ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Созишнома дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ, ки 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 июни соли 2024, № 835
...