ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025
№ 647)
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи дархости пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи заруриро барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ намояд.
3. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин музди меҳнати нозирон-коргузорон ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 6 дарсади ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад (№ 647).
4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва мусоидат ба шуғли аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоат чораҳои зарурӣ андешад.
5. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Тартиби мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Тартиби мазкур ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, № 271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 августи соли 2024, № 488
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи дархости пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи заруриро барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ намояд.
3. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин музди меҳнати нозирон-коргузорон ва кормандони иҷтимоии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 3 дарсади ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад.