ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Моддаи 1. Ба банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 237; с. 1998, №10, мод. 125, фасли III, №23-24, мод. 338; с.1999, №5, мод.76, №12, мод. 308; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 191, 194, 197; с. 2003, №4, мод. 132, №8, мод. 449, №12, мод. 678; с. 2004, №5, мод. 350, №12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, №3, мод. 131, №12, мод. 658; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 9, №3, мод. 188, №12, қ. 1, мод. 988; с. 2009, №5, мод. 319, №7-8, мод. 493, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2009) сархати чилу чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон-24 ноябр;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
19 ноябри соли 2009 № 563
ш.Душанбе,
19 ноябри соли 2009 № 563
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи рӯзҳои ид" қабул карда шавад.
...