Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1184
Бо фармоиши вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 майи соли 2022,
№ 85тасдиқ шудааст
ДАСТУРАМАЛ ДАР БОРАИ ИСТИФОДАБАРИИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУСИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ, КИ АЗ ҲИСОБИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕШАВАНД
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (минбаъд - Дастурамал), тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳои ташкилотҳои буҷетиро аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, иҷрои кор ва дигар намудҳои маблағҳои махсус муайян менамояд.
2. Маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ, маблағҳои супоришӣ ва дигар намудҳои маблағгузорӣ (грантҳо, кумакҳои молиявӣ) ташаккул меёбанд.
3. Маблағҳои махсус дар асоси сметаи даромад ва хароҷот, ки аз тарафи ташкилоти буҷетӣ тартиб дода мешавад, хароҷот карда мешавад. Сметаи ташкилотҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз тарафи тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда шуда, бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Сметаи ташкилотҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда аз тарафи тақсимкунандагони маблағҳои буҷети маҳаллӣ тасдиқ карда шуда, бо мақомоти молия дар маҳалҳо мувофиқа карда мешавад.
4. Сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсус ин ҳуҷҷате мебошад, ки дар он даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ аз рӯйи гурӯҳбандии буҷетӣ дарҷ гардида, дар низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (минбаъд - низоми иттилоотӣ) ҳамчун дархости буҷетӣ ба қайд гирифта мешавад.
5. Дархости буҷетӣ рамзи алоҳида дар низоми иттилоотӣ мебошад, ки барои пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи амалиёти даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ истифода бурда мешавад.
6. Маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи мансубият ба суратҳисобҳои хазинадории маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ва суратҳисобҳои махсуси хазинадории маҳаллӣ (минбаъд - суратҳисобҳои махсус хазинадорӣ) ворид гардида, хароҷоти онҳо аз ҳамин суратҳисобҳо амалӣ карда мешавад.
7. Маблағҳои нақдие, ки аз ҳисоби иҷрои кор ё хизматрасониҳо ба хазинаи ташкилотҳои буҷетӣ даромад мешаванд, ба таври ҳатмӣ ба суратҳисобҳои махсуси хазинадорӣ гузаронида мешаванд. Ҳама гуна муомилоти пулӣ ҳангоми иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилоти буҷетӣ бо пули нақд, кортҳои бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ анҷомдодашаванда тибқи муқаррароти амалкунанда бо истифода аз дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ба роҳ монда мешаванд.
8. Муқаррар намудани манбаъҳои нави даромади маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин самтҳои хароҷоти онҳо аз рӯйи мансубият ба сатҳҳои буҷет дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти молия дар маҳал амалӣ карда мешавад.
2. МАБЛАҒҲОИ ХУДӢ, СУПОРИШӢ ВА ДИГАР НАМУДИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУС
9. Маблағҳои худӣ маблағҳое мебошанд, ки ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ (фурӯши маҳсулот, иҷрои кор, хизматрасонӣ) даромад ба даст меоранд.
10. Маблағҳои супоришӣ маблағҳое мебошанд, ки ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби иҷро намудани супоришҳои муайяни дигар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо ба даст меоранд.
11. Ташкилотҳои буҷетие, ки аз дигар ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳои супориширо дастрас намуда, дар соли молиявӣ онро мувофиқи таъинот истифода набурдаанд, уҳдадоранд на дертар аз 31 декабри соли буҷетӣ онро ба муассисаи пардохтнамуда баргардонанд, агар дар шартнома дигар муқаррарот муайян нашуда бошад.
12. Дигар намудҳои маблағҳои махсуси ташкилотҳо аз грантҳои созмонҳои байналмилалӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои сарпарастон ва дигар маблағҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои намояндагӣ ва ғайра ворид мешаванд, инчунин даромадҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, иборат мебошанд. Ин маблағҳо мутобиқи шартнома ва дигар созишномаҳои бо ташкилоти буҷетӣ басташуда мақсаднок истифода бурда мешаванд.
3. ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ИСТИФОДАБАРИИМАБЛАҒҲОИ МАХСУС
13. Барои ташаккул додани маблағҳои махсус дар асоси Дастурамали мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дастурамал тартиб дода мешавад, ки дар он сарчашмаи даромади маблағҳои махсус ва самтҳои хароҷоти он аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ дарҷ карда мешавад.
14. Дастурамали ташкилотҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда бо мақомоти молияи дахлдори маҳаллӣ мувофиқа карда мешавад.
15. Ташкилотҳои буҷетӣ метавонанд барои ҳар як намуди алоҳидаи маблағҳои махсус дар хазинадорӣ дархости буҷетии алоҳида кушоянд ва аз рӯйи гурӯҳбандии даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии онҳоро дар алоҳидагӣ амалӣ намоянд.
16. Ташкилотҳои буҷетие, ки маблағҳои махсус доранд, ҳар сол сметаи даромад ва хароҷотро аз рӯйи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Дар сметаи даромад ва хароҷот пеш аз ҳама моддаҳои хароҷотии афзалиятноке, ки аз рӯйи барномаҳои соҳавӣ муайян гардидаанд ва имконияти маблағгузорӣ намудани онҳо аз ҳисоби буҷет маҳдуд аст, нишон дода мешаванд.
17. Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷет ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ барои ҳар як соли молиявӣ дар доираи талаботи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Аз маблағҳои махсуси тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳои ташкилотҳои зертобеи онҳо ташаккул меёбанд, пардохтҳо ба буҷет ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ҳисоб карда намешаванд.
18. Пардохти маблағи ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад. Ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи сатҳи маблағгузории буҷетӣ уҳдадоранд ҳиссаҷудокуниро ба буҷетҳои дахлдор (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) дар муҳлати муқарраргардида пардохт намоянд.
19. Ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд, ки маблағҳои махсусро дар доираи сметаи тасдиқшуда ва воридоти ҳақиқии даромадҳо хароҷот намоянд. Харҷномаи маблағҳои махсус аз 1 январ то 31 декабри соли молиявӣ амал мекунад.
20. Бақияи маблағҳои махсус, ки дар охири соли молиявӣ ба вуҷуд меояд, дар соли ояндаи молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ дар асоси сметаи алоҳидаи тасдиқшуда истифода бурда мешаванд. Дар ҳолати қарздор будани ташкилоти буҷетӣ дар назди буҷет ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ дар натиҷаи ҷамъбасти соли молиявӣ, уҳдадории мазкур дар сметаи аз ҳисоби бақияи ба охири сол ташаккулёфта пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.
21. Ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳолати касри буҷети давлатӣ метавонанд аз рӯйи мансубият ба сатҳи буҷет дар мувофиқа бо Вазорати молия ва мақомоти он дар маҳал хароҷотро дар доираи сметаи буҷети тасдиқгардида аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ маблағгузорӣ намоянд.
22. Хароҷоти сметаи маблағҳои махсус мувофиқи мақсадҳои дар дастурамали тасдиқнамудаи ташкилотҳои буҷетӣ оид ба истифодаи маблағҳои махсус тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
23. Даромадҳои барзиёд воридгардида дар давоми сол танҳо дар асоси сметаи иловагӣ тасдиқ ва хароҷот карда мешаванд.
24. Ворид намудани тағйирот ба моддаҳои хароҷотии сметаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда бо фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда бо фармоиши роҳбари мақомоти молияи дахлдори маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
4. ТАРТИБИ КУШОДАНИ ДАРХОСТҲОИ БУҶЕТӢ БАРОИ МАБЛАҒҲОИМАХСУСИ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ
25. Дархостҳои буҷетӣ барои маблағҳои махсус аз рӯйи минтақаи ҷойгиршавии ташкилотҳои буҷетӣ ва тобеияти сатҳи буҷетии онҳо аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати молия ва мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо кушода мешавад.
