Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 529 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1004 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 345; с. 2005, № 12, мод. 655; с. 2006, № 12, мод. 546; с. 2008, № 6, мод. 465, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 26 марти соли 2009, №488) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бевоситаи муаллим ба хонанда имконпазир мегардонад;";

- дар сархати нӯҳум калимаи "савод" ба калимаи "саводнокӣ" иваз кардашавад;

- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- аккредитатсияи давлатӣ - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълим;";

- дар сархати понздаҳум пеш аз калимаи "муқаррар" калимаи "тартиби" илова карда шавад;

- сархати шонздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ;".

2. Моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимӣ

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "06 образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 345; 2005 г., №12, ст. 655; 2006 г., №12, ст. 546; 2008 г., №6, ст. 465, Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании" от 26 марта 2009 г., №488) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзац седьмой изложить в следующей редакции:

"- дистанционное образование - способ реализации процесса обучения, основанный на использовании современных информационных и телекоммуникационных технологий, позволяющих осуществлять обучение на расстоянии без непосредственного личного контакта между преподавателем и учащимся;";

- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:

"- государственная аккредитация - процедура определения статуса образовательного учреждения для проведения образовательной деятельности, согласно государственным образовательным стандартам;";

- абзац пятнадцатый перед словом "установление" дополнить словом "порядок";

- абзац шестнадцатый изложить в следующей редакции: "

- экстернат - самостоятельное изучение дисциплин основной образовательной программы с последующей итоговой аттестацией в учебном заведении;".

2. Статью 13 изложить в следующей редакции:

"Статья 13. Порядок деятельности образовательных учреждений

Образовательным учреждениям, которым законодательством Республики Таджикистан предусмотрена выдача лицензии, уполномоченным органом выдается лицензия в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

Образовательное учреждение имеет право на осуществление образовательной деятельности и использование льгот, установленных законодательством Республики Таджикистан, только после получения разрешения на деятельность.

...