Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 563

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замима 
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 30 октябри соли 2024, № 563

 

Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабиро (минбаъд - Муассиса), новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ, ба танзим медарорад, инчунин мақсад, ҳуқуқ, уҳдадорӣ, вазифа ва самтҳои дигари фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

2. Мақсади асосии Муассиса фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбия ва таҳсилоти кӯдакони синну соли барвақтӣ ва томактабӣ мебошад.

3. Муассиса фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, Низомномаи мазкур ва оинномаи худ ба роҳ мемонад.

2. ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

4. Вазифаҳои асосии Муассиса аз инҳо иборат мебошанд:

- ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо дар назар доштани қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо;

- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълимгирии минбаъдаи кӯдакони синни томактабӣ бо дар назар доштани омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;

...

Приложение 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «30» октября 2024 года, №563

Типовое положение о дошкольных образовательных учреждениях Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

2. ФУНКЦИИ УЧРЕЖДЕНИЯ

- формирование физического, интеллектуального, нравственного и культурного развития детей дошкольного возраста с учетом их способностей, интересов и индивидуальных особенностей;

- формирование личности и закладка основы для дальнейшего обучения детей дошкольного возраста с учетом их подготовки к обучению в образовательных учреждениях общего образования;

- воспитание детей дошкольного возраста в духе уважения к культурным, национальным и общечеловеческим ценностям, любви к Родине, уважению к человеку и закону, государственным символам и языку, семье и обществу, а также сознательного отношения к окружающей среде и ее охране;

- обеспечение всестороннего развития личности ребенка в раннем и дошкольном возрасте с учетом возрастных и индивидуальных особенностей, способностей и потребностей, формирование моральных норм и содействие приобретению ребенком социального опыта;

- обучение начальным знаниям и навыкам в соответствии с государственным Стандартом дошкольного образования в Республике Таджикистан и программами дошкольного образования и воспитания;

- создание условий для воспитания, обучения и развития детей раннего и дошкольного возраста и их социализации;

- создание условий для формирования чувства патриотизма и национального самосознания, уважения общечеловеческих ценностей;

...