26. Амалиётҳои дар дархости буҷетии маблағҳои махсус дарҷгардида асоси баҳисобгирии муҳосибии иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоб мераванд.
5. ПЕШБУРДИ БАҲИСОБГИРИИ ДАРОМАДҲОИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУС
27. Маблағҳои, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ба суратҳисобҳои маблағҳои махсуси хазинадорӣ ворид мешаванд, тибқи иқтибоси бонкӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
28. Дар ҳолати саҳван ворид гардидани маблағ ба дархости буҷетӣ, ташкилоти буҷетӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ онро баргардонад.
29. Дар ҳолати ворид гардидани маблағҳое, ки гирандаи онҳо маълум нест, ин маблағҳо аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ ба ҳисоби алоҳидаи “маблағҳои номуайян” гузаронида шуда, то муайян гардидани гирандаи онҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолати то се соли молиявӣ муайян нагардидани пардохтгиранда маблағи мазкур ба буҷети дахлдор гузаронида мешавад.
6. ПЕШБУРДИ БАҲИСОБГИРИИ ХАРОҶОТИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУС
30. Сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси тасдиқшудаи ташкилоти буҷетӣ ҳуҷҷати асосӣ барои амалӣ намудани амалиётҳои хароҷоти ин ташкилотҳо ҳисобида мешавад.
31. Иҷрои смета тавассути низоми иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.
32. Барои амалӣ намудани хароҷот аз тарафи корманди ваколатдори мақомоти хазинадорӣ ҳуҷҷатҳои пардохтии ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳои махсуси ташкилот тариқи низоми иттилоотӣ қабул ва иҷро карда мешаванд.
33. Маблағгузории нақдӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
34. Маблағҳои баргардонидашудаи қарзи дебиторӣ, ки дар рафти иҷрои смета дар ташкилоти буҷетӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин маблағҳое, ки ба ташкилоти буҷетӣ бозпас гардонида мешаванд, дар моддаи хароҷотии дахлдор барқарор карда мешаванд.
35. Амалиёти вобаста ба хароҷоти маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ки тавассути суратҳисобҳои маблағҳои махсуси хазинадорӣ анҷом дода мешаванд, дар низоми иттилоотӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
36. Мақомоти хазинадорӣ дар ҳолатҳои зерин супоришномаҳои пардохтро аз ҳисоби маблағҳои махсус қабул намекунад:
- нокифоя будани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар дархости буҷетӣ;
- мувофиқат накардани имзоҳо ва муҳри ҳуҷҷатҳои маблағгузаронӣ бо имзоҳо ва муҳри намунаи варақаи пешниҳодшуда;
- пешниҳод накардани сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсус;
- пешниҳод нагардидани хуҷҷатҳои асоснокии маблағгузорӣ;
- мувофиқат накардани хароҷотҳои дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои буҷетӣ нишондодашуда бо моддаҳои хароҷотии гурӯҳбандии буҷет;
- нодуруст будани нишонаҳои бонкӣ (реквизитҳо) дар супоришномаҳои пардохтӣ;
- дар сурати риоя нагардидани банди 18 Дастурамали мазкур.
37. Дар дархости буҷетии ташкилотҳои буҷетӣ чунин амалиётҳо дарҷ карда мешаванд:
- воридоти даромадҳо;
- амалӣ намудани хароҷотҳо;
- баргардонидани маблағҳо (барқароршавии хароҷотҳои хазинавӣ);
- гардиши маблағҳо дар дохили суратҳисоб (амалиётҳои дохилӣ).
38. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ варақаи гардишии маблағҳои махсуси худро метавонанд мунтазам ва бемаҳдудият аз низоми иттилоотӣ дастрас намоянд.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
39. Ташкилотҳои буҷетӣ тибқи шакли муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа (семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона) ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ оид ба иҷрои сметаи маблағҳои махсус ҳисобот пешниҳод менамоянд.
40. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ҳисоботи маҷмуии маблағҳои махсусро ҳар семоҳа (семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона) ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
41. Шахсони масъул барои риоя накардани талаботи Дастурамали мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 августа 2022 года,
регистрационный номер 1184.
Утверждено
распоряжением Министра финансов
Республики Таджикистан
ИНСТРУКЦИЯ ОБ ИСПОЛЬЗОВАНИИ СПЕЦИАЛЬНЫХ СРЕДСТВ БЮДЖЕТНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ И УЧРЕЖДЕНИЙ, ФИНАНСИРУЕМЫЕ ЗА СЧЕТ ГОСУДАРСТВЕННОГО БЮДЖЕТА
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1.Инструкция об использовании специальных средств бюджетных организаций и учреждений, финансируемые за счет государственного бюджета (далее - Инструкция) определяет порядок учета доходов и расходов бюджетных организаций, за счет платных услуг, выполненных работ и других видов специальных средств.
2. Специальные средства бюджетных организаций образуются за счет собственных средств, суммы по поручениям и других видов финансирования (грантов, финансовые помощи).
3. Специальные средства расходуются на основании сметы доходов и расходов, которая составляется бюджетными организациями. Сметы организаций, финансируемые из республиканского бюджета, утверждаются главными распорядителями средств республиканского бюджета и согласовываются с Министерством финансов Республики Таджикистан. Сметы организаций, финансируемые из местного бюджета, утверждаются распорядителями средств местного бюджета и согласовываются с местными финансовыми органами.
4. Смета доходов и расходов специальных средств является документом, в котором указываются доходы и расходы специальных средств бюджетных организаций согласно бюджетной классификации и регистрируется в информационной системе управления государственными финансами (далее - информационная система) как бюджетная заявка.
5. Бюджетная заявка является отдельным кодом в информационной системе, которая используется для ведения отдельного учета операций о доходах и расходах специальных средств бюджетных организаций.
6. Специальные средства бюджетных организаций исходя из привязанности поступают на казначейские расчетные счета специальных средств республиканского бюджета и специальные расчетные счета местных казначейств (далее - специальные расчетные счета казначейства), их расход осуществляется с этих расчетных счетов.
7. Наличные средства, которые поступают в кассу бюджетных организаций за счет выполненных работ или оказанных услуг, обязательно зачисляются на специальные расчетные счета казначейства. Все виды денежных операций, проводимые бюджетной организацией наличными средствами, банковскими картами и другими формами электронных платежей, в соответствии с действующими положениями осуществляются с использованием контрольно-кассовых аппаратов.
8. Установление новых источников поступления специальных средств республиканских и местных бюджетных организаций, а также направления их расходования исходя из привязанности к уровню бюджета осуществляется по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и местным финансовым органом.
2. СОБСТВЕННЫЕ СРЕДСТВА, СРЕДСТВА ПО ПОРУЧЕНИЯМ И ДРУГИЕ ВИДЫ СПЕЦИАЛЬНЫХ СРЕДСТВ
9. Собственные средства являются средствами, которые бюджетные организации получают за счет платных услуг (продажа продукций, выполнение работ, услуг) и другой деятельности, осуществляемая в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
10. Средствами по поручениям являются средства, получаемые бюджетными организациями от других организаций, учреждений и предприятий за счет выполнения определенных поручений.
11. Бюджетные организации, получившие средства по поручениям от других бюджетных организаций и не использовавшие их по назначению в финансовом году, обязаны не позднее 31 декабря бюджетного года возвратить эти средства учреждению оплатившей данную сумму, если в договоре не определено другое утверждение.
