ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 827, аз 01.08.2012 № 899)
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 827, аз 01.08.2012 № 899)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- шаҳрак ва деҳот - воҳиди марзию маъмурӣ мебошад, ки дар ҳудуди он худидоракунӣ бевосита ва ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мешавад;
- худидоракунии шаҳрак ва деҳот - фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта, бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ, амалӣ мегардад;
- мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот - Ҷамоат (Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот) мебошад, ки аз ҷониби интихобкунандагони шаҳрак ва деҳот интихоб шуда, масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи ваколатҳои худ ҳал мекунад ;
- маҷлиси Ҷамоат - шакли асосии фаъолияти Ҷамоат буда, дар он масъалаҳои салоҳияти Ҷамоат баррасӣ мешаванд;
- Шӯрои Ҷамоат - мақомоти коллегиалии Ҷамоат буда, ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамояд;
- раиси Ҷамоат - роҳбари мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот буда, аз тарафи вакилони Ҷамоат интихоб мешавад;
- вакили Ҷамоат - шаҳрванде, ки бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба Ҷамоат интихоб шудааст;
...