ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 814, аз 20.06.2024 № 2068)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи стандартонӣ, принсипҳои асосии стандартонӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни корҳо оид ба стандартониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини сиёсати ягона дар ин соҳа равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- стандартонӣ - фаъолият доир ба қабули стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ, инчунин муқаррар намудани талаботи техникӣ (меъёр, қоида, тавсифҳо ва талаботи дигар нисбат ба объектҳои стандартонӣ) бо мақсади татбиқи умумӣ ва бисёркаратаи онҳо нисбат ба масъалаҳои доимо такроршаванда, ки барои ба даст овардани дараҷаи муносибтарини тартиб дар соҳаи коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мебошад;
- стандарт - ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ бо мақсади татбиқи умумӣ ва истифодаи бисёркарата тасдиқ гардида, қоидаҳо, дастурҳо ва ё тавсифҳои ба маҳсулот дахлдошта, аз ҷумла ҷараёну усулҳои истеҳсолотро дар бар мегирад, ки интихоби онҳо бо мақсади истифода ихтиёрӣ мебошад. Инчунин он метавонад танҳо талабот ба истилоҳот, ишора, борҷома, тамғагузорӣ ва бастабандиро дар дараҷае, ки онҳо ба маҳсулот, ҷараён ва ё усулҳои истеҳсолот истифода мешаванд, дар бар гирад;
- объектҳои стандартонӣ - маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - стандарти давлатӣ) - стандарте, ки мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартонӣ тасдиқ (қабул) намудааст;
- стандарти миллии дигар мамлакат - стандарти давлатие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонии дигар давлати мушаххас тасдиқ (қабул) кардааст;
- стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) - стандарте, ки ташкилоти минтақавии (байнидавлатии) стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;
- стандарти байналмилалӣ - стандарте, ки ташкилоти байналмилалии стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;
...