12. Другие виды специальных средств бюджетных организаций состоят из грантов международных организаций, финансовой помощи, спонсорских средств и других средств, поступающие для проведения представительских и других мероприятий, а также поступлений, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан. Данные средства используются по назначению, согласно с заключенными договорами и соглашениями с бюджетными организациями.
3. ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ И ИСПОЛЬЗОВАНИЯ СПЕЦИАЛЬНЫХ СРЕДСТВ
13. Для формирования специальных средств на основании данной Инструкции со стороны министерств и ведомств, и бюджетных организаций разрабатывается инструкция, в которой указывается источник поступления специальных средств и направления их расходования, согласно экономической классификации бюджета.
14. Инструкция бюджетных организаций, финансируемых из республиканского бюджета, согласовывается с Министерством финансов Республики Таджикистан, а организации, финансируемые из местного бюджета, с соответствующими местными финансовыми органами.
15. Бюджетные организации могут открыть отдельную бюджетную заявку в казначействе для каждого вида специальных средств и вести отдельный учет этих средств в соответствии с классификацией доходов и расходов государственного бюджета Республики Таджикистан.
16. Бюджетные организации, имеющие специальные средства, ежегодно составляют смету доходов и расходов, согласно порядка и форме, установленной Министерством финансов. В смете доходов и расходов, прежде всего, указываются приоритетные статьи расходов, предусмотренные отраслевыми программами, возможность финансирования которых за счет бюджета ограничены.
17. Отчисления в бюджет и специальный расчетный счет дополнительных финансовых резервов для строительства важных государственных объектов за счет специальных средств бюджетных организаций на каждый финансовый год устанавливается в рамках бюджетного законодательства Республики Таджикистан. Из специальных средств главных распорядителей бюджетных средств и распорядителей бюджетных средств, которые формируются за счет отчислений их подведомственных организаций не начисляются платежи в бюджет и специальный расчетный счет дополнительных финансовых резервов для строительства важных государственных объектов.
18. Оплата отчислений за счет специальных средств бюджетных организаций перечисляется в республиканский и местные бюджеты ежеквартально не позднее 25 числа после отчетного периода. Бюджетные организации исходя из уровня бюджетного финансирования обязаны перечислять отчисления в соответствующий бюджет (областной, городской, районной и республиканский бюджет) в установленный срок.
19. Бюджетные организации обязаны расходовать специальные средства в рамках утверждённой сметы и фактически поступивших доходов. Смета действует с 1 января по 31 декабря финансового года.
20. Остаток специальных средств, образующийся на конец финансового года, на последующий финансовый год используются бюджетными организациями на основании отдельной утвержденной сметы, а также если эти организации согласно годовому отчёту не имеют задолженностей. В случае, наличия задолженности у бюджетной организации перед бюджетом и специальным расчетным счетом дополнительных финансовых резервов для строительства важных государственных объектов, данная задолженность предусматривается в смете образующихся остатков на конец года и выплачивается.
21. Бюджетные организации, в случае возникновения дефицита государственного бюджета, исходя из привязанности к уровню бюджета по согласованию с Министерством финансов и его местными структурными подразделениями могут финансировать расходы в рамках утверждённой бюджетной сметы за счёт своих специальных средств.
22. Расходование сметы специальных средств осуществляется для целей утвержденной бюджетными организациями, согласно инструкции, об использовании специальных средств, в соответствии с экономической бюджетной классификацией.
23. Доходы, поступившие сверх утвержденной сметы специальных средств в течение года утверждаются и расходуются только на основании дополнительной сметы.
24. Внесение изменений в расходные статьи сметы специальных средств бюджетных организаций, финансируемых из республиканского бюджета, проводятся распоряжением министра финансов Республики Таджикистан, а организации, финансируемые из местного бюджета, распоряжением руководителя соответствующего местного финансового органа.
