Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 562

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» октябри соли 2024,№ 562

Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 308)

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомномаи мазкур) бо мақсади ба низом даровардани расмиёти ташкил ва фаъолияти марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадорӣ, хусусияти ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва талабот ба идоракунии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ)-ро, новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ, муқаррар менамояд.

2.Марказ амаликунандаи шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ мебошад, ки дар он инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, равонии кӯдакони аз 3 то 7 (6)-сола таъмин гардида, ҷиҳати тайёрии онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад.

3.Марказ бо мақсади расонидани кӯмаки амалии педагогӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоид дар кори таълиму тарбияи кӯдакони синни аз 3 то 7 (6) бо дар назар доштани майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур ташкил карда мешавад.

4.Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

5.Кӯдакони синни 3 то 7 (6), сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда, ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар Марказ ҳуқуқ доранд.

2. ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ

6.Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:

- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълиму тарбияи минбаъдаи кӯдакони синни 3 то 7 (6) бо дар назар доштани омодагирии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин ҳифз ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва равонии онҳо;

...
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» октябри соли 2024,№ 562

Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомномаи мазкур) бо мақсади ба низом даровардани расмиёти ташкил ва фаъолияти марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадорӣ, хусусияти ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва талабот ба идоракунии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ)-ро, новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ, муқаррар менамояд.

2.Марказ амаликунандаи шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ мебошад, ки дар он инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, равонии кӯдакони аз 3 то 7 (6)-сола таъмин гардида, ҷиҳати тайёрии онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад.

3.Марказ бо мақсади расонидани кӯмаки амалии педагогӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоид дар кори таълиму тарбияи кӯдакони синни аз 3 то 7 (6) бо дар назар доштани майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур ташкил карда мешавад.

4.Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

5.Кӯдакони синни 3 то 7 (6), сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда, ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар Марказ ҳуқуқ доранд.

2. ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ

6.Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:

- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълиму тарбияи минбаъдаи кӯдакони синни 3 то 7 (6) бо дар назар доштани омодагирии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин ҳифз ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва равонии онҳо;

- таъмини рушди озоди қобилият ва имкониятҳои баробар барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдакони синни 3 то 7 (6);

- муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишоф ва ҳисси худшиносии кӯдакони синни 3 то 7 (6) бо дар назар доштани қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои синнусолӣ ва инфиродии онҳо;

- фарогирии бештари кӯдакони синни 3 то 7 (6) ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ;

- дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

3.ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

7.Марказ бо ташаббуси муассис (муассисон) таъсис дода мешавад.

8.Марказ метавонад ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида ё ҳамчун воҳиди сохтории муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ таъсис дода шавад. Марказҳое, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти ғайритиҷоратӣ) ба ҳисоб мераванд.

9.Дар муассисаи таълимӣ дар сурати шумораи тарбиягирандагон аз ду гурӯҳ кам будан Марказ дар шакли гурӯҳ (гурӯҳҳо)-и инкишофи барвақтии кӯдак таъсис дода мешавад. Роҳбари муассисаи таълимӣ уҳдадор аст гурӯҳҳои мазкурро бо синфхона ва шароити мусоид барои таълиму тарбия, омӯзгор-мураббӣ ва талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур таъмин намояд. Ташкили раванди таълиму тарбия дар гурӯҳҳои мазкур тибқи меъёр ва муқаррароти Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

10.Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимӣ фаъолияти молиявии марказҳои сохтори худро таъмин менамояд.

11.Ташкили Марказ дар назди муассисаҳои таълимӣ набояд ба фаъолияти оинномавии онҳо мухолифат намояд.

12.Маркази дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ дар асоси оинномаи худ амал мекунад, ки он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Марказҳои мазкур дорои муҳр, штамп ва лавҳа бо забони давлатӣ мебошанд.

13.Марказ дар биное, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи санитарию гигиенӣ, зиддиэпидемиологӣ ва зидди сӯхтор ҷавобгӯй аст, таъсис дода мешавад.

14.Маркази дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълиму тарбия ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо менамояд.

15.Марказҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мегузаранд. Марказҳое, ки дар назди муассисаи таълимӣ таъсис дода шудаанд, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатиро дар як вакт бо муассисаи таълимӣ мегузаранд.

16.Таъсиси Марказ дар назди муассисаҳои давлатии таълимӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи муассисаи давлатии таълимӣ амалӣ карда мешавад.

17.Дар марказҳои давлатӣ гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

18.Гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар марказҳои ғайридавлатӣ шартномавӣ буда, метавонад бо қарори муассис (муассисон)-и он ба таври ройгон ё имтиёзнок бошад.

19.Новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар Марказ ройгон анҷом дода мешавад.

20.Хизматрасонии тиббии тарбиягирандагонро дар Марказ кормандони соҳаи тиб, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ин Марказ вобаста шудаанд, таъмин менамоянд. Онҳо баробари роҳбарони Марказҳо ва кормандони педагогӣ дар гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирии беморӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштии тарбиягирандагон масъул мебошанд.

