Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1186
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст
190.010.000
Мутобиқи қисми 5 моддаи 288 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
- Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
- Роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои фарматсевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намоянд.
- Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
- Фармоиши вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2006, №507 «Дар бораи меъёрҳои истеъмоли спирти этилӣ, андози аксиз, ки бояд баргардонида ё ба ҳисоб гирифта шавад», ки дар Вазорати адлия 18 сентябри соли 2006, №230 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
- Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
- Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир гузошта шавад.
Вазир Ҷамолиддин Абдуллозода
ш. Душанбе, аз 15 августи соли 2022 №599
Зарегистрировано
Министерством юстиции
Республики Таджикистан
2 сентября 2022 года,
регистрационный номер 1186
МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ
ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Порядке и норм зачёта или возврата акцизного налога на этиловый
спирт, используемого в медицинских целях медицинскими учреждениями и аптеками, а
также фармацевтическими предприятиями для производства медикаментов
190.010.000
В соответствии с частью 5 статьи 288 Налогового
кодекса Республики Таджикистан, статьей 57 Закона Республики
Таджикистан "О нормативных правовых актах" и пунктом 10 Положения Министерства
здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан,
утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта
2014 года, №148,
РАСПОРЯЖАЮСЬ
1. Утвердить Порядок и нормы зачёта или возврата акцизного налога на этиловый
спирт, используемого в медицинских целях медицинскими учреждениями и аптеками, а
также фармацевтическими предприятиями для производства медикаментов (прилагаются).
2. Руководителям лечебно-профилактических учреждений, аптек и
фармацевтических предприятий, независимо от форм собственности и ведомственной
подчиненности, обеспечить выполнение настоящего распоряжения.
3. Настоящее распоряжение представить на государственную регистрацию в
Министерство юстиции Республики Таджикистан.
4. Признать утратившим силу распоряжение министра здравоохранения Республики
Таджикистан от 17 августа 2006 года, №507 "О нормах использования этилового
спирта, учитываемого при зачете или возврате акцизного налога",
зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 18 сентября
2006 года, за №230.
5. Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации
и официального опубликования.
6. Контроль исполнения настоящего распоряжения возложить на первого
заместителя министра.
Министр Джамолиддин Абдуллозода
г.Душанбе,
от 15 августа 2022 года №599