бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 декабри соли 2024,
№ 1503 тасдиқ шудааст
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024,
№ 528
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ИТТИФОҚИ БАРОДАРОН» ОИД БА ЛОИҲАИ «ИКТИШОФ, АРЗЁБӢ ВА ОМӮЗИШИ ГЕОЛОГИИ ҚАЪРИ ЗАМИН ДАР ВОДИИ ДАРЁИ МУҚСУИ НОҲИЯИ ЛАХШ ВА ШОХОБҲОИ БОЛООБИ ОН - ДАРАҲОИ САУКСОЙ, КАИНДӢ ВА СЕЛДАРАИ НОҲИЯИ МУРҒОБ»
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» (минбаъд - Тарафҳо) оид ба лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб» (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ).
Созишномаи сармоягузории мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ); ва
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» (минбаъд - сармоягузор), ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мувофиқи оиннома амал мекунад.
МУҚАДДИМА
- бо дарназардошти он ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад;
- бо дарназардошти муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;
- бо дастгирии ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб»;
- бо дарки он ки сармоягузор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои зарурӣ ба лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб»-ро доро мебошад;
- бо дарназардошти он ки Ҳукумат бо мақсади рушди соҳаҳои истихроҷи маъдани иқтисоди кишвар, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба Сармоягузор ҳуқуқ барои гузаронидани корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб, аз ҷумла инфрасохтори иҷтимоӣ барои мақсади лоиҳа ва рушди минтақа дар маҷмуъ зарурбударо (инфрасохтори ҳамроҳи лоиҳа) тибқи шартҳои созишномаи сармоягузории мазкур пешниҳод менамояд;
- бо дарназардошти он ки тибқи созишномаи сармоягузории мазкур Сармоягузор уҳдадориҳоро ҷиҳати маблағгузории лоиҳа дар давоми муҳлат ва мақсадҳои дар созишномаи сармоягузории мазкур муайянгардида ба худ мегирад;
- бо эътирофи он ки низоми имтиёзнок ва кафолатҳои дар созишномаи сармоягузории мазкур пешбинишуда бояд сармоягузориҳои хусусиро барои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда, барои афзоиши истифодаи захираҳои иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ободонии минтақа мусоидат намояд;
- бо дарназардошти он ки аз тарафи Сармоягузор тибқи созишномаи сармоягузории мазкур ба зиммаи худ гирифтани уҳдадорӣ оид ба истифода бурдани қувваи кории маҳаллии дорои малакаи дахлдори корӣ, таҷриба ва тахассуси мувофиқ барои амалисозии лоиҳа созишномаи мазкур бояд барои афзоиши шуғли аҳолии кишвар мусоидат намояд;
- бо дарназардошти он ки амалисозии лоиҳа набояд ба муҳити зист ва экология таъсири манфӣ расонад, Ҳукумат ва сармоягузор нияти баимзорасонии созишномаи сармоягузории мазкурро барои муайянкунии шартҳое, ки тибқи онҳо Ҳукумат ба сармоягузор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои муайянро медиҳад, ба зиммаи он уҳдадориҳои дахлдорро вогузор менамояд ва Сармоягузор ба худ уҳдадориҳоро доир ба амалигардонии лоиҳа мегирад.
- бо дарназардошти уҳдадориҳои мутақобила, ки дар созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар гардидаанд, Ҳукумат ва сармоягузор (ки якҷо «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд) ба мувофиқаи зерин расиданд:
МОДДАИ 1 МАФҲУМҲО
Дар созишномаи сармоягузории мазкур мафҳумҳои зерин чунин маъно доранд:
- созишномаи сармоягузорӣ - маънои созишномаеро дорад, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор оид ба амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шудааст (аз ҷумла тағйиру иловаҳои минбаъдаи он);
- сармоягузор - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон», инчунин тарафҳои дигаре, ки тавассути ҳамроҳ шудан ба сармояи оинномавии сармоягузор ҳамсармоягузор мегарданд;
- иҷозатҳои лоиҳавӣ - маънои тамоми намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, иҷозатҳо, санадҳо, маъқулкунӣ, тасдиқномаҳо, шаҳодатномаи бақайдгирӣ, сертификатҳо, огоҳиномаҳо, раддияҳо, имтиёзҳо, раводид, барасмиятдарорӣ ва ҳуқуқ барои убурро дорад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда талаб карда мешаванд;
- объектҳои лоиҳа - маънои ҳамаи объектҳои дар лоиҳаи омӯзиши геологӣ пешбинишударо дорад, ки бояд дар доираи амалисозии лоиҳа сохта таҷдид ва барқарор карда шаванд;
- мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ - тамоми вазорату кумитаҳо, агентиҳо, хадамот, ташкилот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки нисбат ба амалисозии лоиҳа робитаи мустақим ва уҳдадорӣ доранд;
- қонунгузории амалкунанда - маънои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад;
- созишномаи паймонкорӣ - дар маҷмуъ маънои ҳамаи созишномаҳоро дорад, ки сармоягузор бо як ё якчанд паймонкор барои гузаронидани корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб ва иҷрои корҳои дар рафти амалисозии лоиҳа талабшаванда бастааст ё мебандад;