4. ПОРЯДОК ОТКРЫТИЯ БЮДЖЕТНЫХ ЗАЯВОК ДЛЯ СПЕЦИАЛЬНЫХСРЕДСТВ БЮДЖЕНТЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ
25. Бюджетные заявки для специальных средств открываются исходя из регионов расположения бюджетных организаций и их привязанности к уровню бюджета со стороны соответствующих структурных единиц центрального аппарата Министерства финансов и финансовых органов Горно - Бадахшанской автономной области, районов, города Душанбе, городов и районов.
26. Операции, указанные в бюджетных заявках по специальным средствам, являются основанием для бухгалтерского учета исполнения сметы доходов и расходов специальных средств бюджетных организаций.
5. ВЕДЕНИЕ УЧЕТА ПОСТУПЛЕНИЯ СПЕЦИАЛЬНЫХ СРЕДСТВ
27. Средства, поступившие на основании платежных документов на специальные счета казначейства, согласно выписки банка учитываются в смете доходов и расходов соответствующих бюджетных организаций.
28. В случае ошибочного поступления средств в бюджетную заявку, бюджетная организация обязана, в срок не позднее десяти рабочих дней возвратить его.
29. В случае поступления денежных средств, получатель которых неизвестен, эти средства со стороны казначейского органа переводятся на отдельный счет «невыясненные суммы» и хранятся до выяснения их получателя. В случае не определения получателя в течении трех лет, эти средства переводятся на соответствующий бюджет.
6. ВЕДЕНИЕ УЧЕТА РАСХОДОВ СПЕЦИАЛЬНЫХ СРЕДСТВ
30. Утвержденная смета доходов и расходов специальных средств, считается основным документом для осуществления расходных операций этих организаций.
31. Исполнение сметы осуществляется через информационную систему.
32. Для осуществления расходов платежные документы бюджетных организаций со стороны ответственного работника казначейского органа принимаются и исполняются посредством информационной системы в рамках специальных средств организации.
33. Финансирование наличных средств осуществляется согласно установленному порядку.
34. Возвращенные средства дебиторской задолженности, образовавшиеся в бюджетных организациях в ходе исполнения сметы, а также средства, возвращенные бюджетным организациям, восстанавливаются в соответствующей статье расходов.
35. Операции, связанные с расходами специальных средств бюджетных организаций, осуществляемые посредством специальных счетов казначейства учитываются в информационной системе.
36. Казначейский орган в нижеприведенных случаях не принимает платежные поручении специальных средств:
- нехватка специальных средств бюджетных организаций в бюджетной заявке;
- несоответствие подписей и печатей платежных документов с представленными образцами подписей и печатей;
- не предоставление сметы доходов и расходов специальных средств;
- не предоставление обосновывающих документов финансирования;
- несоответствие расходов указанные в документах, представленные бюджетными организациями со статьями расходов бюджетной классификации;
- неправильно указанные банковские реквизиты в платежных поручениях;
- при не соблюдения пункта 18 настоящей Инструкции.
37. В бюджетной заявке бюджетных организаций отражаются следующие операции по доходам и расходам:
- поступление доходов;
- осуществление расходов;
- возврат средств (восстановление кассовых расходов);
- оборот средств внутри расчетного счета (внутренняя проводка).
38. Главные распорядители бюджетных средств и бюджетные организации могут постоянно и без ограничений получать свои оборотные сальдовые ведомости по специальным средствам из информационной системы.
7. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
39. Бюджетные организации в порядке, установленным Министерством финансов Республики Таджикистан, ежеквартально (квартальный, полугодовой, девятимесячный и годовой) предоставляют главному распорядителю бюджетных средств отчёт об исполнении сметы специальных средств.
40. Главные распорядители бюджетных средств ежеквартально (квартальный, полугодовой, девятимесячный и годовой) предоставляют сводный отчет об исполнении специальных средств Министерству финансов Республики Таджикистан.
41. Ответственные лица несут ответственность за несоблюдение требований настоящей Инструкции в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.