Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 маъқул дониста шавад.
2. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Россия сана ва маҳалли ба имзо расонидани Протоколи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 декабри соли 2023, № 554
ПРОТОКОЛ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсняи Россия аз 17 апрели соли 2019
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
моддаи 14 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 (минбаъд - Созишнома)-ро ба роҳбарӣ гирифта,
бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи Созишнома, инчунин ҳавасмандӣ ба истифодаи муҳоҷирати муташаккилонаи меҳнатӣ,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Ба Созишнома тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар дебоча пас аз сархати 6 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"бо нияти фароҳам овардани ҳавасмандгардонии самарабахши рушди шаклҳои муташаккили муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати шоиста, қонунӣ ва бехатар, инчунин барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия ба қувваи кории баландихтисос,";
2) дар моддаи 2 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"муассисаи ваколатдори Федератсияи Россия" - муассисаи тобеи яке аз мақомоти салоҳиятдори муқаррарнамудаи Ҳукумати Федератсияи Россия, дар ташкили чорабиниҳо оид ба хизматрасониҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;";
3) дар моддаи 2:
сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"системаи иттилоотию таҳлилӣ" - Платформаи ягонаи рақамӣ дар соҳаи шуғл ва муносибатҳои меҳнатии "Кор дар Россия", ки дорои маълумот дар бораи корфармоёни Россия, ки ба кормандон ниёз доранд, мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои холӣ, хусусиятҳои кор, музди меҳнат, реҷаи корӣ, талаботи тахассусӣ, талаботи таҳсилот, донишҳои касбӣ, малака, таҷрибаи корӣ, додани кафолатҳои иловагии иҷтимоӣ аз ҷониби корфармо ба коргари хориҷӣ мебошад;";
дар сархати 13 пас аз калимаҳои "оид ба имконияти бокортаъминшавӣ дар Федератсияи Россия," калимаҳои "омода намудани кадрҳои баландихтисос," илова карда шаванд,";
4) дар моддаи 3 пас аз сархати ҳафтум сархати нав бо ифодаи зерин илова карда шавад:
"Вазорати маорифи Федератсияи Россия;";
5) дар моддаи 4:
пас аз сархати шашум сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Вазорати маорифи Федератсияи Россия барои тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Россия ва барномаҳои таълимии асосии таҳсилоти касбӣ дар Федератсияи Россия ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;";
пас аз сархати нави нуҳум сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"гирифтани маълумоти дактилоскопӣ ва аксбардории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Федератсияи Россия дар заминаи муассисаи ваколатдори Федератсияи Россия бо дарназардошти талабот оид ба ҳифз ва интиқоли фаромарзии маълумоти шахсии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз рӯйи имкониятҳои техникӣ тавассути қувваҳои ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва корхонаи воҳиди давлатии федералии тобеи он таъмин менамояд";
сархатҳои нави бистум ва бисту якум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"ташкили омӯзиши номзадҳо барои бокортаъминшавӣ, аз ҷумла забони русӣ мутобиқи маводи таълимию методӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ваколатдори Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия барои гузаронидани имтиҳони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пешниҳод карда мешаванд;
мусоидат намудан ба номзадҳо барои бокортаъминшавӣ ҷиҳати баргузории имтиҳони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия;";
сархати нави бисту панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"мутобиқи моддаи 5 Созишномаи мазкур ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати нагузаштан аз муоинаи тиббӣ барои мавҷудияти маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ ва ё моддаҳои нави эҳтимолан хавфноки психоактивӣ ва метаболитҳои онҳо дар бадани номзадҳо барои бокортаъминшавӣ, мавҷуд будан ё набудани бемориҳои сироятии барои атрофиён хатарнок ва бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд;";
сархати нави бисту ҳафтум ба сархатҳои бисту ҳафтум - бисту нуҳум иваз карда шуда, онҳо дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
назоратро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи саломатии номзадҳо барои бокортаъминшавӣ бо мақсади истисно намудани ҳолатҳои бемориҳое, ки барои гирифтани иҷозат монеъ мешаванд, амалӣ менамояд;
барои гузаронидани муоинаи тиббӣ аз рӯйи меъёрҳои Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;";
сархатҳои нави сиюм - сию дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ ё байнидавлатӣ қарор доштани номзадҳо барои бокортаъминшавӣ, инчунин сабабҳои дигаре, ки ба рафтани онҳо монеъ мешаванд, тафтиш менамояд;
тафтишро оид ба доштани ё тозанашудаи доғи судии номзадҳо барои бокортаъминшавиро барои содир кардани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия эътироф шудааст, тафтиш менамояд;",
6) моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 5
Муоинаи тиббии номзадҳо барои бокортаъминшавӣ дар муассисаҳои тиббӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишномаи алоҳидаи байни Тарафҳо амалӣ карда мешавад";
7) Дар сархати дуюми моддаи 12 пас аз калимаҳои "риоя нагардидани қонунгузории меҳнат" калимаҳои "ва муҳоҷирати" илова карда шавад, инчунин баъд аз калимаҳои "дар Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғл," калимаҳои "ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия" илова карда шавад.
Моддаи 2
Протоколи мазкур аз санаи тавассути роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи охирин дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
Дар ш._____________" "______________соли 20 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳарду матн эътибори якхела дорад.
|
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
__________________ |
Аз ҷониби Ҳукумати
Федератсияи Россия
___________________ |
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Протокола о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации от 17 апреля 2019 года
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить проект Протокола о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации от 17 апреля 2019 года.