21.Дар Марказ ҷойи хоб ва хӯрок барои тарбиягирандагон ташкил карда намешавад.

22.Дар Марказ ба ташкилу фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ташкилоти динӣ иҷозат дода намешавад.

23.Дар Марказ тибқи қонунгузорӣ бо ташаббуси худи Марказ (муассисаи таълимӣ) ва падару модарон кумита ва ассотсиатсияҳои падару модарон ва сарпарастон таъсис ёфта, фаъолияти он ба роҳ монда мешавад.

24.Реҷаи кори Марказ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассис (муассисон) ё мақоми ваколатдори дигар тасдиқ карда мешавад.

25. Маркази ғайридавлатӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари маркази давлатӣ уҳдадорӣ ва масъулият дорад.

26. Назорати фаъолияти ҳама намудҳои Марказ, новобаста ба мансубият, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда мешавад.

4. ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ

27. Идоракунии Марказ мутобиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва Низомномаи мазкур, амалӣ карда мешавад.

28. Роҳбари Марказ барои фаъолияти Марказ дар назди муассис тибқи оиннома масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

29. Мақоми олии худидоракунии Марказ шурои педагогӣ мебошад. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунии Марказ ва ваколати онҳо дар оинномаи Марказ муайян карда мешавад.

30. Ҷаласаҳои шурои педагогии Марказ дар 2 моҳ як маротиба гузаронида мешаванд. Ҳангоми зарурат дар Марказ ҷаласаи ғайринавбатии шурои педагогӣ гузаронида мешавад. Фаъолияти шурои педагогӣ дар низомномаи он муайян карда мешавад.

31. Дар Марказҳое, ки дар назди муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, мақоми олии худидоракунии онҳо шурои педагогии муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад, ки тартиби интихоб ва ваколатҳои он дар оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.

32. Шурои педагогии Марказ вазифаҳои асосии дар низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншударо амалӣ менамояд.

33. Ба ҳайати шурои педагогӣ Марказ (муассисаи таълимӣ) роҳбари Марказ, мушовири мақоми маҳаллии идоракунии маориф оид ба самти томактабӣ, омӯзгор-мураббӣ, мураббиён, раиси кумитаи падару модарон, ҳамшираи тиббӣ, роҳбари мусиқӣ, мутахассисон дохил мешаванд.

34. Роҳбарии бевоситаи Маркази дорои мақоми шахси ҳуқуқиро, мудири Марказ амалӣ мегардонад. Мудири Маркази мақоми ҷумҳуриявидошта аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мудири Маркази мақоми маҳаллидошта аз тарафи мақоми маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

35. Мудири Марказе, ки дар тобеияти ташкилоту идораҳо қарор дорад, аз ҷониби роҳбари ташкилоту идора ё мақоми ваколатдори дигари онҳо ва мудири Маркази ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассис (муассисон) ба мансаб таъин ва озод гардида, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва вазифаҳои ӯ тибқи Низомномаи мазкур ва оинномаи Марказ амалӣ карда мешавад.

36. Назорати бевоситаи Марказро, ки дар назди муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, роҳбари муассисаи таълимӣ амалӣ менамояд.

37. Роҳбари Марказеро, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ намебошад, роҳбари муассисаи таълимие, ки дар назди он Марказ фаъолият мекунад, ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.

38. Ба мудири Марказ ба ғайр аз роҳбарии корҳои эҷодию методӣ ишғоли дигар вазифаи роҳбарикунанда дар дохили Марказ ва ё муассисаи таълимие, ки дар назди он Марказ фаъолият мекунад, манъ аст.

39. Мудири Марказ тибқи шартнома ба муҳлати 5 сол ба мансаб таъин карда мешавад. Ҷойивазкунии мудири Марказ тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

40.Мудири Марказ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

-доштани таҳсилоти олии касбии педагогӣ бо ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ ва ё омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо собиқаи корӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ на кам аз 5-сола;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф;

-донистани масъалаҳои менеҷмент ва маблағгузорӣ дар соҳаи маориф.

41. Мудири Марказ (муассисаи таълимӣ) дар назди падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассис ва тарбиягирандагон барои ташкил ва сифати корҳои таълиму тарбия, сатҳи тарбияи онҳо, нигоҳ доштани саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, ҳолати молиявию хоҷагии Марказ масъул мебошад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАРКАЗ

42. Марказ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- фаъолияти таълимию тарбиявиро амалӣ намояд;

- сохтор ва басти вазифаҳои Марказро тартиб диҳад;

- фаъолияти дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.

43. Марказ уҳдадор аст:

- ҷараёни таълиму тарбияро мутобиқи талаботи стандарти давлатӣ ва барномаҳои таҳсилоти томактабӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ намояд;

- сифати таълиму тарбияи томактабиро таъмин намояд;

- шароити бехатарро ҳангоми ташкили раванди таълим фароҳам оварад;

- шароити заруриро барои расонидани ёрии тиббӣ ба тарбиягирандагон фароҳам созад;

- падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) -и тарбиягирандагонро, ҳангоми қабули кӯдак ба Марказ, бо Низомномаи мазкур шинос намояд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар гузаронидани арзёбии сифати таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат намояд;

- уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намояд.

6. РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МАРКАЗ

44. Раванди таълиму тарбия дар Муассиса тибқи стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаю барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

45.Раванди таълиму тарбия тибқи реҷаи рӯз ва ҷадвали машғулиятҳо, ки бо дар назар доштани хусусиятҳои синнусолии кӯдакон таҳия шуда, аз ҷониби мудири Марказ (муассисаи таълимӣ) тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад.

46.Давраи таҳсил дар Марказ аз 1 сентябр то 1 июн буда, дар фасли тобистон кӯдакон ба таътил фаро гирифта мешаванд.

47.Дар Марказ гурӯҳҳои зерини таълимӣ ташкил карда мешаванд:

- гурӯҳи таълимии томактабӣ аз ҳисоби кӯдакони 3-7 (6)-сола;

- гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб аз ҳисоби кӯдакони 6-7-сола;

- гурӯҳи инкишофи ҷисмонӣ;

- маҳфилҳои оилавӣ аз рӯйи завқу рағбат;

- гурӯҳ барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ, ки ба кумакҳои педагогию психологӣ ва тиббию иҷтимоӣ ниёз доранд (лекотека);

- гурӯҳҳои мавсимӣ;

- гурӯҳҳои бозӣ;

- гурӯҳи инкишоф вобаста ба майлу рағбат ва завқ (зебоипарастӣ, ҷисмонӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра).

48.Давомнокӣ ва теъдоди машғулиятҳо тибқи барномаи таълимӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ чунин муайян карда мешаванд:

- 20 дақиқа барои тарбиягирандагони 3-4-сола;

- 25 дақиқа барои тарбиягирандагони 4-5-сола;

- 30 дақиқа барои тарбиягирандагони 5-7 (6)-сола;

- давомнокии танаффус дар байни машғулиятҳо на камтар аз 10 дақиқа.

49.Шумораи тарбиягирандагон дар гурӯҳҳои таълимии Марказ то 25 нафар муқаррар мегардад.

50.Фаъолияти Марказ дар як ҳафта 5 рӯз (душанбе то ҷумъа) ташкил карда мешавад.

51.Дар Марказ машғулиятҳои таълимӣ метавонад дар ду баст ташкил карда шуда, давомнокии машғулиятҳо барои як гурӯҳ дар як рӯз аз 3 соат зиёд буда наметавонад.

52.Субъектҳои раванди тарбия ва таълим дар Марказ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

7. ҚАБУЛИ ТАРБИЯГИРАНДА БА МАРКАЗ

53.Ба Марказ кӯдакони синни аз 3 то 7 (6) қабул карда мешаванд.

54.Қабули кӯдакон ба Марказ тибқи низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

55.Ҳангоми қабули кӯдакон ба Марказ маъмурияти Марказ уҳдадор аст, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягирандаро бо оинномаи Марказ (муассисаи таълимӣ), барномаи таълимӣ, шароити таълиму тарбия ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи раванди таълиму тарбия шинос намояд.

56.Муносибати байни маркази ғайридавлатӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда дар асоси шартнома ба танзим дароварда мешавад.

57. Кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, кӯдакони маъюб ба гурӯҳҳои дорои самти тасҳеҳӣ, фарогирӣ (ҷубронкунанда)-и Марказ бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар асоси хулосаи комиссияи равонӣ-тиббӣ-педагогӣ қабул карда мешаванд.

58. Дар Марказҳои махсусгардонидашуда гурӯҳҳо вобаста ба теъдоди кӯдакон ва синну соли онҳо тибқи низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

59. Ба Маркази дигар гузаронидани тарбиягиранда бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда анҷом дода мешавад.

60. Тарбиягирандагон аз Марказ бо тартибе, ки низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, хориҷ карда мешавад.

61. Дар ҳолатҳои гирифтани табобат дар санаторияву истироҳатгоҳҳо, ҳангоми беморӣ ё рухсатии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда, инчунин дар фасли тобистон, новобаста ба давомнокии рухсатии падару модар, ҷойи кӯдак дар Марказ то 75 рӯз нигоҳ дошта мешавад.

8. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ МАРКАЗ

62. Сарчашмаи маблағгузории фаъолияти тарбиявию таълимӣ, хоҷагиву иқтисодии Маркази давлатиро маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои муассис ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташкил медиҳанд.

63. Марказҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, фаъолият мекунад.

64. Маблағҳои Марказ мутобиқи мақсадҳои оинномавии он истифода мегарданд.

65. Меъёрҳои маблағгузории Маркази ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории Маркази давлатӣ кам буда наметавонанд.

66. Марказ ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ тартиб дода, онро дар муҳлати муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад. Шаклҳои ҳисобот, суроға ва муҳлати пешниҳоди онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.