×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 455 "Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"" "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

Мутобиқи моддаҳои 11, 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ", моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маъқул дониста шавад (замимаи 1).

2. Номгӯй ва миқдори молҳои аз ҷониби сармоягузор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" воридшаванда пас аз тасдиқ гардидани Созишномаи сармоягузорӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд (замимаи 2).

3. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" сана ва маҳалли ба имзорасонии Созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.

5. Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва сари вақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳо, воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоти воридшавандаро таъмин намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью "Нет Солюшенс" и Закрытого акционерного общества "Душанбе Сити Банк" о реализации проекта "Организация платных парковок, зарядных станций и автоматизированной системы регистрации нарушений правил дорожного движения в Республике Таджикистан"

В соответствии со статьями 11, 12 и 13 Закона Республики Таджикистан "Об инвестиционном соглашении", статьей 251 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 345 Таможенного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью "Нет Солюшенс" и Закрытого акционерного общества "Душанбе Сити Банк" о реализации проекта "Организация платных парковок, зарядных станций и автоматизированной системы регистрации нарушений правил дорожного движения в Республике Таджикистан" (приложение 1).

2. Перечень и количество товаров, ввозимых инвестором в Республику Таджикистан для реализации проекта "Организация платных парковок, зарядных станций и автоматизированной системы регистрации нарушений правил дорожного движения в Республике Таджикистан", освободить от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин после ратификации Инвестиционного соглашения (приложение 2).

3. Председателю Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан подписать настоящее Инвестиционное соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью "Нет Солюшенс" и Закрытого акционерного общества "Душанбе Сити Банк" дату и место подписания настоящего Инвестиционного соглашения.

5. Настоящее Инвестиционное соглашение после его подписания представить в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан для ратификации.

6. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить контроль и своевременное проведение таможенных процедур ввозимых товаров, транспортных средств, техники и оборудования.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 27 сентября 2023 года №455

г.Душанбе

...