- паймонкор (паймонкорон) - маънои ҳар шахсеро (шахсонеро) дорад, ки сармоягузор барои гузаронидани корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб ё иҷрои корҳои дар рафти амалисозии лоиҳа талабшаванда интихоб намудааст, аммо танҳо дар он қисме, ки чунин шахс (шахсон) хизмати бевосита бо созишномаи сармоягузории мазкур вобастабударо мерасонад (мерасонанд);
- тарафи маблағгузор - дар маҷмуъ маънои Сармоягузор ва ҳама гуна тарафҳои дигар, ки тавассути воридшавӣ ба сармояи оинномавии сармоягузор (ҳамсармоягузор) ё қарздиҳандаҳои сармоягузор мешаванд;
- ҳолати рафънопазир (форс-мажор) - маънои ҳар гуна ҳодисаеро дорад, ки аз иродаи тарафҳо вобаста набуда, тағйироти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҳолати фавқулода, офатҳои табиӣ, ба монанди заминҷунбӣ, обхезӣ, сӯхтор ва тӯфон, ҷанг, ошӯб, инқилоб, муҳорибаҳои ҳарбӣ ва таҳдидҳои мустақими ҳуҷум, ки метавонанд ба амалисозии лоиҳа таъсир расонанд, дар бар мегирад;
- дороиҳои ҳифзшуда - дороиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, ки бо қонунгузорӣ ҳифз шудаанд;
- иҷозатнома - ҳуҷҷатҳои мувофиқи созишномаи мазкур додашударо бо ҳамаи тамдидҳо ва/ё тағйиру иловаҳо мутобиқи муқаррароти созишномаи мазкур ва қонунгузории амалкунанда дорад, ки барои пешбурди кор оид ба амалисозии лоиҳа ҳуқуқ медиҳанд;
- инфрасохтори иловагии лоиҳа - маънои инфрасохтори махсуси истеҳсолию техникӣ ё истеҳсолию техникии ёрирасон, аз ҷумла объектҳои инфрасохтори иҷтимоиро дорад, ки дар асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳа пешбинӣ шуда, барои амалисозии босамари он зарур мебошад;
- шахс - маънои шахси воқеӣ, ширкат, корпоратсия, ҷамъияти хоҷагӣ, иттиҳодия, ҳукумат, давлат ё идораи давлат, ассотсиатсия, ҷамъияти саҳомӣ, корхонаи муштарак, траст, муассисаи дигареро дорад, ки мақоми шахси хуқуқиро дорад ё надорад ва соҳиби ҳуқуқи субъект бошад ё набошад;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ - ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки маводро дар шакли матн ва харита (дизайн) дар бар гирифта, хулосаҳои меъморӣ, амаливу технологӣ, конструкторӣ ва техникию муҳандисиро барои таъмини фаъолияти лоиҳа муайян менамоянд;
- корҳо - тамоми чорбиниҳои Сармоягузор, ширкати татбиқкунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ ва паймонкорро дорад, ки ба амалисозии лоиҳа равона карда шудаанд.
МОДДАИ 2 АМАЛИШАВИИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
2.1. Созишномаи сармоягузории мазкур аз санаи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.
2.2. Созишномаи сармоягузории мазкур аз санаи эътибор пайдо кардан ба муҳлати 5 сол амали худро нигоҳ хоҳад дошт.
2.3. Ба охир расидани муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур боиси қатъ кардани ҳама гуна дигар ҳуқуқҳои сармоягузор, аз ҷумла иҷозатнома ва иҷозатҳое, ки он тибқи қонунгузории амалкунанда барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ ба даст овардааст, нахоҳад гашт.
2.4. Муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкурро Тарафҳо метавонанд мутобиқи қонунгузории амалкунанда аз нав баррасӣ намоянд.
МОДДАИ 3 АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲА
3.1. Барои мақсадҳои созишномаи сармоягузории мазкур санаи оғози корҳо санаи оғози таҳияи лоиҳаи омӯзиши геологӣ ҳисобида мешавад.
3.2. Сармоягузор ҷадвали иҷрои корҳои омӯзиши геологии зуҳурот, нақшаи сармоягузорӣ ва гузаронидани корҳои заруриро тартиб дода, бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ мувофиқа мекунад.
3.3. Сармоягузор барои гузаронидани корҳои омӯзишӣ, ба кор даровардан, истифода, хизматрасонии техникии объектҳои лоиҳа ва амалӣ намудани ҳамаи ҷузъиёти лоиҳа мутобиқи нақшаҳои муфассал ва таснифот, шартҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (аз ҷумла ҳамаи замимаҳо ба он), тибқи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи амалисозии лоиҳаҳои кӯҳкорӣ ва сохтмонӣ масъул мебошад.
3.4. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки давра ба давра барои амалисозии пурраи лоиҳа ба маблағи умумии 20 000 000 (бист миллион) долларро, аз ҷумла барои омӯзиши маҷмуии кон, таъмини техникаву технологияи зарурӣ, омӯзиш ва омодасозии мутахассисони соҳа, бунёди инфрасохтори зарурии иҷтимоӣ, таҷдид ва сохтмони инфрасохтори роҳ, кашидани хатти интиқоли барқ ва зеристгоҳи барқӣ сармоягузорӣ намояд.
3.5. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои худ сармоягузор ҳуқуқи интихоби паймонкорро (паймонкоронро) дорад ва ҳамаи созишномаҳои паймонкори сохтмониро бо чунин паймонкоре (паймонкороне) мебандад, ки барои чунин ҷанбаҳои лоиҳакашӣ, ба истифода супоридан, ба кор даровардани ҳамаи объектҳои лоиҳа ва иҷрои корҳои муайян дар раванди татбиқи лоиҳа, ки дар нақшаҳои муфассал ва таснифот эикр шудаанд, масъул мешавад (мешаванд). Ҳеҷ кадом таъиноти паймонкор тибқи созишномаи сармоягузории мазкур сармоягузорро аз ягон масъулият, вазифа ё уҳдадории дар назди Ҳукумат доштааш, ки мувофиқи созишномаи мазкур ба вуҷуд меояд, озод намекунад.
