ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1887)
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1887)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилиро дар бахши давлатӣ ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд (минбаъдташкилотҳои бахши давлатӣ), муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- идоракунии молиявӣ - маҷмӯи ӯҳдадориҳои идоракунӣ доир ба иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи тақсимкунандаи асосӣ, тақсимкунанда ва маблағгирандаи давлатие, ки бо мақсади таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи самараноку натиҷабахши маблағҳои мавҷуда вогузошта шудаанд;
- идоракунии устувори молиявӣ - маҷмӯи қарорҳо, тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки ба истифодаи маблағҳои мавҷуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври сарфакоронаю самаранок ва натиҷабахш идора намудани онҳо равона шудаанд;
- назорати дохилӣ - тамоми низоми назорати молиявӣ ва воситаҳои дигари назорат дар ташкилоти бахши давлатӣ бо назардошти сохтори ташкилӣ, усулҳо, тартиб ва аудити дохилӣ, ки аз тарафи роҳбарият бо мақсади мусоидат ба фаъолияти қонунию самаранок ва натиҷабахш, инчунин барои ноил гардидан ба мақсадҳои ташкилот, созмон дода шудаанд;
- низоми назорати дохилӣ - низоми чораҳо ва расмиёти иҷрои онҳо, ки аз тарафи роҳбарияти ташкилоти бахши давлатӣ барои ноил гардидан ба идоракунии натиҷабахш, сарфакорона ва самараноки маблағҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд, бо назардошти баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботи молиявӣ, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини нигоҳдории дороиҳо, пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ғайриқонунӣ, саҳеҳию дурустӣ ва мувофиқати ҳисоботи молиявию идоракунӣ, иттилоот, инчунин таҳия намудани онҳо;
- ҳисоботи солона оид ба назорати дохилӣ дар бахши давлатӣҳисоботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иттилоот дар бораи ҳолати идоракунии молиявӣ ва назорат дар ташкилотҳои бахши давлатиро дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
...