ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводди киштшаванда дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 368
...