ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2015, № 256 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 563
...