ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» оид ба лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб»
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон» оид ба лоиҳаи «Иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин дар водии дарёи Муқсуи ноҳияи Лахш ва шохобҳои болооби он - дараҳои Сауксой, Каиндӣ ва Селдараи ноҳияи Мурғоб», ки 17 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттифоқи Бародарон»-ро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи сармоягузории мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 12 декабри соли 2024, № 1503
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ратификации Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью «Иттифоки Бародарон» по проекту «Разведка, оценка и геологическое изучение недр в долине реки Муксу Лахшского района, ее верхних притоков - ушельях Сауксой, Каинди и Селдара Мургабского района»
В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан и статьёй 13 Закона Республики Таджикистан «Об инвестиционном соглашении» Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
- Ратифицировать Инвестиционное соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью «Иттифоки Бародарон» по проекту «Разведка, оценка и геологическое изучение недр в долине реки Муксу Лахшского района, ее верхних притоков - ушельях Сауксой, Каинди и Селдара Мургабского района», подписанное 17 октября 2024 года в городе Душанбе.
- Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Общество с ограниченной ответственностью «Иттифоки Бародарон» о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Инвестиционного соглашения.
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан М. Зокирзода
г. Душанбе, 12 декабря 2024 года, №1503