×

Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он аз 29 ноябри соли 2024, № 616

Санаи амалкуни: 29.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2024, № 616

Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он (минбаъд – Тартиб) қоидаҳои таҳия ва пешбурди маълумоти оморӣ, инчунин шакли ҳисоботдиҳии онро оид ба масъалаҳои самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд – мақоми ваколатдор), мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ муайян мекунад.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- субъектҳои ҳисоботдиҳанда – субъектҳое, ки дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» пешбинӣ шудаанд;

- ҷиноятҳои асосӣ – ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки пеш аз қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир гардида, дар натиҷаи онҳо даромадҳо ба даст оварда шудаанд.

3. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ барои муайян намудани самаранокии чораҳои андешидашаванда дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва натиҷагирии онҳо, пешбурди маълумоти омориро тибқи Тартиби мазкур ба роҳ мемонанд.

4. Мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ бо мақсади ба роҳ мондани пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва пешниҳод намудани онҳо ба мақоми ваколатдор шахс (шахсон)-и масъулро таъин менамоянд.

5. Шахсони масъули мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ уҳдадоранд барои пешниҳоди саривақтии маълумоти оморӣ чораҳои дахлдор андешанд.

6. Мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ ба мақоми ваколатдор маълумоти омориро тибқи шакли ҳисоботдиҳии пешбининамудаи Тартиби мазкур дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд.

...

 

Приложение 
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан 
от «29» ноября 2024 года, №616

Порядок ведения статистических данных в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их форма отчетности

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения статистических данных в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их форма отчетности (далее – Порядок) определяет правила составления и ведения статистических данных, а также форму их отчетности по вопросам эффективности системы противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения уполномоченным органом по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения (далее – уполномоченный орган), надзорными, правоохранительными и иными государственными органами.

2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- подотчетные субъекты – субъекты, предусмотренные статьёй 6 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения»;

- основные преступления – преступления, предусмотренные пунктом а) части 1 статьи 57 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, предшествующие легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, вследствие которых получены доходы.

3. Уполномоченный орган, надзорные, правоохранительные и иные государственные органы ведут статистические данные в соответствии с настоящим Порядком для определения эффективности принимаемых мер в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их результативности.

4. Надзорные, правоохранительные и другие государственные органы с целью осуществления ведения статистических данных в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их предоставления в уполномоченный орган назначают ответственного лица (лиц).

5. Ответственные лица надзорных, правоохранительных и других государственных органов обязаны принимать соответствующие меры для своевременного предоставления статистических данных.

...