Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 525 "Оид ба ворид намудани тағйирот бА Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688, 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод.341, №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с. 2009, №3, мод. 86) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 137:

- дар қисмҳои 3 ва 4 калимаи "секаратаи" ба калимаи "чоркаратаи" иваз карда шавад.

2. Қисми 1 моддаи 144 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Бо назардошти қисми 2 ва 3 ҳамин модда фоидаи корхона, ки тибқи муқаррароти моддаи 160 ҳамин Кодекс ба маблағи зарари ба давраи дигар гузаронидашуда кам карда шудааст, бояд аз рӯи меъёри 15 фоиз андозбандӣ гардад, ба истиснои корхонаҳои соҳаҳои нақлиёт ва алоқа, хизматрасонӣ ва бонкҳо, ки фоидаи онҳо аз рӯи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мегардад.".

3. Дар қисми 1 моддаи 224 дар ду ҳолат калимаҳои "20 фоизи" ба калимаҳои "18 фоизи" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати якуми моддаи 302 калимаи "3-каратаи" ба калимаи "чоркаратаи" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009, № 525

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 30 апрели соли 2009 № 1336

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 №645

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 1, ст.688, 689,2005 г., №12, ст.629; 2006 г., №7, ст.341, №12, ст. 543; 2007 г., №3, ст. 172; №7, ст. 668; 2008 г., №3, ст. 195; №6, ст. 455; 2009 г., №3, ст. 86) следующие изменения:

1. В статье 137:

- в частях 3 и 4 слова "трехкратный предел" заменить словами "четырехкратный предел".

2. Часть 1 статьи 144 изложить в следующей редакции:

"1. С учетом частей 2 и 3 настоящей статьи прибыль предприятий, уменьшенная на сумму перенесенных убытков с учетом положений статьи 160 настоящего Кодекса, подлежит обложению налогом по ставке 15 процентов, за исключением предприятий отраслей транспорта и связи, оказания услуг и банков, которые облагаются по ставке 25 процентов.".

3. В части 1 статьи 224 в двух случаях слова "20 процентов" заменить словами "18 процентов".

4. В абзаце первом статьи 302 слово "3-кратный" заменить словом "четырехкратный".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 19 мая 2009 года №525

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧЛИСИ ОЛИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Налоговый кодекс  Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе, 30 апреля 2009 года, №1336

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Налоговый кодекс  Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 18 мая 2009 года №645