ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, № 488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) аз банди 3 калимаҳои «ва кормандони иҷтимоии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» хориҷ гардида, рақами «3» ба рақами «6» иваз карда шавад;
2) ба замима банди 211 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«211. Дар сурати муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба Агентӣ ё ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба онҳо маълумотнома оид ба камбизоатӣ дар шакли хаттӣ ё электронӣ дода мешавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, №647
...