Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1992, № 291 "Дар бораи яклухт кардани нархҳои озоди /бозории/ чаканаи молҳои талаботи халқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор соқит дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи яклухт кардани нархҳои озоди /бозории/ чаканаи молҳои талаботи халқ

Бо мақсади бартараф намудани омилҳои манфӣ дар ҳисобу китоби байни савдою харидорон, ки бинобар камбуди пули майда ба миён омадааст, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои яклухткунонии нархҳои озоди /бозории/ чаканаи молҳои талаботи халқ мувофиқи замима тасдиқ карда шаванд.

2. Банди 4.5 Низомномаи муваққатии тартиби истифодаи нарху тарифҳои озод /бозорӣ/ нисбат ба маҳсулоти таъиноти халқ ва хизматрасонӣ, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.1992 № 3 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин оварда шавад:

Яклухткунонии нархҳои /тарифҳои/ озоди кӯтара ва нархҳои озоди фурӯши маҳсулот, хизматрасониҳо ва молҳо ҳатмӣ намебошад.

Нарҳҳои озоди /бозории/ чаканаи молҳои талаботи халқ мувофиқи тартиби муқаррагардида яклухт карда мешаванд."

3. Ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки бо мувофиқати Вазорати савдою захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва Правленияи "Тоҷикматлубот" ба Қоидаҳои яклухткунонии чархҳои озоди /бозории/ чаканаи молҳои талаботи халқ, вобаста ба вазъи бамиёномада дар бозори истеъмолӣ тағъироту иловаҳо дохил намояд.

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Р. Мирзоев

ш. Душанбе,

аз 3 августи соли 1992, № 291