномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ менамояд.

5. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилотӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, омодасозии мутахассисони доираи васеи фаъолияти касбиро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибӣ ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад ва барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб дар мувофиқа бо Донишгоҳ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд.

7. Донишкада дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «26» декабря 2024 года, №659

Устав Государственного учреждения «Дангаринский международный институт» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»


1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Устав Государственного учреждения «Дангаринский международный институт» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее - Устав) разработан на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан «О высшем и послевузовском профессиональном образовании», и других отраслевых нормативных правовых актов.

2. Учредителем Государственного учреждения «Дангаринский международный институт» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее - Институт) является Правительство Республики Таджикистан (далее - Учредитель).

3. Институт является государственным учреждением с международным статусом, находится в ведении и подотчетен  Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее - Университет), подчиняется.

4. Институт осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан «Об образовании», «О высшем и послевузовском профессиональном образовании», международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Учредителя, Уставом Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана», настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.

5. Институт является учреждением высшего профессионального образования, и реализует образовательные программы, научно-исследовательские работы, подготовку специалистов широкого профиля  профессиональной деятельности как внутри страны, так и за пределами страны.

6. Институт является юридическим лицом, имеет самостоятельный бухгалтерский баланс и счет в национальной валюте в главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан, и в коммерческих банках, для  осуществления расчетных и кредитных операций  использует этот счет по согласованию с Университетом и Министерством финансов Республики Таджикистан.

7. На основании права непосредственного управления Институт владеет имуществом, принимает и исполняет обязательства от своего имени, выступает истцом и ответчиком в суде.

8. Институт имеет круглую печать с изображением государственного герба Республики Таджикистан и полным наименованием на государственном, русском и английском языках,  бланк и другие идентифицирующие знаки.

...