Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 июни соли 2024, № 367 Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 665, аз 31.10.2025 № 565)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзим дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) муқарраротро оид ба шартҳои асосии пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ ба субъектони фаъолияти инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектоне, ки аз реҷаи махсуси танзимӣ истифода менамоянд ва дигар масъалаҳоро мавриди танзим қарор медиҳад.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- реҷаи махсуси танзимӣ, шароити махсуси ташкиливу ҳуқуқӣ (минбаъд – реҷаи махсус) барои шахсони ҳуқуқии ҷорикунандаи технологияҳо дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ, пешниҳоди имтиёзҳо дар муносибатҳое, ки дар ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои озмоишӣ ба миён меоянд, фаҳмида мешаванд;
- лоиҳаи озмоишӣ – ҷорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои ба истифода намудани технологияҳо дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ нигаронидашуда;
- дороиҳои рақамӣ – ифодаи рақамии молумулке, ки муомилоти онҳо дар технологияи низоми иттилоотии муайянгаштаи ғайримарказии тақсимшуда ва ё дар технологияҳои ҳаммонанд тибқи қоидаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ карда мешаванд;
- низоми иттилоотӣ – низоми мушаххас ва ё барномаи заминавии мушаххас бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба роҳ мондани муомилоти дороиҳои рақамӣ ба воситаи таъмини имконияти бастани аҳдҳои гуногун бо дороиҳои рақамӣ аз ҷониби субъектони реҷаи махсус;
- мақоми ваколатдори давлатӣ – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...