2. Министру труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан подписать настоящий Протокол от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с российской стороной дату и место подписания настоящего Протокола.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 13 декабря 2023 года, № 554
ПРОТОКОЛ о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации от 17 апреля 2019 года
Правительство Республики Таджикистан и Правительство Российской Федерации, в дальнейшем именуемые Сторонами,
руководствуясь статьей 14 Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации от 17 апреля 2019 года (далее - Соглашение),
в целях повышения эффективности реализации Соглашения, а также заинтересованности в использовании механизмов организованной трудовой миграции,
согласились о нижеследующем:
Статья 1
Внести в Соглашение следующие изменения и дополнения:
1) преамбулу после шестого абзаца дополнить абзацем следующего содержания:
"имея намерение создать действенные стимулы развития организованных форм трудовой миграции для обеспечения трудящимсямигрантам - гражданам Республики Таджикистан достойного, легального и безопасного труда, а также для удовлетворения спроса рынка труда Российской Федерации на квалифицированную рабочую силу,";
2) статью 2 дополнить абзацем следующего содержания:
"уполномоченное учреждение Российской Федерации" подведомственное одному из компетентных органов, определенному Правительством Российской Федерации, учреждение, оказывающее содействие в организации на территории Республики Таджикистан мероприятий по предоставлению услуг, необходимых для получения разрешений;";
3) в статье 2:
абзац шестой изложить в следующей редакции:
"информационно-аналитическая система" - Единая цифровая платформа в сфере занятости и трудовых отношений "Работа в России", содержащая информацию о российских работодателях, испытывающих потребность в работниках, наличии свободных рабочих мест и вакантных должностей, характере работы, заработной плате, режиме работы, квалификационных требованиях, требованиях к образованию, профессиональным знаниям, навыкам, опыту работы, предоставлении работодателем дополнительных социальных гарантий иностранному работнику;";
абзац тринадцатый после слов "о возможности трудоустройства в Российской Федерации," дополнить словами "подготовку квалифицированных кадров,";
4) статью 3 после абзаца седьмого дополнить новым абзацем, следующего содержания:
"Министерство просвещения Российской Федерации;";
5) в статье 4:
после шестого абзаца дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Министерство просвещения Российской Федерации оказывает содействие по подготовке трудящихся-мигрантов по российским образовательным программам среднего профессионального образования и основным образовательным программам профессионального обучения в Российской Федерации и в Республике Таджикистан;";
после нового девятого абзаца дополнить новым абзацем следующего содержания:
"обеспечивает силами уполномоченного Министерством внутренних дел Российской Федерации и находящегося в его ведении федерального государственного унитарного предприятия при наличии технической возможности получение дактилоскопической информации и проведение фотографирования граждан Республики Таджикистан на территории Республики Таджикистан в соответствии с законодательством Российской Федерации на базе уполномоченного учреждения Российской Федерации с учетом требований к защите и трансграничной передаче персональных данных, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан";
новые абзацы двадцатый и двадцать первый изложить в следующей редакции:
"организацию обучения кандидатов на трудоустройство, в том числе русскому языку, в соответствии с учебно-методическими материалами, предоставленными организациями, уполномоченными Министерством науки и высшего образования Российской Федерации на проведение экзамена по русскому языку как иностранному, истории России и основам законодательства Российской Федерации;
содействие проведению для кандидатов на трудоустройство экзамена по русскому языку как иностранному, истории России и основам законодательства Российской Федерации;";
новый абзац двадцать пятый изложить в следующей редакции:
"возвращение на территорию Республики Таджикистан граждан Республики Таджикистан в случае не прохождения в соответствии со статьей 5 настоящего Соглашения медицинского освидетельствования на наличие в организме кандидатов на трудоустройство наркотических средств или психотропных веществ либо новых потенциально опасных психоактивных веществ и их метаболитов, на наличие или отсутствие у иностранного гражданина или лица без гражданства инфекционных заболеваний, представляющих опасность для окружающих, и заболевания, вызываемого вирусом иммунодефицита человека (ВИЧ - инфекции);";
новый абзац двадцать седьмой заменить абзацами двадцать седьмымдвадцать девятым, изложив их в следующей редакции:
"Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:
осуществляет контроль на территории Республики Таджикистан за состоянием здоровья кандидатов на трудоустройство в целях исключения случаев наличия у них заболеваний, препятствующих получению разрешения;
оказывает содействие в проведении медицинского освидетельствования по критериям Российской Федерации на территории Республики Таджикистан;";
новые абзацы тридцатый - тридцать второй изложить в следующей редакции:
"Министерство внутренних дел Республики Таджикистан:
осуществляет проверку кандидатов на трудоустройство на предмет их нахождения в международном или межгосударственном розыске, а также других причин, препятствующих выезду;
осуществляет проверку кандидатов на трудоустройство на предмет наличия непогашенной или неснятой судимости за совершение преступления на территории Республики Таджикистан, признаваемого таковым в соответствии с законодательством Российской Федерации;",
6) статью 5 изложить в следующей редакции:
"Статья 5
Медицинское освидетельствование кандидатов на трудоустройство осуществляется в медицинских организациях, расположенных на территории Российской Федерации и Республики Таджикистан в порядке, определяемом отдельным соглашением между Сторонами";
7) Второй абзац статьи 12 после слов "о несоблюдении работодателем трудового" дополнить словами "и миграционного", а также после слов "в Федеральную службу по труду и занятости," дополнить словами "и Министерство внутренних дел Российской Федерации".
Статья 2
Настоящий Протокол вступает в силу с даты получения по дипломатическим каналам последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу.
Совершено в г. ______________" "___________ 20 г. в двух экземплярах, каждый на таджикском и русском языках, причем оба текста имеют одинаковую силу
|
За Правительство
Республики Таджикистан
_________________ |
За Правительство
Российской Федерации
______________ |