3.6. Сармоягузор тамоми кӯшишҳоро барои таъмини коршоям будани ҳамаи объектҳои дар доираи лоиҳа сохташуда ё истифодаи мақсадноки онҳо ба харҷ медиҳад.
3.7. Ҳангоми амалисозии лоиҳа сармоягузор уҳдадор мешавад, ки ҳамаи талаботро оид ба ҳифзи муҳити зист ва қаъри замин, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ намудааст, иҷро намояд. Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавии таҳияшаванда бояд фаслҳоро оид ба ҳифзи муҳити зисти дар қонунгузорӣ пешбинишуда дар бар гирифта бошанд.
3.8. Сармоягузор масъулиятро барои маблағгузории хароҷоти лоиҳавии арзёбӣ, аз ҷумла арзиши гузаронидани корҳои омӯзишӣ, инчунин ҳама гуна зиёдшавии арзишро мувофиқи сметаи сохтмон ва маблағгузорӣ, ки қисми ҷудонопазири асосноккунии техникию иқтисодӣ мебошад, пурра ба зиммаи худ мегирад.
3.9. Ҳукумат ҳуқуқ дорад дар кадом вақте, ки бошад, ҷараёни амалисозии лоиҳаро бо мақсади таъмини дахлдори созишномаи мазкур, нақшаҳои муфассал ва таснифот, инчунин қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Сармоягузор, паймонкорон ва паймонкорони иловагӣ санҷад.
3.10. Ҳаҷми сармоягузориҳои ҳарсола дар амалисозии лоиҳа, ки бояд аз ҷониби Сармоягузор амалӣ карда шаванд ва муҳлати ворид шудани онҳо дар асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҷадвали лоиҳавӣ муайян карда мешаванд.
3.11. Сармоягузор бапуррагӣ оид ба рафти корҳои омӯзиши лоиҳа масъул мебошад. Ҳукумат ба Сармоягузор дар гирифтани ҳамаи иҷозатҳои лоиҳавӣ барои анҷом додани корҳои омӯзишӣ мусоидат мекунад. Баъд аз ба анҷом расонидани корҳои омӯзишии лоиҳа онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда ҳамчун моликияти сармоягузор ба расмият дароварда мешаванд ва Ҳукумат барои чунин барасмиятдарорӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон тамоми хароҷоти марбут ба чунин барасмиятдарории ҳуқуқи моликият (боҷҳои зарурии давлатӣ ва сохторӣ) аз ҷониби сармоягузор пардохт карда мешавад.
3.12. Нисбат ба ҳама гуна маҳсулоти бо мақсади амалисозии лоиҳа бадастовардашуда, Сармоягузор ҳуқуқи моликият дошта, он бо салоҳдиди худ ва бе ягон маҳдудият аз тарафи Ҳукумат ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ихтиёрдорӣ менамояд.
МОДДАИ 4 АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКИЮ ИҚТИСОДӢ
Дар давоми се моҳ аз санаи эътибор пайдо кардани созишнома, Сармоягузор асоснокунии техникию иқтисодии таҳияшудаи лоиҳаро, ки ба ӯ ҳамчун шахси маблағгузори таҳияи он бо ҳуқуқи моликият тааллуқ дорад, ба мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад. Асоснокунии техникию иқтисодӣ бояд мақсаднокии техникӣ, экологӣ ва иқтисодии амалисозии лоиҳаро бо дар назар доштани шартҳои созишномаи мазкур муайян кунад. Барои таҳияи асоснокунии техникию иқтисодӣ Сармоягузор метавонад мутахассисон ва коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд.
МОДДАИ 5 ИҶОЗАТҲО
5.1. Шартҳои умумӣ ва муҳлати амал.
5.1.1. Сармоягузор иҷозатнома дорад:
- барои фаъолият вобаста ба корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дода шудааст.
5.1.2. Ҳукумат дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда ва созишномаи сармоягузории мазкур дар ҳар марҳилаи амалисозии лоиҳа тамоми иҷозатҳои лоиҳавиро, ки ба Сармоягузор мутобиқи қонунгузории амалкунанда барои пешбурди корҳои лоиҳавӣ, сохтмонӣ ва дар лоиҳаи тасдиқшудаи гузаронидани корҳои омӯзишӣ пешбинишуда лозим мешаванд, пешниҳод мекунад (ва пешниҳоди онҳоро аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таъмин мекунад), агар Сармоягузор ҳамаи талаботи маъмуриро иҷро ва қонунгузории амалкунандаро оид ба гирифтани онҳо риоя кунад.
5.1.3. Сармоягузор уҳдадор аст тамоми пардохтҳоро вобаста ба гирифтани иҷозатҳои лоиҳавӣ ва қитъаҳои замин ва кӯҳии ҷудошуда мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва тибқи меъёру усули дар санаи гирифтани ҳар як иҷозати лоиҳавӣ истифодашаванда, пардохт намояд.
5.2. Бо дар назар доштани муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур, лоиҳаи тасдиқшудаи корҳои омӯзишии лоиҳа, қонунгузории амалкунанда иҷозатномаи ҳуқуқи фаъолият вобаста ба корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин ва дигар иҷозатномаҳои зарурӣ барои пешбурди корҳо дар доираи созишнома, аз ҷумла гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар қитъаи замини ҷудошуда, инчунин қитъаи кӯҳии ҷудогардида, ба Сармоягузор дар ҳудуди қитъаи замин ва қитьаи кӯҳии дахлдор ҳуқуқи зерин медиҳад:
- дастрасӣ ва ҷойгир шудан дар замин ва истифодаи замин дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур;
- корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар қитъаҳои ҷудошуда;
- истифодаи об, чуб ва маводи дигари барои пешбурди корҳо зарурӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда;
- анҷом додани корҳои дигар мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва шартҳои асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳа ва созишномаи сармоягузории мазкур.
МОДДАИ 6 ИНФРАСОХТОРИ ЛОИҲА
6.1. Бо дар назар доштани ҳаҷми дар лоиҳаи тасдиқшудаи корҳои омӯзишӣ муайяншуда, барои амалишавии муваффақонаи лоиҳаи тасдиқшудаи корҳои пешбинигардида, Ҳукумат мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва ухдадориҳои Ҳукумат барои эътибор пайдо кардани мувофиқаҳои марбута нисбати ҳар корҳои дахлдори лоиҳа ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.
6.2. Сармоягузор ҳангоми зарурат ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ё маҳдудиятҳои дар доираи уҳдадориҳои Ҳукумат муқарраршаванда, ҳуқуқ дорад бо таҳвилгарони мустақили хизматрасонии инфрасохторӣ муносибатҳои созишномавӣ бар қарор кунад ё инфрасохтори дахлдори лоиҳаро вобаста ба амалисозии лоиҳае, ки дар лоиҳаи корҳои омӯзишии тасдиқшуда пешбинӣ шудааст, бино кунад.
6.3. Ҳуқуқи моликият ба ҳар молу мулки манкул ва ғайриманқул, инчунин дигар инфрасохтори дахлдор, ки аз тарафи сармоягузор ташкил ё аз ҳисоби он ба даст оварда шудааст, ба истиснои он инфрасохтори дахлдор, ки ҳуқуқи моликият ба он тибқи қонунгузории амалкунанда наметавонад ба шакли моликияти хусусӣ тааллуқ дошта бошад, ба Сармоягузор тааллуқ дорад. Агар дар созишномаи мазкур тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, Сармоягузор розӣ мешавад, ки ҳар ҳуқуқ ва уҳдадорӣ нисбат ба инфрасохтори дахлдори лоиҳа, аз ҷумла моликият ва/ё дастрасии он ё ҳуқуқҳои дигар барои чунин инфрасохтор танҳо дар натиҷаи бастан ва амал кардани созишномаи сармоягузории мазкур ба вуқӯъ намепайвандад, балки дар ҳар мавриди мушаххас бапуррагӣ риоя шудани меъёрҳои қонунгузории амалкунанда аз тарафи Сармоягузор, ба риоя шудани меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ва ҳама гуна уҳдадориҳо аз тарафи Ҳукумат вобаста мебошад ва Сармоягузор ва Ҳукумат дар ҳар як мавриди мушаххас дар бораи шароит ва муқаррароте, ки мувофиқи онҳо ҳар як инфрасохтори дахлдор вобаста ба шароит арзёбӣ ва/ё таҳия шавад, ба як қарори муайян меоянд. Новобаста аз муқаррароти дар боло зикргардида, Ҳукумат бо дарназардошти қонунгузории амалкунанда ва уҳдадориҳои давлат, имконияти гуфтушуниди мустақимро бо Сармоягузор ва ё пешниҳоди ҳуқуқҳои дигари афзалиятнокро барои сохтани чунин инфрасохтори дахлдори лоиҳа баррасӣ мекунад.
МОДДАИ 7 МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА
Ҳукумат эътироф мекунад, ки лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмонӣ метавонад бо истифодаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба сармояи оинномавии Сармоягузор аз ҷониби шахсони сеюми тибқи қонунгузории амалкунанда иҷозатдодашуда, сармоягузориҳои портфелии хориҷӣ бо роҳи маблағгузорӣ аз ҷониби шахсони сеюм (аз ҷумла ба хотири рӯй надодани шубҳа, маблағгузории корпоративӣ, сохторбандишуда, лоиҳавӣ ё якҷояи онҳо) ва маблағгузорӣ бо сармояи қарзии Сармоягузор аз тарафи сармоягузорони дигари бо қонунгузории амалкунанда иҷозат додашуда ва дигар шаклҳои амалиёт доир ба ҷалби маблағҳои пулӣ дар бозорҳои байналмилалии фондӣ маблағгузорӣ карда шавад.
МОДДАИ 8 АНДОЗ ВА ПАРДОХТҲО
8.1. Ба Сармоягузор имтиёзҳои андозию гумрукӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешниҳод карда мешавад. Инчунин, Сармоягузор аз пардохти андози даромади шахсони ҳуқуқӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол ба андозаи то 50 фоиз коҳиш додани меъёри андозӣ озод мебошад.
8.2. Техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои эҳтиётии он, ки баъд аз эътибор пайдо намудани созишномаи сармоягузории мазкур бо мақсади амалинамоии лоиҳа ворид карда мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда дар муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур озод карда мешаванд. Номгӯйи молҳои воридшаванда ба созишномаи сармоягузории мазкур замима карда мешавад. Ҳангоми зарурат дар рафти амалинамоии лоиҳа Сармоягузор метавонад рӯйхати иловагии молҳои воридшавандаро барои тасдиқи Ҳукумат пешниҳод намояд.
