Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст аз 15 августи соли 2022, № 599

Санаи амалкуни: 11.11.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1186

Замима
бо фармоиши вазири тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 августи соли 2022, № 599
тасдиқ гардидааст

ТАРТИБ ВА МЕЪЁРҲОИ БА ҲИСОБ ГИРИФТАН Ё БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗИ АКСИЗЕ, КИ БАРОИ СПИРТИ ЭТИЛӢ АЗ ҶОНИБИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ВА ДОРУХОНАҲО БО МАҚСАДИ ТИББӢ, ИНЧУНИН АЗ ТАРАФИ КОРХОНАҲОИ ФАРМАТСЕВТӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ДОРУВОРӢ ИСТИФОДАШАВАНДА ПАРДОХТ ШУДААСТ


1. Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст (минбаъд - Тартиб) дар асоси қисми 5 моддаи 288 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, мақсади он ба танзим даровардани андози аксиз ҳангоми истифодаи спирти этилӣ бо мақсади тиббӣ мебошад.

2. Барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст, меъёри масрафи спирти этилӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳо, ки дар замимаи 1 Тартиби мазкур оварда шудааст ва меъёри масрафи спирти этилӣ (ректификат) барои истеҳсоли воситаҳои доруворие, ки дар корхонаҳои дорубарорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд, ки дар замимаи 2 Тартиби мазкур оварда шудааст, истифода бурда мешавад.

3. Андози аксиз ба андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо истифодабарии спирти этилӣ бо мақсади тиббӣ алоқаманд мебошад, тибқи Тартиби мазкур баргардонида мешавад.

4. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 117 ва 118 Кодекси андоз амалӣ карда мешавад.

5. Андозсупоранда барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андози маҳаллӣ пешниҳод менамояд:

- нусхаи шартнома (қарордоди)-и таҳвили дорувории истеҳсолшуда;

- нусхаи ҳисобнома-фактура, ки пардохти андози аксизиро ҳангоми харидории молҳои зераксизӣ (ашёи хом) барои мақсадҳои тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ пешбинӣ менамояд;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андози аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (ашёи хом) зераксизии барои коркард додашуда;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти ашёи хом.

6. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5 Тартиби мазкур дарҷгардида барои тасдиқи асоснокии баргардонидан (баҳисобгирӣ)-и андози аксизӣ аз ҷониби шахсоне, ки дар банди 3 ҳамин Тартиб зикр шуда, баргардонидани андозро талаб менамоянд, пешниҳод карда мешаванд.

7. Мақомоти андози маҳаллӣ асоснокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида оид ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағи андози аксизиро баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби муроҷиаткунанда пешниҳод гардидани дархост оид ба баргардонидани андози аксизӣ хулоса пешниҳод менамояд.

8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи пешниҳоднамудаи мақомоти андози маҳаллиро вобаста ба меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ баррасӣ намуда, дар ҳолати мутобиқат намудан ба талаботи Тартиби мазкур онро дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ ба муроҷиаткунанда (муасиссаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои фарматсевтӣ) бармегардонад.


Замимаи 1

 


Ба Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст


Меъёри масрафи спирти этилӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳо

Номгӯйи муассисаҳо

Ҳисоботи нишондодҳо

бо грам

1

Муассисаҳои беморхонагӣ

Барои 1 натиҷаи табобаткардашуда

400

2

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ

Ба 1 истиқоматкунандаи вобастакардашуда дар як сол

50

3

Муассисаҳои дорухонагӣ

Дар 1000 дорухати экстемпоралӣ

2800



Замимаи 2


 

Ба Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст


Меъёри масрафи спирти этилӣ (ректификат) барои истеҳсоли воситаҳои доруворие, ки дар корхонаҳои дорубарорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд

№т

Номгӯйи маводи дорувории истеҳсолшаванда

Масрафи спирти этилӣ дар як воҳиди дорувории истеҳсолшаванда

Таркиби спирти 100%

Таркиби спирти 70%

Таркиби спирти 95%

кг

кг

кг

Кислотаи борид, маҳлули спирти 1% ва 3%, 10 мл ВФС 42 Тj-00 18-04

0,007

0,008854

Кислотаи борид, маҳлули спирти 1% ва 3%, 25 мл ВФС 42 Тj-00 18-04

0,0175

0,022135

Кислотаи борид, маҳлули спирти 1% ва 3%, 40 мл ВФС 42 Тj-00 18-04

0,028

0,035416

Кислотаи борид, маҳлули спирти 1% ва 3%, 50 мл ВФС 42 Тj-00 18-04

0,035

0,04427

Бриллианти кабуд, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ), 1% ва 2%, 10 мл ВФС 42 Тj-0015-04

