Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 аз 2 октябри соли 2010 № 475

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010,

№ 475 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010,

№ 475 тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

1) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 (минбаъд - Барнома) вобаста ба гузариш ба низоми нави тахсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тах,силоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҳия гардида, барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон мусоидат менамояд.

2) Барнома дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010 таҳия шудааст.

3) Яке аз тадбирҳои асосӣ - таъмини Муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон тадриҷан ҳалли воқеии худро ёфта, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон аз 49-55 фоиз соли 2004 дар соли 2009 ба зиёда аз 92 фоиз расид. Маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна дар соли 2005 барои як ставка 28,8 сомониро ташкил медод, ки дар соли 2009 ба зиёда аз 173 сомонӣ расид. Дар ин давра 624 муассисаи таҳсилоти умумӣ иборат аз 5416 синфхона барои 129862 хонанда сохта шуд.

4) Компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ идома дода шуда, шумораи компютерҳо аз 9510 адади соли 2005 дар соли 2010 ба 28202 адад расонида шуд.

5) Дар доираи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №291 тасдиқ шудааст, нақша ва мазмуни барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуда, дар муассисаҳои тақсилоти олии омӯзгории кишвар ва хориҷа тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои психология, логопедия, сурдопедагогика ба роҳ монда шуданд.

6) Дар баробари ин гузариш ба низоми нави таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумйӣ ҳалли як қатор масъалаҳоеро талаб мекунад, ки амалӣ гардидани онҳо дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ марҳилаи навро оғоз намуда, барои ҳарҷӣ зудтар ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот заминаи устуворро муҳайё месозад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 октября 2010 года. № 475

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 октября 2010 года. № 475

Государственная программа подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Предисловие

1) Государственная программа подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы (далее - Программа) разработана с учетом перехода на новую систему обучения в учреждениях общего образования с целью обеспечения образовательных учреждений высококвалифицированными педагогическими кадрами, укрепления материально - технической базы учреждений общего образования, учреждений начального, среднего и высшего профессионального образования и содействует материально-моральному стимулированию преподавателей.

2) Программа разработана в рамках требований Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об образовании", Национальной концепции образования Республики Таджикистан, Концепции перехода на новую систему обучения в общеобразовательных школах Республики Таджикистан, Государственной программы развития образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы и Послания Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 апреля 2010 года.

3) Одно из основных мер - обеспечение образовательных учреждений педагогическими кадрами нашло свое коренное решение, явка молодых специалистов с 49-55 процент в 2004 году в 2009 году превысило 92 процент. Зарплата учителей в среднем в 2005 году на одну ставку составляла 28,8 сомони, в 2009 году превысило 173 сомони. За это время было построено 624 учреждения общего образования, состоящих из 2416 класса для 129862 учащихся.

4) Была продолжена компьютеризация учреждений общего образования, число компьютеров от 9510 в 2005: году в 2010 году достигло 28202 компьютеров.

5) В рамках Плана реализации реформы системы образования на 2004-2009 годы, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2004 года, № 291, планы и содержание учебных программ были приведены в соответствии современным требованиям и в педагогических учебных заведениях высшего профессионального образования страны и зарубежья осуществилась подготовка специалистов по специальностей психология, логопеда и сурдопедагога.

6) Вместе с этим, переход на новую систему обучения в учреждениях общего образования требует решения некоторых проблем, реализация которых в учебно-воспитательном процессе учреждении общего образования, учреждения начального, среднего и высшего профессионального образования появляется новый этап, который даст возможность и создаст прочную основу для ускоренного вхождения в единое образовательное пространство.

...