8.3. Дар сурати мавҷуд будани молу махсулоти ватанӣ, ки арзиши онҳо дар қиёс ба молу маҳсулоти воридотӣ баробар ва/ё арзон буда, сифати онҳо ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ ва таҳвилашон дар муҳлати ба Сармоягузор мувофиқ имконпазир мебошад, Сармоягузор метавонад дар амалисозии лоиҳа аз чунин молу маҳсулоти ватанӣ истифода барад.
8.4. Молу мулки барои истифода шахс ва ё аъзои оилаи вай бо мақсадҳои шахсӣ ва касбӣ таъиншуда, ки ба ҷумҳурӣ якҷо бо ин шахс ва ё алоҳида ворид карда мешаванд, аз он ҷумла таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёти мутахассисон ва мушовирони хориҷии Сармоягузор, ки дар доираи амалинамоии лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
8.5. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои созишномаи мазкур қабул гардида, вазъи амалисозии лоиҳаро вазнин мекунанд, дар муҳлати амали созишномаи мазкур ба Сармоягузор амалӣ намешаванд.
МОДДАИ 9 КИРОЯИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
9.1. Бо мақсади амалисозии лоиҳа, Сармоягузор аз хизмати паймонкорон, паймонкорони фаръӣ ва коргарони дорои малакаи дахлдор, таҷрибадор ва соҳибтахассус истифода менамояд. Дар давоми муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур на камтар аз 90 фоизи шумораи умумии кормандоне, ки ба амалисозии лоиҳа ҷалб мешаванд (сарфи назар аз он, ки онҳо кормандони штатии Сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
9.2. Ҳангоми зарурат Сармоягузори татбиқкунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ барои иҷрои кор дар доираи созишнома ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории амалкунанда, мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ киро кунад, агар он ба муқаррароти қисми 10.1. созишномаи сармоягузории мазкур мухолифат нанамояд.
9.3. Сармоягузор барои тайёр намудани кадрҳои соҳа аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ҳамасола маблағҳои муайянро ҷудо менамояд.
9.4. Сармоягузори татбқиқкунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ уҳдадор мешавад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртакунӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони дар доираи лоиҳа ҷалбгардида, ки дар санаи ба миён омадани уҳдадориҳо амал мекунад, риоя намояд.
МОДДАИ 10 КӮМАКИ ИЛОВАГӢ ВА КАФОЛАТҲОЕ, КИ БА САРМОЯГУЗОР АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД ВА ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ДАВЛАТ
10.1. Ҳукумат эътироф мекунад ва розӣ мебошад, ки дар давоми муҳлати созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор инҳо пешниҳод мешаванд:
(а) низоми мусоиди ҳуқуқии сатҳаш на пасттар аз сатҳи низоми ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон пешниҳодшаванда;
(б) ҳуқуқу бартариҳое, ки ба ҳар як сармоягузори хориҷӣ ё корхонаи дорои иштироки хориҷӣ пешниҳод мешаванд.
10.2. Ҳукумат тамоми кӯшишҳои қобили қабулро, ки тибқи қонунгузории амалкунанда зарур ва мақсаднок мебошанд, ҷиҳати ба сармоягузор расонидани кумак барои аз Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор базудӣ гирифтани иҷозатномаҳои лоиҳавӣ, заминҳои ҷудошуда, ки бо сертификатҳои дахлдор барои ҳуқуқи заминистифодабарӣ тасдиқ шудаанд ва ҳамаи барасмиятдарориҳои зарурӣ, иҷозатҳо барои анҷом додани сохтмон, иҷозатҳо ва розигиҳо, қарорҳо, ҷонибдориҳо, озодкуниҳо, таъинот, иҷозатномаҳо, тағйир додани минтақабандӣ, маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳо, воситаҳо ва навъҳои дигари онҳо, ба харҷ медиҳад, инчунин кӯшишҳои тибқи қонунгузории амалкунанда зарур ё мақсаднокро ба харҷ медиҳад, то ба сармоягузор ҷиҳати босамар ва ба таври судманд амалӣ намудани лоиҳа ва гирифтани иҷозатнома вобаста ба истихроҷи ангишт кумак расонад.
10.3. Тибқи қонунгузории амалкунанда Ҳукумат ҳангоми зарурат ба паймонкорон, паймонкорони фаръӣ, муҳандисони лоиҳавӣ, муҳандисони мустақил ва ба ҳама гуна мутахассисон ва кормандони хориҷии ба ин ҳуқуқдоштаи Сармоягузор, ки барои амалисозии лоиҳа зарур мебошанд, раводидҳои дахлдор медиҳад.
10.4. Бо мақсади амалисозии самараноки созишномаи сармоягузории мазкур, Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад, ки:
а) риояи пурраи муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкурро аз тарафи тамоми мақомоти ваколатдори давлатии дахлдори барои амалишавии лоиҳа масъул таъмин намояд;
б) бо дархости Сармоягузор дар хусуси мақоми ҳуқуқии созишномаи сармоягузории мазкур ва муқаррароти ҷудогонаи он тасдиқи хаттӣ пешниҳод намояд.
