Замима
Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои
иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ
аз 13 октябри соли 2023
НИЗОМНОМА дар бораи Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ
I. Муқаррароти умумӣ
1. Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - ИДМ) буда, дар доираи ваколати худ барои таъмини ташкил ва ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ ва ҳамкории созанда бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои онҳо пешбинӣ шудааст.
2. Шуро фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созишномаҳо ва қарорҳои байналмилалӣ, ки дар доираи ИДМ қабул шудаанд, инчунин Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
3.Шуро фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, дигар мақомоти ИДМ, мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои иштирокдори Созишнома дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ (минбаъд Созишнома) ва дар ҳолати зарурӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои онҳо амалӣ менамояд.
4. Шуро дар фаъолияти худ ба Шурои сарони давлатҳои ИДМ ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Шуро кори худро дар асоси нақшаҳои таҳияшуда ва тасдиқкардаи худ ташкил мекунад.
6. Шуро ҳар сол оид ба фаъолияти худ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ маълумот медиҳад.
II. Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Шуро
...