0,00532

0,0056

Бриллианти кабуд, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ), 1% ва 2%, 25 мл ВФС 42 Тj-0015-04

0,0133

0,014

Камфора, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ)

2 % ва 10 %, 40 мл ВФС 42 Тj-0019-04

0,0252427

0,035416

Левомитсетин, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ)

1 % 10 мл ФС 42-937-79

0,007

0,008854

Левомитсетин, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ)

1 % 25 мл ФС 42-937-79

0,0175

0,022135

Левомитсетин, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ)

3 % 10 мл ФС 42-937-79

0,007

0,008854

Левомитсетин, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ)

3 % 25 мл ФС 42-937-79

0,0219697

0,022135

Меновазин, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 40 мл ВФС 42 Тj-0021-04

0,0354758

0,04

Тинктураҳо аз гиёҳҳо дар спирти 70 % 50 мл

0,035

0,05

0,0454056

Тинктураҳо аз гиёҳҳо дар спирти 70 % 40 мл

0,028

0,04

0,03632448

Тинктураҳо аз гиёҳҳо дар спирти 45 % 50 мл

0,0225

0,03214286

0,02918932

Тинктураҳо аз гиёҳҳо дар спирти 45 % 40 мл

0,018

0,02571429

0,02335145

Тинктураи решаи валериана (Valerianae tinctura) 50 мл

0,0225

0,02845929

0,023684211

Тинктураи решаи сунбула (Valerianae tinctura) 40 мл

0,018

0,02276743

0,018947368

Тинктураи озариён (гули ҳамешабаҳор) 50 мл, ГФ Х, ст. 684 ФС 42/194/37

0,035

0,05

0,0454056

Тинктураи озариён (гули ҳамешабаҳор) 40 мл, ГФ Х, ст. 684 ФС 42/194/37

0,028

0,04

0,03632448

Тинктураи газнаи сагак 50 мл, ГФ Х, ст. 684 ФС 42/194/37

0,035

0,05

0,0454056

Тинктураи газнаи сагак 40 мл, ГФ Х, ст. 684 ФС 42/194/37

0,028

0,04

0,03632448

Кислотаи салитсилат, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 2% по 25 мл ВФС Тj-0017-04

0,0175

0,013281

Кислотаи салитсилат, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 2% по 40 мл ВФС Тj-0017-04

0,028

0,026562

Эксиракти моеъи зарринбех (Rhodiolae extract fluid), 50 мл

Родиолы экстракт жидкий (Rhodiolae extract fluid) 50 мл

0,0225

0,03214286

0,02918932

Эксиракти моеъи зарринбех (Rhodiolae extract fluid), 40 мл

0,018

0,02571429

0,02335145

Экстракт аз гиёҳҳо дар спирти 70 % 50 мл

0,035

0,05

0,0454056

Экстракт аз гиёҳҳо дар спирти 70%, 40 мл

0,028

0,04

0,03632448

Экстракт аз гиёҳҳо дар спирти 45%, 50 мл

0,0225

0,03214286

0,02918932

Экстракт аз гиёҳҳо дар спирти 45%, 40 мл

0,018

0,02571429

0,02335145

Маҳлули тиббии антисептикӣ 95 %, 100 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,095

0,1

Маҳлули тиббии антисептикӣ 95 %, 50 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,0475

0,05

Маҳлули тиббии антисептикӣ 95 %, 250 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,02375

0,025

Маҳлули тиббии антисептикӣ 90 %, 100 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,09

0,094736842

Маҳлули тиббии антисептикӣ 90 %, 50 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,045

0,047368421

Маҳлули тиббии антисептикӣ 90 %, 25 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,0225

0,023684211

Маҳлули тиббии антисептикӣ 70 %, 100 мл,

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,07

0,1

0,073684211

Маҳлули тиббии антисептикӣ 70 %, 50 мл,

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,035

0,05

0,0454056

Маҳлули тиббии антисептикӣ 70 %, 25 мл,

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,0175

0,025

0,0227028

Маҳлули тиббии антисептикӣ 40 %, 100 мл,

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,04

0,05714286

0,05189212

Маҳлули тиббии антисептикӣ 40 %, 50 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,02

0,02857143

0,02594606

Маҳлули тиббии антисептикӣ 40 %, 50 мл

ГОСТ 59-62-67 ГФ Х, ст. 631

0,01

0,01428571

0,01297303

Йод + [калия йодид + этанол] маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 5 % 25 мл

0,02375

0,03081094

Йод + [калия йодид + этанол] маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 5 % 15 мл

0,01425

0,01848657

Йод + [калия йодид + этанол] маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 5 % 10 мл