10.5. Ҳукумат ҳамчунин ба Сармоягузор инҳоро тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад:
а) санадҳои Ҳукумат ва ё ягон мақоми ваколатдори давлатии дахлдор, ки барои паст кардани арзиши маблағгузориҳои Сармоягузор равона гардидааст, қабул намекунад;
б) молу мулки Сармоягузор мусодира ва миллӣ кунонида намешавад, ба истиснои амалӣ кардани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда;
в) ҳуқуқи дар асоси шартнома амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, интихоби контрагентҳо аз рӯйи созишномаҳо ва объектҳои созишномаҳо, интихоби озоди қонунгузории танзимкунанда доир ба созишномаҳо, юрисдиксия ва ё мақомоти арбитражӣ ва ё расмиёти дигари ҳалли баҳсҳо, озодии муайянкунии уҳдадориҳои дахлдор ва ё ҳама гуна шартҳои дигари шартнома;
г) ҳуқуқи машғул шудан ба ҳама гуна шаклҳои фаъолияти тиҷоратӣ дар доираи мавзуи лоиҳа, ки метавонанд барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа лозим шавад, ҳуқуқ барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ ва амалиёти содиротию воридотӣ;
ғ) ҳуқуқи бе ягон маҳдудият бо шартҳои имтиёзнок гирифтани ҳама гуна қарзҳо ва кафолатҳо, амонат ва уҳдадориҳои кафолатии монанд аз/ба бонкҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳо ва ё барасмиятдарории суғуртакунӣ дар ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;
д) ҳуқуқи сармоягузорӣ намудан ва такроран сармоягузорӣ намудани фоидаи дар доираи лоиҳа бадастовардашуда, агар он барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа зарур бошад.
10.6. Ҳукумат иловатан тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои сармоягузориҳои худ, аз ҷумла сармоягузории такрорӣ ва амалиёти тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.
10.7. Ҳукумат ҳуқуқи Сармоягузорро барои мубодилаи озод ба ҳама гуна асъор, аз ҷумла ба хориҷи кишвар интиқол додани фоидаи софи он пас аз пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои хатмӣ (ба истиснои ҳолатҳои дар созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида) кафолат медиҳад, аз ҷумла:
а) фоидаи Сармоягузор, ки дар натиҷаи фаъолияти Сармоягузор ба даст оварда шудааст, инчунин фурӯши пурра ва қисми ҳиссаи иштироки онҳо дар сармояи оинномавии Сармоягузор дар давраи амалишавии лоиҳа ва ё пас аз анҷоми он ва ё дар ҳолати қатъ гардидани лоиҳа;
б) фоидае, ки дар натиҷаи бегонакунии молу мулк ва ё ҳуқуқҳои дар рафти амалишавии лоиҳа ташкил ва ё ба таври дигар соҳибшудаи сармоягузор ба даст оварда шудааст.
10.8. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки агар лоиҳа бо сабабҳои ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) ё иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи Ҳукумат қатъ шавад, Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки дороиҳо ва молу мулкро ба муассисони худ ба таври оқилона баргардонад.
10.9. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки сармоягузор метавонад озодона фоидаи худро пас аз пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба асъори хориҷӣ мубодила намояд ва чунин фоидаро ҳар вақт дар рафти амалисозии лоиҳа, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории амалкунанда ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намояд.
10.10. Илова ба ҳуқуқҳои дар муқаррароти дигари созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, ба инҳо ҳуқуқ дорад:
- назорати фаъолияти Сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур;
- аз сармоягузор талаб намудани иҷрои муқаррароту меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ва созишномаи сармоягузории мазкур;
- аз сармоягузор дархост намудани ҳисоботи даврӣ оид ба амалишавии лоиҳа;
- ба сармоягузор пешниҳод намудани тавсияҳо ва таклифҳо барои амалисозии самараноки лоиҳа.
МОДДАИ 11 СТАНДАРТҲОИ ИСТИФОДАШАВАНДА,ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА САЛОМАТӢ
11.1. Бо мақсади амалисозии лоиҳа Сармоягузор таҳвили таҷҳизот, техника ва дигар молҳои заруриро, ки ба стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандарти байналмилалӣ мутобиқат менамоянд, ба роҳ мемонад.
11.2. Сармоягузор лоиҳаро тавре амалӣ менамояд, ки:
- таъсири имконпазири экологии он ва ё зарар ба муҳити зист ба таври минималӣ бошад;
- ба таври бехатар ва самаранок тамоми партовҳои истеҳсолиро дар ҳудуди кон нобуд намояд.
11.3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати кутоҳ (дар давраи асосноккунии техникию иқтисодӣ) бояд ба Сармоягузор пешниҳодҳоро роҷеъ ба масъалаҳои экологӣ ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ки метавонанд ба амалисозии лоиҳа таъсир расонанд, барои тасдиқи имкониятҳои амалисозии лоиҳа аз ҷониби Сармоягузор пешниҳод менамояд.
11.4. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки паймонкорон ва паймонкорони фаръӣ қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидааст, дар рафти корҳои сохтмонӣ ва дар маҷмуъ истифодабарии корхона риоя намоянд.Сармоягузор инчунин уҳдадор мешавад, ки риояи қонунгузории вобаста ба меҳнат, тандурустӣ ва бехатариро аз ҷониби паймонкор ва паймонкорони фаръӣ таъмин намояд.
МОДДАИ 12 СУҒУРТА
Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки тамоми намудҳои суғуртаро, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, дар ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷии суғурта бо шартҳои имтиёзнок истифода намояд.
МОДДАИ 13 ҲИСОБОТДИҲӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ
13.1. Сармоягузор бояд ба таври пурра ва дуруст бурдани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти лоиҳа вобастабударо таъмин намуда, инчунин ҳифзи дахлдор ва бақайдгирии онҳоро дар дафтари кории ширкат таъмин намояд.
