ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, №124
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сатри 30 ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 124 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Вазири энергетика ва захираҳои об" ба калимаҳои "муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Туркманистонро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 2023, № 474
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №124
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В строке 30 состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами зарубежья по торговоэкономическому и научно-техническому сотрудничеству, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №124 "Об утверждении состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами зарубежья по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству", слова "Министр энергетики и водных ресурсов" заменить словами "заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан".
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить туркменскую сторону о настоящем постановлении.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 27 сентября 2023 года №474