0,0095

0,01232438

Сиропи Пертуссин 100 г

0,003857

0,00406

Сиропи Пертуссин 125 г

0,0048213

0,005075

Сиропи решаи ширинбия (Glycyrri hizaeradicis syrup) 50 г

0,0117082

0,01

Сиропи решаи ширинбия (Glycyrri hizaeradicis syrup) 100 г

0,0058541

0,005

Корвалол, қатраҳо барои қабули дохилӣ, 25 мл

0,0187625

0,01975

Кислотаи мурча, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 1,4%, 100 мл

0,0611103

0,08730044

Кислотаи мурча, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 1.4%, 50 мл

0,0305552

0,04365022

Кислотаи мурча, маҳлул барои истифодаи берунӣ (спиртӣ) 1.4%, 25 мл

0,0152776

0,02182511

Хлоргексидин+фуратсилин+спирти этилӣ, маҳлул барои истифодаи берунӣ 200 мл

0,030989

0,04427

Хлоргексидин+фуратсилин+спирти этилӣ, маҳлул барои истифодаи берунӣ 150 мл

0,0154945

0,022135

Хлоргексидин+фуратсилин+спирти этилӣ, маҳлул барои истифодаи берунӣ 100 мл

0,0232418

0,0332025

Хлоргексидин+фуратсилин+спирти этилӣ, маҳлул барои истифодаи берунӣ 50 мл

0,0077473

0,0110675

Хлоргексидин+фуратсилин+спирти этилӣ, маҳлул барои истифодаи берунӣ 25 мл

0,0038736

0,00553375

Эргокалтсиферол, қатраҳо барои қабули дохилӣ, 10 мл

0,004

0,00505943

0,004210526

Приложение утвержден распоряжением

министра здравоохранения и

социальной защиты населения

Республики Таджикистан

от 15 августа 2022года, №599

Порядок и нормы зачёта или возврата акцизного налога на этиловый спирт, используемого в медицинских целях медицинскими учреждениями и аптеками, а также фармацевтическими предприятиями для производства медикаментов

1. Порядок и нормы зачёта или возврата акцизного налога для оплаты этилового спирта используемого в медицинских целях медицинскими учреждениями и аптеками, а также фармацевтическими предприятиями при производстве медикаментов (далее - Порядок) разработан в соответствии с частью 5 статьи 288 Налогового Кодекса Республики Таджикистан с целью регулирования акцизного налога при использовании этилового спирта в медицинских целях.

2. Для зачёта или возврата акцизного налога для оплаты этилового спирта используемого в медицинских целях медицинскими учреждениями и аптеками, а также фармацевтическими предприятиями при производстве медикаментов используется нормативы потребления этилового спирта для учреждений здравоохранения, который прилагается в предложения 1 к настоящее Порядок и расхода этилового спирта (ректификата) для производства лекарственных средств, производимых фармацевтическими предприятиями в Республике Таджикистан, который прилагается в предложения 2 к настоящее Порядок.

3. Акцизный налог подлежит возврату налогоплательщику, деятельность которого связана с использованием этилового спирта в медицинских целях в соответствии с настоящим Порядком.

4. Зачёт или возврат акцизного налога осуществляется в соответствии со статьями 117 и 118 Налогового Кодекса.

5. Налогоплательщик для зачета или возврата акцизного налога в местный налоговый орган представляет следующие документы:

- копию договора (соглашение) на поставку изготовленных лекарственных препаратов;

- копия счет фактуры, налоговых деклараций налога на добавленную стоимость и акцизов при покупке подакцизных товаров в медицинских целях и производства лекарственных средств;

- подтверждающих документов оплаты акцизного налога со стороны владельца подакцизных товаров (сырья) переданных для переработки;

- подтверждающих документов воз сырья;

6. Документы, указанные в пункте 5 настоящего Порядка, представляются лицами, указанными в пункте 3 настоящего Порядка и запрашивающими возврат налога, для подтверждения обоснованности возврата (учета) акцизного налога.

7. Местый налоговый орган проверяет обоснованность представленных документов об исчислении или возврате суммы акцизного налога и сообщает о результате заявителю и представляет заключение в Министерство финансов Республики Таджикистан в течение 15 календарных дней с момента заявление о возврате акцизного налога подается заявителем.

8. Министерство финансов Республики Таджикистан рассматривает представленное заключение местным налоговым органом о критериях исчисления или возврата суммы акцизного налога и в случае его соответствия требованиям настоящего Порядка возвращает его заявителю (медицинскому учреждений, аптек и фармацевтических предприятий) в течение 15 календарных дней.

Приложение 1-2