13.2. Сармоягузор ба худ уҳдадорӣ мегирад, ки ба мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ ҳисоботро оид ба идораи маъмурӣ ва фаъолияти молиявии худ ҳар се моҳ дар давоми 15 рӯз аз санаи анҷоми семоҳа пешниҳод менамояд. Чунин ҳисобот бояд дар шакли ҳисоботи молиявии семоҳа буда, тафсири асосноккунии техникию иқтисодии истифодашаванда ва дигар маълумоти дорои моҳияти хусусияти молиявӣ ва амалиётдоштаро дар бар гирад.
13.3. Дар ҳолати зарурӣ бо дархости хаттии мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ Сармоягузор маълумоти фавриро оид ба рафти амалисозии лоиҳа дар муҳлати дархостшуда пешниҳод менамояд.
МОДДАИ 14 ХАРИД, ИХТИЁРДОРӢ ВА ИНТИҚОЛИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ
Мутобиқи қонунгузории амалкунанда Ҳукумат розӣ мешавад, ки ба Сармоягузор иҷозат диҳад, таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот, мол, сӯзишворӣ, қувваи корӣ ва хизматрасонии зарурӣ барои босамар анҷом додани лоиҳа ва эҳтиёҷоти маъмурии сармоягузор зарурро ворид намояд, пардохти қарз бо доллари ИМА ва ё дигар асъори хориҷӣ аз рӯйи ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва бо риояи ҳамаи талаботи қонунгузории амалкунанда ба таври мунтазам ва доимӣ мубодила ва ба суратҳисобҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кушодашуда ва амалкунандаи Сармоягузор интиқол додани даромад, подош ва сармояи бадастомада пас аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, маблағҳои худро марбут ба созишномаи сармоягузории мазкур мубодила ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон интиқол диҳад, амалҳоеро, ки бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Сармоягузор барои харидани асъори хориҷӣ дар бозори кушод, имкон медиҳад, анҷом диҳад, ҳар гуна асъори хориҷӣ ба хориҷа дар ҳама гуна ҳаҷмро интиқоли диҳад, ё ин ки амалиёти суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз онро мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда пешгирӣ кунад ё маҳдуд намояд.
МОДДАИ 15 УСТУВОРИИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
15.1. Муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми муҳлати амали он, сарфи назар аз тағйиру иловаҳои минбаъда дар қонунгузории амалкунанда, эътибори худро нигоҳ медоранд.
15.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ созишномаи сармоягузории мазкурро ба феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузории мазкур ворид менамояд ва ҳамаи мақомоти давлатии ваколатдори дахлдорро дар бораи эътибор пайдо кардани созишномаи сармоягузории мазкур хабардор месозад.
15.3. Дар робита ба иҷрои созишномаи сармоягузории мазкур, асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи сохтмон, сармоягузор қонунгузории амалкунанда, созишномаи сармоягузории мазкур ва таҷрибаи байналмилалиро риоя менамояд. Ҳеҷ тағйирот дар қонунгузории амалкунанда пас аз имзои созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Сармоягузорро, ки дар созишномаи сармоягузории мазкур зикр шудаанд, бадтар гардонад. Тамоми шартҳои созишномаи сармоягузории мазкур эътибори худро дар давоми муҳлати амали он новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории амалкунанда нигоҳ медоранд. Тағйири шартҳои созишномаи сармоягузории мазкур танҳо бо розигии мутақобилаи Сармоягузор ва Ҳукумат амалӣ карда мешавад. Ба Сармоягузор ва паймонкорон ҳама гуна муқаррароти қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла тағйироти қонунгузорие, ки ба амалисозии лоиҳа монеа мешаванд, дахл нахоҳанд дошт.
15.4. Ҳукумат бо шарти риояи муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур тасдиқ менамояд, ки ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, ки бо ин ё он усул ҳуқуқ ва манфиатҳои мувофиқи созишномаи сармоягузории мазкур ба сармоягузор фароҳам оварда ё ба таври дигари қонунӣ аз ҷониби Сармоягузор тибқи созишномаи сармоягузории мазкур бадастовардаро вайрон мекунанд ё маҳдуд месозанд, нисбат ба сармоягузор ҷиҳати иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур амалӣ намегарданд.
15.5. Ҳангоми пеш аз анҷоми муҳлати муқарраргардида сохтан ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолие, ки лоиҳа пешбинӣ намудааст, инчунин тағйир ёфтани ҳаҷми сармоягузорӣ ё нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳа, эътибори созишномаи сармоягузории мазкур дар тамоми муҳлати амали он нигоҳ дошта шавад, аз ҷумла имтиёзҳои махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар намудааст, воқеӣ боқӣ мемонанд.
МОДДАИ 16 ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС-МАЖОР)
16.1. Ҳеҷ яке аз Тарафҳо барои иҷро нагаштан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани ягон намуди уҳдадорӣ доир ба созишномаи сармоягузории мазкур ҷавобгар нахоҳад буд, агар чунин иҷро нагаштан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидан дар натиҷаи ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ба вуқӯъ пайваста бошад.
16.2. Дар сурати фаро расидани ҳолати рафънопазир (форс-мажор), Ҳукумат ва Сармоягузор бояд:
(а) ба Тарафи дигар дар бораи чунин ҳолат дар муддати кӯтоҳтарин, валс ба ҳар ҳол дар муддати 60 (шаст) рӯз аз лаҳзаи маълум шудани чунин ҳолат огоҳии хаттӣ пешниҳод намояд ва дар он ҳолатро муфассал шарҳ дода, муҳлати эҳтимолии давомёбӣ ва оқибатҳои онро ба иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба созишномаи сармоягузории мазкур арзёбӣ кунад;
(б) бо мақсади коҳиш додани таъсири ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дар муддати кӯтоҳтарин чораҳои дахлдор андешад.
