ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод.505; с. 2003, №12, мод.683; с. 2004, №7, мод.455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод.190; №12, қ. 1, мод.987; с. 2010, №7, мод. 552) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "пешниҳоднома", "амволӣ", "амвол", "амволи", "амволе", "амволашон", "амволро", "амволию", "бо санксияи (иҷозати) прокурор", "комиссия оид ба корҳои ноболиғон" ва "чизу чора" мутаносибан ба калимаҳои "пешниҳод", "молу мулкӣ", "молу мулк", "молу мулки", "молу мулке", "молу мулкашон", "молу мулкро", "молумулкию", "бо розигии прокурор ва иҷозати суд", "комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак" ва "ашё" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 23:
- дар қисми 5 пас аз калимаҳои "маҳрум сохтан аз озодӣ" калимаҳои ", якумра аз озодӣ маҳрум сохтан" илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи аввали қисми 7 пас аз калимаи "ҷазо" калимаҳои "ва онҳое, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 25:
- дар қисми 1 пас аз калимаҳои "маҳрум сохтан аз озодӣ" калимаҳои ", якумра аз озодӣ маҳрум сохтани" илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "то сесола" ба калимаҳои "то синни ҳаштсола" иваз карда шаванд.
4. Дар зербанди "а)" қисми 1 моддаи 29 калимаҳои "ва судяҳо" ба калимаҳои ", Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо" иваз карда шаванд.
5. Қисми 3 моддаи 29(2) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ҳангоми маъюби гурӯҳи якум ё дуюм эътироф гардидан, расидан ба синни нафақа, бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ будан ва ё ҳомиладор гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад.".
6. Қисми 5 моддаи 43 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5. Ҳангоми дар давоми адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳомила гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдаки то синни ҳаштсола оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад.".
...