Тартиби аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ аз 25 июни соли 2024, № 368

Санаи амалкуни: 25.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 июни соли 2024, № 368

Тартиби аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои аз ҳисоб баровардан ва решакан намудани боғҳои модарӣ ва маводди киштшавандаро муайян менамояд.

2. Боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар асоси меъёрҳои истифодабарии самараноки онҳо бо мақсади барқарор кардани ҳосилхезӣ ва хосиятҳои дигари фоиданоки онҳо аз ҳисоб бароварда ва решакан карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ТАЪСИРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ БАРОИ АЗ ҲИСОБ БАРОВАРДАН ВА РЕШАКАН КАРДАНИ БОҒҲОИ МОДАРӢ ВА МАВОДДИ КИШТШАВАНДА

3. Муҳлатҳои кутоҳтарини истифодабарии боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда (минбаъд - боғ ва ниҳол) вобаста ба намуд ва мутобиқати навъҳои пайвандшуда дар асоси нишондодҳои агротехникӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ муқаррар карда мешаванд.

4. Ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ, ки боиси таъсири нобудшавии боғ ва ниҳол мегарданд ва зарурати аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғ ва ниҳолро ба миён меоранд:

- сармо ва ё гармии шадид;

- касалиҳои эпидемӣ;

- зарари ҳашарот;

- омадани сел, жола, фаромадани тарма, ярч, кӯҳпора;

...
Приложение к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 25 июня 2024 года, №368

Порядок списания и выкорчевывания маточных и маточно-семенных садов в случаях влияния стихийных бедствий

ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок списания и выкорчевывания маточных и маточно-семенных садов в случаях влияния стихийных бедствий (далее - Порядок) определяет правила списания и выкорчевывания маточных и маточно-семенных садов.

2. Списания и выкорчевывания маточных и семенных садов осуществляться на основе норм их эффективного использования с целью восстановления их продуктивности и других полезных свойств.

2. ПОРЯДОК ОПРЕДЕЛЕНИЯ СЛУЧАЕВ ВОЗДЕЙСТВИЯ СТИХИЙНЫХ БЕДСТВИЯ ДЛЯ СПИСАНИЯ И ВЫКОРЧЕВЫВАНИЯ МАТОЧНЫХ И МАТОЧНО-СЕМЕННЫХ САДОВ

3. Минимальные сроки использования маточных и маточно-семенных садов (далее - сады и саженцы) устанавливаются в зависимости от вида и соответствия привитых сортов на основании агротехнических показателей и нормативных технических актов.

4. Случаи стихийных бедствий, вызывающих эффект уничтожения садов и саженцев и необходимость списания и выкорчевывания садов и саженцев:

- сильный холод или жара;

- эпидемические заболевания;

- повреждение насекомыми;

- наводнение, град, лавина, оползень, обвал;

...