16.3. Дар мавриди ба вукӯъ омадани ҳолати рафънопазир (форс- мажор) Тарафҳо баҳри пайдо кардани роҳҳои баромадан аз чунии ҳолат машваратҳо доир карда, тамоми воситаҳои заруриро барои кам кардани оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷудомада истифода мебаранд.
16.4. Дар ҳолати пурра ё қисман қать шудани корҳои вобаста ба созишномаи сармоязузории мазкур, ки дар натиҷаи ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ба вуҷуд омадаанд, давраи бурдани ин корҳо ба муҳдати амали ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дароз карда шуда, аз лаҳзаи ба охир расидани чунин ҳолат аз нав барқарор хоҳанд шуд.
16.5. Агар бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир ба ақидаи тарафҳо амалисозии минбаъдаи лоиҳа ғайриимкон гардад ва тарафҳо аз уҳдаи амалисозии минбаъдаи лоиҳа набароянд ё иҷро намудани уҳдадориҳо тибқи созишномаи сармоягузории мазкур ғайриимкон шавад, сармоягузор ва Ҳукумат метавонанд аз пешбурди минбаъдаи корҳо аз рӯйи лоиҳа бе ягон ҷавобгарӣ даст кашанд.
16.6. Ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ҳамчун асос барои талаби ҷуброни зарар маҳсуб намеёбад.
МОДДАИ 17 ҚАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
17.1. Амали созишномаи сармоягузории мазкур метавонад бо розигии Тарафҳо хаттӣ қатъ карда шавад.
17.2. Амали созишномаи сармоягузории мазкур дар ҳолатҳои зерин метавонад яктарафа қатъ карда шавад:
бо ташаббуси Ҳукумат:
- агар Сармоягузор ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;
- агар Сармоягузор лоиҳаро дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда натавонад;
бо ташаббуси сармоягузор:
- агар Ҳукумат ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;
- агар Ҳукумат ё мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ба амалишавии лоиҳа монеа ва мушкилот эҷод намоянд.
17.3. Қатъи амали созишномаи сармоягузории мазкур боиси он мегардад, ки тамоми ҳуқуқҳо, имтиёз ва сабукиҳои тибқи созишномаи сармоягузории мазкур пешбинишуда бекор карда шаванд.
МОДДАИ 18 ГУЗАШТ КАРДАН
Созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ба тарафи сеюм гузашт карда шавад, агар Тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд. Созиши мазкур бояд бо протокол ба расмият дароварда шавад.
МОДДАИ 19 ҚОНУНГУЗОРИИ АМАЛКУНАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО
19.1. Созишномаи сармоягузории мазкур тибқи қонунгузории амалкунанда тафсир ва танзим карда мешавад.
19.2. Тарафҳо бояд кӯшиш намоянд, ки баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароварда шаванд.
19.3. Агар баҳс бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар муддати 60 (шаст) рӯз аз санаи ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ҳаллу фасл нагардад, он барои баррасӣ ба мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
19.4. Суд инҳоро ба асос мегирад:
- созишномаи сармоягузории мазкур;
- қонунгузории амалкунанда;
- қоидаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба сармоягузорӣ.
19.5. Дар сурати норозӣ будани яке аз Тарафҳо бо қарори суд, Тарафҳо ҳуқуқ доранд ба суди арбитражи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.
МОДДАИ 20 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
20.1. Созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.
20.2. Муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он 5 (панҷ) солро дар бар мегирад.
20.3. Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе “ “ соли 2024 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофи назар дар тафсири муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур, ба матни русии он афзалият дода мешавад.
АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАҲИМЗОДА СУЛТОН НУРМАҲМАДПУР
| АЗ ҶОНИБИ САРМОЯГУЗОР:
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттифоқи Бародарон”
ЛИ ХОУФУ |
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024, № 528
Номгӯй ва миқдори техника, таҷҳизот ва молҳои аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» оид ба лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб», ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз андоз аз арзиши иловашуда вабоҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шаванд
№ | Мавқеи молӣ тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ | Номгӯй | Воҳиди ченак | Миқдор |
1 | 8429 | Экскаватор | адад | 15 |
2 | 8429 | Боркунанда | адад | 20 |
3 | 8704 | Воситаҳои нақлиёти боркаш | адад | 30 |
4 | 8704 | Танкери сузишворӣ | адад | 2 |
5 | 8429 | Булдозерҳо | адад | 4 |
6 | 8705 | Танкери семент | адад | 2 |
7 | 2710 | Сӯзишвории дизелӣ | тонна | 5000 |
8 | 2710 | Равған барои муҳаррик | тонна | 100 |
9 | 4011 | Резиначархҳо ва покришкаҳо | адад | 1200 |
10 | 8429 | Автомошинаи нақлиёткашонӣ (трайлер) | адад | 2 |
11 | 8703 | Воситаҳои нақлиёти сабукрав (Пикап, УАЗ, ВАЗ) | адад | 15 |
12 | 8705 | Автокран | адад | 2 |
13 | 7308 | Сендвич панелҳо | м2 | 2000 |
Эзоҳ: Дар ҳолати мувофиқат накардани рамзҳои молии Номгӯйи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо тавсиф ва номи молҳои дар Номгӯйи мазкур дарҷгардида тавсиф ва номи молҳои Номгӯйи мазкур ба асос гирифта шуда, тибқи моддаи 40 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда мешавад.