СОЗИШНОМА дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ аз 13 октябри соли 2023

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 4 июни соли 2024, № 835
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ

Давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти хусусияти байналмилалӣ ва миқёси муосири ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти Тарафҳо таҳдид мекунад ва фаъолияти экспертизаи судӣ ҳамчун унсури муҳими муқовимат ба ҷинояткорӣ,

бо дарки он, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ ба таҳкими амнияти Тарафҳо мусоидат мекунад,

бо додани аҳаммияти муҳим ба рушди ҳамкорӣ ва кўшиш барои ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ,

дар асоси хоҳиши таҳкими ҳамкории Тарафҳо дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судиро (минбаъд - Шуро) таъсис медиҳанд.

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур мақомоти экспертизаи судии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - мақомоти экспертизаи судӣ) мақомоти махсуси давлатие (муассисаҳо, ташкилотҳо) мебошанд, ки тибқи қонунгузории Тарафҳо таъсис дода шудаанд, фаъолияти экспертизаи судиро амалӣ менамоянд ва ба онҳо суд, мақомот (шахсе), ки ҳуқуқи таъин намудани экспертизаи судӣ дорад, метавонад бо тартиби мурофиавӣ дастури гузарондани онро диҳад.

Моддаи 2
...
Утвержден
Указом Президента
Республики Таджикистан
от 4 июня 2024 года №835 

СОГЛАШЕНИЕ об образовании Координационного совета государств - участников Содружества Независимых Государств в сфере судебно-экспертной деятельности

Государства - участники Содружества Независимых Государств, далее именуемые Сторонами,

учитывая международный характер и современные масштабы транснациональной организованной преступности, представляющей угрозу безопасности Сторон, и судебно-экспертную деятельность как важный элемент противодействия преступности,

осознавая, что сотрудничество в сфере судебно-экспертной деятельности будет способствовать укреплению безопасности Сторон,

придавая важное значение развитию сотрудничества и стремясь к координации взаимодействия в сфере судебно-экспертной деятельности,

исходя из желания укреплять взаимодействие Сторон в сфере судебно- экспертной деятельности,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны создают Координационный совет государств - участников Содружества Независимых Государств в сфере судебно-экспертной деятельности (далее - Совет).

Для целей настоящего Соглашения под органами судебных экспертиз государств - участников Содружества Независимых Государств (далее - органы судебных экспертиз) понимаются созданные в соответствии с законодательством Сторон специализированные государственные органы (учреждения, организации), осуществляющие судебно-экспертную деятельность, и которым судом, органом (лицом), имеющим право назначать судебную экспертизу, в процессуальном порядке может быть поручено ее проведение

Статья 2
...