Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
12 августи соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1184
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Оид ба Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд
070.040.030
Мутобиқи моддаи 6318 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва бандҳои 6 ва 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
- Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
- Сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти молия дар маҳал ва ташкилотҳои буҷетӣ фаъолияти худро оид ба истифодабарии маблағҳои махсус тибқи талаботи Дастурамали мазкур амалӣ намоянд.
- Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2010, № 16 “Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал “Оиди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ”, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2010, №563 ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
- Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони вазир вогузор карда шавад.
Вазир Қаҳҳорзода Файзиддин
ш. Душанбе, 26 майи соли 2022 №85
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 12 августа 2022 года,
регистрационный номер 1184.
РАСПОРЯЖЕНИЕ
МИНИСТЕРСТВО ФИНАНСОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Об Инструкции об использовании специальных средств бюджетных организаций и учреждений, финансируемых за счет государственного бюджета
070.040.030
В соответствии со статьей 63(18) Закона Республики Таджикистан «Об иных обязательных платежах в бюджет», статьи 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» и пунктами 6 и 12 Положения о Министерстве финансов Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2015 года, №187,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Инструкцию об использовании специальных средств бюджетных организаций и учреждений, финансируемых за счет государственного бюджета (прилагается).
2. Настоящее распоряжение предоставить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести его в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Соответствующим структурам центрального аппарата Министерства финансов Республики Таджикистан, финансовым органам на местах и бюджетным организациям осуществлять свою деятельность по использованию специальных средств в соответствии с требованиями настоящей Инструкции.
4. Признать утратившим силу распоряжение министра финансов Республики Таджикистан от 3 февраля 2010 года, №16 «Об утверждении Инструкции «По учету и отчетности специальных средств государственными бюджетными учреждениями и организациями», зарегистрированный в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 9 февраля 2010 года, №563.
5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возлагается на первого заместителя и заместителей министра.
Министр Каххорзода Файзиддин
г.Душанбе 26 мая 2022 года № 85