Қарори Ҳукумати ҶТ Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли 2010, №226 № 474 аз 31/08/2012

Санаи амалкуни: 31.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (карор аз 29.05.2010 № 301).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 34 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (карор аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474).

4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (карор аз 29.05.2010 № 301).

5) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (карор аз 29.05.2010 № 301).

6) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (карор аз 29.05.2010 № 301).

7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шӯъба оид ба корҳои дин", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахш оид ба корҳои дин" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд (карор аз 29.05.2010 № 301).

8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан

 (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 31.08.2012г.№474)

 (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 31.08.2012г.№474)

Согласно статьи 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 9 марта 2010 года № 832 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Образовать Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.

2) Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата и Схему управления и перечень подведомственных организаций Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3 и 4)( (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

3) Установить окончательную численность работников Центрального аппарата Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 34 единиц (без обслуживающего персонала) (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301 ,от 31.08.2012г.№474).

4) Двадцать четыре штатных единиц Министерства культуры Республики Таджикистан передать Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.Окончательную численность работников Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан увеличить за счёт сокращения штатных единиц Управления по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в количестве 10 штатных единиц и выделить пять рабочих единиц за счет республиканского бюджета.  (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301)

5) Разрешить Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан иметь двух заместителей Председателя, в том числе первого заместителя и Коллегию в составе 7 членов (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

6) Установить лимит служебных легковых автомобилей для Комитета но делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 4 единиц(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

7) Образовать при исполнительном органе государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе "Отдел по делам религии", в городах и районах "Сектор по делам религии" на основе штатного расписания упорядочения традиций, торжеств и обрядов и по делам религий структуры местных органов исполнительной власти. (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

8) Финансирование расходов на содержание Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять за счёт средств республиканского бюджета и других средств, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

9) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в месячный срок решить вопрос размещения Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.

...