ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тартиби ташаккули нархҳо дар соҳаи маҳсулоти ғалла ва ба шабакаи савдою хӯроки умумӣ додани тамоми навъҳои орд ва кашк
(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 07.08.1992 № 300)
Бо назардошти хусусиятҳои хоси системаи ҳисоби маҳсулоти ғалла, молиёти соҳа ва бо мақсади ба тартиб даровардани ташаккули нархҳои ягона барои тамоми корхонаҳои соҳа Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии "Нон", ки вориси ҳуқуқии Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳуқуқ дода шавад, ки бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи кӯтараи барои тамоми корхонаҳои соҳа ягонаи орд, ярма, нон, маҳсулоти нону булка, нархи ҳисоббаробаркунии фурӯши I тонна муомилоти комплексии боркашонӣ, фарқи фурӯш, хароҷоту фоидаи I тонна истеҳсоли хӯроки чорворо аз I марти соли ҷорӣ муқаррар ва тасдиқ намояд.
2. Ба Ширкати давлатии сахҳомию ҳолдингии "Нон" ҳуқуқ дода шавад, ки бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи орди навъи олӣ ва кашкро, бо назардошти талаботу пешниҳоди ҷойдошта, муқаррар ва танзим намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ғаллаи Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии "Нон" тамоми навъҳои орд, кашк, нон ва маҳсулоти нону бӯлкаро ба шабакаи савдои чакана ва корхонаҳои хӯроки умумӣ бо тарҳи тахфифҳои савдо аз рӯи нархҳои чакана мефурӯшанд.
4. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Ширкати давлатии сахҳомию холдингии "Нон", Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикматлубот андозаи тахфифҳои савдои орди навъи олӣ ва кашкро тасдиқ кунад.
5. Муқаррар карда шавад, ки то ҳалли масъалаи муқаррар намудани қурби табодули арз дар мавриди қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи ғалла ва қунҷораи сояи дар хориҷа харидашаванда аз рӯи нархномаи № 30-03 соли 1990 бо коэффициенти афзоянда ба анцозаи 2,5 нархи орду ярмаи дар хориҷа харидашуда бошад, аз рӯи нархҳои кӯтараи чунин маҳсулоти дар давраи қабули онҳо ҷойдошта таъин мешаванд ().
6. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз таъини нархи ғалла ва ашьёи хоми маҳсулоти озуқаи дигари воридотӣ бадастомада бо тарҳи арзиши хароҷоти нақлиёт ва хизматҳои ҶСУ "Экспортхлеб", инчунин маблағи ҷуброни фарқи байни нархҳои чаканаю кӯтараи маҳсулоти ғалла, ки бояд ба буҷет баргардонида шавад, ба ҳисобномаи сӯми фонди арзии ҷумҳурӣ гузаронида шаванд. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо сӯм таъмин намудани фонди арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобномаи махсус кушояд.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Эгамбердиев
ш. Душанбе,
аз 12 марти соли 1992, № 73