ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи стандартонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 827) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати шашуми моддаи 4 калимаҳои "фонди стандартҳои давлатиро" ба калимаҳои "фонди давлатии стандартҳоро" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 10:
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Огоҳинома дар бораи тасдиқ ё бекор намудани стандартҳои давлатӣ бояд дар нашрияи расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ интишор гардад.";
- қисми 5 хориҷ карда шавад.
3. Ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 13 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 апрели соли 2012 № 814
ш.Душанбе
...